Қасди фирори ду зиндонӣ аз маҳбаси "1-ум Советский" (ВИДЕО)

Ду маҳбус, ки қасди фирор аз боздоштгоҳи шумораи 4 воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-и пойтахтро доштанд, боздошт шудаанд. Як манбаъ аз раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодисаи талоши фирори ин ду маҳбус аз боздоштгоҳ, шаби 7-ум ба 8-уми июл сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ин зиндониён ҳини бурдани партовҳои маҳбас тариқи мошин ба партовгоҳи ин муассисаи ислоҳӣ, ки дар як гӯшаи зиндон воқеъ аст, нопадид шуданд. Дар пай ин, дар маҳбас бонги изтироб зада шуд ва маъмурияти зиндон ба ҷустуҷӯи онҳо оғоз карданд.

Манбаъ афзуд, ки ин ду зиндонӣ аз қаламрави маҳбас берун нарафта ва дар гӯшае пинҳон шуданд, то бо пайдо кардани фурсати муносиб, фирор кунанд, аммо рӯзи гузашта ҳар ду боздошт шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Раёсати ислоҳии вазорати адлия, имкон дорад, ки онҳо барои ин амалашон дигарбора муҷозот шаванд. Ин ду маҳбус аз ин қабл бо моддаҳои 244 ва 248-и Кодекси ҷиноятӣ ("авбошӣ" ва "роҳзанӣ") муҷозот шуда буданд. Шахсияти ду маҳбус, ки қасди фирор доштаанд, эълон нашудааст.

Бархе аз манобеъ дар ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон ҳодисаи қасди фирори маҳбусон аз боздоштгоҳи шумораи 4 воқеъ дар маҳаллаи "1-ум Советский"-ро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи онҳо, дар пайи ин ҳодиса дар пойтахт ва минтақаҳои дигар, ҳолати омодабош эълон шуд. Аммо ин манобеъ боздошти ин маҳбусонро, ки қасди фирор доштанд, рад ва ё таъйид накарданд.

Рамзуллохон Дадохонов, яке аз фирориён аз боздоштгоҳи Хуҷанд.

Фирори зиндониён агарчӣ дар Тоҷикистон бисёр кори нодир аст, вале дар гузашта дида шудааст. Рӯзи 18-уми июни соли ҷорӣ 3 зиндонӣ аз муассисаи ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд фирор карданд. Ҳангоми фирор якеи аз онҳо -- Мирзозариф Қаюмов дар ҷои ҳодиса аз тарафи посбонони ин муассисаи ислоҳӣ, кушта шуд. Нафари дувум Ҳабибҷон Юсуфов ҳини фирор захмӣ шуд ва чанд рӯз баъд бар асари ҷароҳатҳо аз дунё даргузашт. Фирории савум Рамзуллохон Дадохонов баъди маҷрӯҳ шудан, аз ҷои ҳодиса ғайб зад ва як рӯз баъд дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар задухӯрд бо нерӯҳои интизомӣ кушта шуд.

Шаш сол пеш низ дар моҳи августи соли 2010-ум 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи муввақатии шаҳри Душанбе фирор карданд ва зимни фирор 5 посбонро ҳам куштанд.Ин ҳодиса маъмурони амниятии Тоҷикистонро шармсор кард ва баъди он чанд мақоми баландрутбаи амниятӣ, аз ҷумла вазири амният аз мақомаш барканор шуд. ​Вале ба мақомоти амниятӣ муяссар шуд, чанде аз ин зиндониёро маҳв кунанд ва баъзе дигарбора дастгир шуданд.