Печутобҳои роҳ то бозори танфурӯшии Дубай

Додситонии шаҳри Хуҷанд алайҳи ду сокини вилояти Суғд, ки ба фиристодани занон барои танфурӯшӣ ба Имороти Муттаҳидаи Араб машғул буданд, парванда боз кардааст.

Ду сокини шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Аштро кормандони бахши мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба думболи равон кардани 2 ҷавонзан ба Дубай барои танфурӯшӣ, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт кардаанд. Ба гуфтаи пулис, онҳо бо 700 доллари амрикоӣ, ки шарики онҳо аз Дубай фиристодааст, ба ин ҷавонзанон чипта хариданд ва мехостанд ӯро ба Иморати Муттаҳидаи Араб равон кунанд.

Бино ба хабари маркази матбуоти раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, “кормандони пулис тибқи маълумоти қаблӣ огоҳӣ ёфта, он ду ҷавонзанро дар фурудгоҳи Душанбе дошта ба Хуҷанд оварданд. Баъд аз рӯи нишондоди онҳо 2 мардеро, ки ба нияти водор кардани занон ба танфурӯшӣ онҳоро ба Дубай фиристоданӣ буданд, дастгир карданд.”

Алайҳи ин ду сокини Суғд додситонии шаҳри Хуҷанд мутобиқи банди 132-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “ҷалби одамон барои истисмори шаҳвонӣ” парванда боз кардааст. Аз рӯи тафтиши пешакӣ, онҳо қабл аз ин низ ба фиристодани занон ба хориҷ аз Тоҷикистон барои водор кардани онҳо ба танфурӯшӣ, даст доштаанд. Мақомоти тафтишотӣ дар ҳоли ҳозир аз ошкор кардани номи ҳар ду гумонбар, ки яке 38-сола ва дуюмӣ 59-сола аст, худдорӣ меварзанд. Ба гуфтаи пулис, дар ҳоли ҳозир раҳбари ин гурӯҳи қочоқбар дар шаҳри Дубай аст ва таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

Дар соли гузаштаи 2014 додгоҳи Хуҷанд ҳудуди 10 сокини Суғдро барои ҷалб ва қочоқи занон барои танфурушӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ба зиндон фиристодааст. Маъмулан ин гуна додгоҳҳо паси дарҳои баста ҷараён мегиранд ва баъд аз анҷоми онҳо ҳам камтар аз занони мавриди истисмори шаҳвонӣ қароргирифта, бо хабарнигорон сӯҳбат мекунанд.

Вале дар яке аз чунин додгоҳҳо як зани 30-солаи суғдӣ, ки додгоҳи Хуҷанд танҳоиву 3 кӯдак доштан ва сидқан пушаймон шудани ӯро ба назар гирифта, ба вай ҷазои сабуктар -- 3 соли ҳабси шартӣ таъин кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз зиндагии талху чӣ тавр ба роҳи қочоқи занон ворид шудани худ каме ҳикоят кард. Ин зан бо номи мустаори Парвина мегӯяд, шавҳараш ӯро бо 3 се тифли аз 5 то 9-сола тарк гуфта, дар рӯбарӯи мушкилоти зинадгӣ танҳо гузоштааст.

Вай дар як хонаи иҷора дар шаҳри Чкалов зиндагӣ мекунад ва ҷойи кор надорад ва рӯзии худу кӯдаконашро аз роҳи хидмат дар хонаҳои сокинон ба даст меовард. Парвина бо пешниҳоди 2 дугонааш барои онҳо ҷавонзанонро пайдо ва онҳоро ба сафари Дубай барои танфурӯшӣ розӣ мекард ва барои ҳар зани пайдокардааш 200 доллар мегирифт. Аммо имрӯз аз кори кардаи худ пушаймон аст ва шашқатор ашк мерезад.

Дар додгоҳи дигар чаҳор ҷавонзани суғдие, ки барои сафари Дубай ризоят дода, аммо то замони сафари онҳо раҳбаладашон боздошт шуда буд, ба ҳайси ҷабрдида гуфтанд, ки онҳо аз қабл ба нияти танфурӯшӣ ба ин сафар ризоят дода буданд. Ва онҳоро ба ин роҳ бекориву нодорӣ маҷбур карда буд. Онҳо мехостанд дар Дубай маблағи зиёд ба даст оваранд.

Шӯҳрат Асроров, додраси додгоҳи Хуҷанд, ки бозбинии парвандаи қочоқи занон ба Дубайро анҷом додааст, мегӯяд, умдатан қочоқбароне ба даст меафтанд, ки занони танфурӯшро ба Дубай бурда, онҳоро фиреб медиҳанд ва барои истисмори шаҳвонӣ ба шарикони дигари худ мефурӯшанд ва аз додани маблағи ваъдакардаи худ сар метобанд.

Моҳинисо Ҳорисова, раҳбари “Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар Хуҷанд ва таҳлилгари умури занон, рӯ ба Дубай овардани бархе занони тоҷикро танҳо мушкили худи онҳо намедонад. Ба ақидаи вай, танфурӯшии занон паёмади мушкили ахлоқӣ ва иҷтимоии тамоми аҳли ҷомеа аст, ки натавонистааст барои занон ҷойгоҳе шоиста дар ҷомеа фароҳам намояд: “Як зани тоҷик имрӯз ба Дубай аз зиндагии роҳат дар ватан намеравад. Заноне аз ночорӣ, аз наёфтани кору маблағ барои зиндагӣ ба ин роҳи нораво дохил мешаванд. Ба он хотир, ки каме пул ба даст оранду ба ватан баргашта, ба худ сарпаноҳе бихаранд ва рӯзгори танҳоии худро сару сомоне бахшанд. Аммо дар он ҷо ҳам албатта вай як зиндагии шоҳона намеёбад, рӯзаш сиёҳ ва пурфоҷиа мешавад, он ҷо ӯро мисли як ғулом мехаранду мефурӯшанд.”

Мунаввар Дадобоева, сардори шӯъбаи занон ва оилаи ҳукумати Суғд мегӯяд, афзоиши мавридҳои ҷалби занони суғдӣ ба танфурӯшӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон боиси нигаронии аҳли ҷомеа шудааст.

Саргузашти ғамангези Сайёра Эрматова ном ҷавонзани хуҷандӣ дар Дубай баёнгари он аст, ки заноне, ки бо орзуи ба даст овардани маблағҳои калон барои танфурӯшӣ ба ИМА мераванд, дар ин кишвар на танҳо маблағ ба даст намеоранд, балки бо беҳуқуқиву таҳқир ва хориву истисмор рӯ ба рӯ мешаванд.

Хонум Эрматова аз асорату истисмори шаҳвонӣ дар Дубай бо ёрии сафорати Тоҷикистон раҳо ёфта, соли 2012 ба Хуҷанд баргашт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурд. Баъд аз қазияи Эрматова, боздошти аъзои шабакаҳои кочоқбари занон ба Дубайу Туркия аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд авҷ гирифт.