Устоди донишгоҳро ғоратгарон куштаанд?

Мақомоти корҳои дохилӣ дар Суғд ду нафарро ба гумони даст доштан дар куштори як устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, боздошт кардаанд.
Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ду гумонбари куштори Мунирхон Хоҷаев, муовини декан ва мудири кафедраи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ошкор ва дастгир шудаанд. Ин манбаъ донишҷӯ будани қотилонро рад мекунад ва наздикони Хоҷаев мегӯянд, қотилон пулу ангуштари тило ва телефони ҳамроҳи мақтулро рабудаанд.

Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба радиои "Озодӣ" гуфт, қатли Мунирхон Хоҷаев ба фаъолияти вай дар донишгоҳ рабт надорад ва боздоштшудагон донишҷӯ нестанд. Онҳо, "яке сокини вилояти Хатлон, дуюмӣ – сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонанд. Ҳозир тафтиши қазия идома дорад, аз ин рӯ, ҷузъиёти бештарро ошкор карда наметавонем.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Устоди донишгоҳро кӣ кушт?


Номзади илмҳои ҷуғрофӣ Мунирхон Хоҷаеви 49-сола, муовини декан дар бахши илм, ҳамзамон мудири кафедраи ҷуғрофияи иқтисодӣ ва демографияи факултаи ҷуғрофия ва экологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд. Субҳи 5-уми декабр ҷасади ӯ дар канори роҳи маҳаллаи “Гулистон”- и Хуҷанд дарёфт шуд ва гуфта мешавад, вай нимашаб аз ҷароҳатҳо бар асари зарбу лат, ҷон додааст.

Ҳамкоронаш Мунирхон Хоҷаевро охирин бор шоми 4-уми декабр дидаанд, ки аз факулта берун рафт ва субҳ хабари дарёфти ҷисми беҷонаш дар истгоҳи наздик ба факулта расид. Баъд аз нашри ин хабар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, касе навишт, ки дар қатли вай донишҷӯе даст дорад. Ҳамчунин, хабарҳое паҳн шуд, ки ба хотири ғорати пулу молаш ба вай ҳамла кардаанд. Ҳамкасбони Хоҷаев ба Озодӣ гуфтанд, ки қотилон аз Хоҷаев пулу ангуштари тило ва мобилашро дуздидаанд.

Мунирхон Хоҷаев бо шунавандаҳову хонандаҳои "Озодӣ" низ ба ҳайси коршиноси захираҳои обии ҳавзаи рӯди Сир ошност, ки аз олуда шудани оби ин рӯди бузург дар давраи ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи ин захираи обӣ, суҳбатҳо карда буд. Ҳамкорони Хоҷаев ӯро як шахси беозору илмдӯст ёд мекунанд ва мегӯянд, марги чунин инсон онҳоро дар ғаму андӯҳ нишондааст.

Мақсудхон Ҳайдаров, мудири кафедраи геоэкология дар факултаи ҷуғрофия ва экологияи ДДХ, ки солҳо ҳамроҳи Хоҷаев кору фаъолият кардааст, чунин мегӯяд: “Мунирхон Хоҷаев миёни муаллимону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси олими ҷуғрофӣ шинохта ва соҳиби обруву эътибори хосае буданд. Мо дар факултаву сафарҳои илмии донишҷӯён бисёр бо ҳам будем. Ягон бор мушоҳида накардаам, ки Мунирхон ба гапу кори ноҷое машғул бошанд. Он касро машғули мутолиаву тадқиқоти илмӣ медидем. Дареғ, ки чунин шахси донишманд ва фозилро аз байни мо бурданд. Ман аз марги он кас хеле андӯҳгинам ва хоҳони онам, касоне, ки ӯро нобуд кардаанд, дар назди қонун ҷавоб гӯянд.”

Замира Муинова, сармуаллимаи факултаи мазкур ҳам гуфт: “Мунирхон дар оилаи зиёӣ ба воя расида, маданияти баланд доштанд. Дорои дониши амиқ буданд. Ҳар кас ки аз он кас мавзӯъ ва масъалаи илмиеро мепурсид, посухи худро дареғ намедоштанд. Марги он кас ногаҳонӣ ва боварнокарданист ва ҳамаи моро дар ҳоли “шок” гузошт, ҳанӯз ба худ наомадаем.”

Бегоҳи рӯзи душанбеи 9-уми декабр аз Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба "Озодӣ" гуфтанд, дар ҳоли ҳозир тафтиши қазияи куштори Мунирхон Хоҷаев идома дорад ва ба далели халал нарасондан ба тафтиш, аз нашри ҷузъиёт худдорӣ мешавад.Мунирхон Хоҷаев аз худ 4 фарзанд ба ёдгор гузошт.