Мақомоти байториии идораи “Росселхознадзор”-и Русия аз як талоши бидуни ҳуҷҷат ба қаламрави ин кишвар даровардани ду кабк пешгирӣ кардаанд. Ирина Лаконтсева, сарнозири шӯъбаи “Росселхознадзор”-и вилояти Свердловск дар фурудгоҳи Колтсово”-и шаҳри Екатеринбург рӯзи 7 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин ду кабкро рӯзи 4 апрел дар фурудгоҳи Колтсово ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаштани мусофирони парвози Душанбе - Екатеринбург аз бағочи шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Аъзамов Р.О. пайдо кардаанд.
Ирина Лаконтсева гуфт: “Аъзамов як кабкро дар қуттии хурд ва дувумашро дар як қафасча ҷо карда, дар ҷомадонаш пинҳон карда буд. Ӯ барои ҳеҷ кадоми ин паррандаҳо ҳуҷҷати ветеринарӣ надошт.”
Ба гуфтаи намояндаи “Росселхознадзор”, алайҳи Аъзамов Р.О., ки баъди боздошти кабкҳояш аз Екатеринбург ба самти Хабаровск парвоз кардааст, протоколи маъмурӣ тартиб дода, ӯро 1000 рубл, муодили тақрибан 15 доллар ҷарима бастаанд. Аммо ду кабки ин шаҳрванди Тоҷикистонро, ба таъбири Ирина Лаконтсева, аз Русия “ихроҷ” карданд: “Рӯзи 5 апрел ҳарду кабкро ба намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Уралские авилинии” супурдем ва онҳо бо парвози Екатеринбург – Хуҷанд ба Тоҷикистон “ихроҷ” шуданд.”
Лаконтсева мегӯяд, ин танҳо мавриди боздошти ҳайвоноту паррандаҳои бидуни ҳуҷҷат аз шаҳрвандони Тоҷикистон нест: “Мо, албатта, хуб медонем, ки кабкҳои хушхон барои мардуми тоҷик аҳамияти вижа доранд, вале қонун барои ҳама қонун аст. Тибқи қонунҳои Русия, мусофирон метавонанд танҳо як сар ё ҳадди аксар ду сар саг ё гурбаро бидуни ҳуҷҷатҳои федеролӣ ба қаламрави ин кишвар ворид кунанд. Дар ғайри сурати доштани чунин иҷозатнома, ин паррандаҳо ё ҳайвонот мусодира гардида, ба кишваре, ки аз онҷо омадаанд, баргардонда мешаванд.”
Дар миёнаҳои моҳи март мақомоти “Росселхознадзор” дар фурудгоҳи “Толмачёво”-и шаҳри Новосибирск ду кабӯтари марбут ба як мусофири тоҷикро низ боздошт карда, ба Тоҷикистон пас фиристоданд. Дар шарҳи ин идора гуфта мешуд, ки “бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли густариши бемориҳои сироятӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи ба Русия ворид кардани ин ҷуфти кабӯтаронро надодаанд.” Соли гузашта дар ҳамин фурудгоҳи Новосибирск аз як мусофири дигари тоҷик 4 кабӯтар мусодира ва низ ба Тоҷикистон “ихроҷ” шуда буд.
“Росселхознадзор”, ки масъулияти назорати бозори истеъмолии Русия ва назорати байториву фитосанитарӣ дар марзҳои ин кишварро бар ӯҳда дорад, дар солҳои охир воридоти як силсила маҳсулот аз Тоҷикистонро барои мусофирон манъ кардааст. Дар “рӯйхати сиёҳ”-и ин идора аз ҷумла меваву сабзавот, меваи хушк ва ҳатто зираи Тоҷикистон шомил шудаанд.