Баъзан ҷавви ҳоким бар зиндагии кишварҳоро бештар аз ҳар коршиносу марокизи таҳқиқотӣ сӯҳбатҳои оддӣ бо мардуми оддӣ рӯшантар баён мекунад. Ин ду хотира аз сафари ахири ман ба Тоҷикистон низ, фикр мекунам, чунин гӯяндаи ҳоли ин кишваранд.
...Фаришта истилоҳи “моҳи асал”-ро боре ҳам нашунидааст... Ин духтараки резапайкар тасодуфан ҳамсафари мо шуд, ронанда дар сангоби канори деҳаи Анҷироб ба мошин савораш кард ва кори хубе ҳам кард, зеро баъд аз чанд лаҳза майдаборон ба борони шадиду жола табдил шуд. Чанд лаҳзае, ки мошин дар роҳҳои ноҳамвор ҷастухез мекард ва ронанда миёни сангзор роҳи беҳтари убур меҷуст, бо хомӯшӣ сипарӣ шуд. Фақат баъди ба ҳамворӣ расидан ронанда ба ҳамсафари навамон рӯ овард:
- Хубӣ, Фаришта? Домод телефон мекунад?
Фаришта каме сурх шуд ва бо аломати “бале” сар ҷунбонд. Ронанда ба мо гуфт, ки Фаришта се ҳафта пеш тӯй кардааст ва домод ҳоло дар Русия аст.
- Ин як ҳодисаи маъмулӣ аст ин ҷо,- аз нигоҳи суоломези мо рамуз гирифта гуфт ронанда, - ҷавонҳо дар Русия кор карда омада хонадор мешаванд ва баъзеҳо як-ду моҳ баъд ва баъзе пас аз ду-се ҳафта ба Русия бармегарданд...
- Яъне, “моҳи асал”-ро ҳар кас алоҳида мегузаронад? - шӯхиомез суол кард яке аз ҳамсафарҳоямон.
- Моҳи чӣ? - ҳайрон шуд Фаришта.
- “Моҳи асал”... Чӣ, ягон бор нашунидаӣ?
- Не, - ба аломати инкор сар ҷунбонд ӯ.
Ҳама муддате ки ҳамсафарамон мафҳуми “моҳи асал”-ро тавзеҳ мекард, Фаришта сар ба пойин афканда буд. Ва вақте ки мошин ба деҳа расида назди хонаи похсадеворе истод, Фаришта бо ҳамон сари пойин “раҳмат” гуфта вориди дарвоза шуд.
- Сахтии зиндагӣ дар гардани ҳамин духтаракҳои бечора! – садои ронанда оҳанги таассуфу ҳамдардӣ дошт, - инҳо “моҳи асал”-ро чӣ медонанд, баъзеҳо баъд аз тӯй он қадар банди кору бор мешаванд, ки рӯзашон саропо заҳру зуқум мешавад...
...Саидмурод, омӯзгори деҳаи Саримарғзор мегӯяд, дар рустоҳои минтақаи Тагноб хонаводаҳое, ки аз онҳо касе ба муҳоҷират бар Русия нарафтааст, ангуштшуморанд. Таври маъмул, ин хонаводаҳо ҳамагӣ як ё ду писар доранд ва онҳо ё ҳамроҳ бо волидайн ё дар шаҳр зиндагӣ мекунанд. “Аммо аз хонаводаҳои серфарзанд ҳатто то чаҳор-панҷнафарӣ дар Русияанд. Баъзе аз ҷавонҳо баъд аз хатми мактаб даррав ба муҳоҷират мераванд ва
ду-се сол кор карда бармегарданд ва зан мегиранд,” - мегӯяд Саидмурод.
Волидон ба ин мухолиф нестанд ва ҳатто баъзеи онҳо писарҳои болиғашонро барои ба Русия рафтан маҷбур месозанд, зеро тавони пардохти маблағи тӯйро надоранд - барои тӯйи хело ҳам хоксорона ҳадди аққал 4-5 ҳазор доллар зарур аст. Баъд аз тӯй домод маҷбур мешавад дубора ба Русия баргардад, зеро медонад, ки масъулияташ барои таъмини хонавода бештар шудааст.
Аслан, ба гуфтаи Баҳром, як сокини деҳаи Хирманҷо, солҳои ахир дар ин минтақаи марзӣ, пайдо кардани кор осонтар шудааст – ду ширкат, яке эронӣ ва дигарӣ туркӣ ба бунёди роҳ машғуланд. Бо вуҷуди маоши на он қадар баланд (аз 150 то 300 доллар), як идда аз сокинони деҳаҳои атроф, асосан мардони миёнасол, дар ин ширкатҳо кор мекунанд.
Фақат дар як соли ахир дар деҳаҳои Хирманҷову Кишт ва дар Шоҳон се купрук бунёд шуд, ки якеяш рӯи рӯдхонаи Панҷ аст ва минтақаро бо волусволии Хоҳони Афғонистон мепайвандад. Айни ҳол сохтмони пул бар фарози рӯди Ниёв идома дорад, аммо он бо душворӣ пеш меравад, зеро нерӯи корӣ намерасад. Ҷавонон, аз ҷумла, онҳое, ки хонадор шуданианд, ба Русия рафтанро авлотар мехонанд.
Зиндагии баъд аз тӯйи навхонадоронро фақат бо як вожа -“интизорӣ” метавон тасвир кард. Арӯс аз субҳ гӯш ба қимори занги телефони домод ва бо фарорасии рӯзҳои сард интизори бозгашти ӯст, домодҳо мунтазири фарорасии зимистон ва бозгашт ба ватананд. Арӯс дар хонаи домод ҳама кор – аз рубучину пухтупазу нигоҳубини гову моли зиёд сар карда то дараву таҳияи ҳезум ва ҷамъоварии зираву пистаро анҷом медиҳад.
Саидмурод мегӯяд, “баъзан агар ягон кореро бо ҳашар анҷом доданӣ бошем, маҷбурем, ки талабаҳои синфҳои болоиро ҷалб кунем, зеро дар деҳа бештар мӯйсафедҳо боқӣ мондаанд”.
Албатта, меафзояд ӯ, ҷавонҳое ҳам ҳастанд, ки баъд яз як-ду соли кор занҳои ҷавонашонро бо худ ба Русия мебаранд – ба гуфтаи ӯ, қаблан ин раванд хоси ҷавонони шаҳрӣ буд. Барои арӯсҳое, ки аз ин гуна “бурди лоторея” маҳрум мондаанд ва маҷбуранд сахтии рӯзгори кӯҳистонро таҳаммул кунанд, телефон ягона василаи робита бо домод боқӣ мемонад – тавассути “мобил” ҳатто сӯитафоҳум ё моҷароҳо миёни хушдоману синҳор (келин) ҳам ҳаллу фасл мешаванд. Зимнан, талоқ дар рустоҳои кӯҳӣ зиёд нест, баъзе аз ҷавонҳо дар Русия бо хонумҳои рус издивоҷ мекунанд, вале инро аз занҳои деҳотияшон пинҳон медоранд. Имсол яке аз ин гуна издивоҷҳо боиси хонавайронӣ дар як оилаи мӯҳтарами деҳаи Порвор гардид...
Тамоми роҳи бозгашт симои Фаришта ва сари ба пойин афкандаи ӯ пеши назар буд ва суоле зеҳнамро машғул медошт, ки рӯзҳои ахири “моҳи асал”-аш дар хонаи хусуру хушдоман то куҷо ширинанд?
Камоли асри 21: “Ман шоири маддоҳам”
Ронандаи мо чанд муддат дар сероҳаи Гулистони Восеъ, ки миёни мардум бештар бо номи русии “Развилка” маъруф аст, таваққуф кард. Аз дӯкони сари роҳ сабти маҳфили шеъру таронаи шоир Хайрандеш ва овозхони шинохта Қурбоналии Раҳмон садо медод. Вақте, ки овозхон қабл аз таронаи навбатӣ аз раисиҷумҳур ситоиш кард ва “Худованд ба мо Пайғомбари навро фиристод” гуфт, яке аз ҳамсафаронамон барошуфт:
- Ин мардак аз ҳад гузаронд-ку...
Ва баъд аз лаҳзае қаҳрашро фурӯ нишонда афзуд:
- Мардум ҳама маддоҳу лаганбардор шудаанд. Пеш аз ҳама ҳамин шоиру ҳофизҳо. Наход ин таърифу тамаллуқ ба худи Ҷаноби олӣ мефорад?
Ин лаҳза сӯҳбати чанд рӯзи пеш бо марди тақрибан 60-солае пеши чашмам омад, ки мегуфт шоир аст ва дар пайравӣ ба классикон ғазал иншо мекунад. Аммо ӯ иқрор кард, ки солҳо дар ситоиши баъзе мансабдорон шеър мегӯяд ва барои ин подоше ҳам мегирад. Ман номашро ошкор намекунам ва шартан Камолаш меномам, зеро ӯ намехоҳад бо мансабдороне, ки ба онҳо ғазале бахшидааст, мушкил пайдо кунад. Камол ҳоло муаллими мактаб аст ва аҳён-аҳён мадҳия менависад.
- Ман дар васфи Ҷаноби олӣ ҳам шеър навиштаам, аммо имкони ба ӯ расонидани шеър нашуд, - гуфт Камол. Ӯ қисса кард, ки аз рӯи шунидаш як шоир дар бораи раисиҷумҳур достон навишта, баъд аз чанд муддат унвони шоири халқиро гирифтааст.
Худи Камол бори аввал ҳанӯз охирҳои солҳои 90-ум дар бораи як мансабдори воломақоми сохторҳои қудратӣ шеър навишта буд.
- Чанд бор хостам, ки шеърамро ба ӯ нишон диҳам, аммо муҳофизонаш намегузоштанд. Рӯзе дар пайи андешаи мулоқот бо ӯ фаҳмидам, ки муҳофизонаш ҳар нисфирӯзӣ дар як чойхонаи машҳури Қӯрғонтеппа таом мехӯранд. Рафтан ба назди онҳо бефоида буд, аз ин рӯ ман аз ҳиллаи дигар кор гирифтам. Шеърамро ба як ҷӯраам, ки ҳофизӣ мекард, додам ва хоҳаиш кардам, ки онро оҳанг баста сарояд. Баъд аз чанд рӯз кассетаи тайёрро ба чойхона бурдам ва аз яке аз пешхизматҳо хоҳиш кардам, ки баъди омадани муҳофизон онро пахш кунанд. Тарона воқеъан ҳам таваҷҷуҳи муҳофизонро ҷалб кард ва онҳо аз пешхизмат муаллифи таронаву шеърро пурсиданд. Муҳофизон маро ба мизи худ даъват карданд ва гуфтанд, ки кассетаро барои шефашон мебаранд. Рӯзи дигар он мансабдор маро дар кабинеташ қабул кард ва баъд аз сӯҳбати кӯтоҳ се коғази саддоллариро дар кисаам халонд...
Камол мегӯяд, ки баъд аз ин “комёбӣ” чанд сол ба мадҳиянависӣ машғул буд ва дар ситоиши мансабдорони хурду бузург шеър мегуфт. Муносибати онҳо гуногун буд, баъзеҳо қадр мекарданд, баъзеҳо аҳамият намедоданд. Аммо онҳое, ки ба мадҳия бепарво буданд, баъд аз чанд муддат “мулоим” мешуданд, зеро Камол ба атрофиёни ӯ шеъри танқидии навиштаашро нишон медод... “Бизнеси шеър” хонаводаи Камолро аз домани фақр берун кашид.
- Ман ҳозир хело кам мадҳия менависам... Дар бораи Убайдуллоев (мири Душанбе) шеъре навиштам, аммо ба ӯ ҳам нишон надодам, зеро медонам, ки ӯ таърифро хуш надорад...
- Ҳозир аксари шоирон ба таърифу тавсиф машғуланд, зеро ҳама мехоҳанд, ки марвиди марҳамат қарор бигиранд. Вақте ки ҳатто Бозор Собир сарвари давлатро ситоиш мекунаду дар борааш шеър менависад, аз дигарон чӣ гила? - мегӯяд Камол, - як ба радиову телевизион назар кунед ё мулоқотҳо бо раисиҷумҳурро бубинед, ғайри таърифу тавсиф чизе нест. Баъзе китобҳои шоирон бо мадҳияҳо дар бораи Ҷаноби олӣ сар мешаванд...
...Мошини мо сӯи Душанбе ҳаракат кард ва садои таронаи ситоишӣ аз баландгӯяки дӯкони сабти овоз то чанд лаҳза ҳамсафари мо буд.