Ҷасадҳои тиккашуда шиносоӣ нашудааст

Дар ин сардхона ҷасади ду зани кушташуда нигоҳдорӣ мешавад

Масъулони сардхонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз ҳуввияти занҳое, ки кушта ва баъдан ҷасадҳояшон тикка-тикка карда шудааст, мушаххас нест. Як мақоми сардхона рӯзи 2 август ба Озодӣ гуфт, танҳо ҳамин чиз маълум аст, ки ҳардуи зан ҷавон буда, қотил ё қотилон баъди куштан аъзои бадани онҳоро қисм-қисм ҷудо кардаанд.

Ҳардуи ҷасад бе сар буда, ба ҳамин хотир ҳам шиносоии ҳуввияташон мушкил шудааст. Як масъули сардхона (морг) дар бинои 15-уми Қарияи Болои Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз рӯи муқаррарот ҳар нафаре, ки гумкардае дорад, дар ҳолатҳои монанд ба ин барои шиносоии ҷасад даъват хоҳад шуд.

Аммо мутахассисони сардхонаи маҳаллаи "Медгородок"-и Душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ гуфтанд, ҳолате ки ҷасади ин ду ҷавонзан дорад, шиносоии онҳоро аз рӯи намуди зоҳириашон мушкил мекунад. Айни замон, ба гуфтаи ин мақом, давоми ду рӯзи охир баъди пайдо шудани ҷасадҳо касе ҳанӯз барои шиносоиашон расман муроҷиат накардааст. "То ҳозир танҳо муфаттишон меоянду мебинанд ва мераванд. Вале инро ҷасад ҳам гуфтан мумкин нест. Пову даст, ронҳо ва шикам тавре бурида шудаанд, ки изи даст ва ё нишонаеро дар онҳо мушоҳида кардан мушкил аст," - мегӯяд як мутахассиси сардхона, ки нахост номаш ошкор шавад.

Бинои Вазорати корщои дохилии Тоҷикистон

Нусратулло Саидов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 2 август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, таҳқиқ ҳанӯз мушаххас накардааст, ин занҳо кистанд. Рӯзи 1 август манобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Озодӣ хабар доданд, ки маъмурони пулис ва Додситонии кулли Тоҷикистон се нафарро ба гумони қатли ду зани тоҷик дар Душанбе боздошт кардаанд.

Як манбаи дигар дар сохторҳои тафтишотӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баёноти пешакии худ гумонбарон гуфтаанд, ин кушторро зери таъсири маводи мухаддир содир кардаанд. Аз сӯи дигар ин суол ҳам вуҷуд дорад, ки агар гумонбарҳо боздошт шуда бошанд, чаро дар бораи ин ду зан ба пулис маълумот намедиҳанд, то шахсияти онҳо мушаххас шавад?

Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳоло нишондодҳои ибтидоии боздоштшудаҳо баҳсбарангез ба назар мерасад ва ҳарфҳои онҳо ба ҳам ихтилоф дорад. Исми занҳои кушташуда низ аз забони онҳо гуногун садо медиҳад. Онҳо гуфтаанд, бо зани дувум дар чойхонаи “Истаравшан” дар шаҳри Душанбе шинос шудаанд. Он зан гуфтааст, аз як ноҳияи минтақаи Кӯлоб барои ҷустуҷӯи кор ба Душанбе омадааст. Яке аз боздоштшудаҳо ба ин ҷавондухтар гуфтааст, барояш дар як ошхона метавонад, кор пайдо кунад. Баъдан, ба иқрори боздоштшудаҳо ин ҷавондухтарро ҳамроҳ ба ҷои хилват бурда, таҷовуз мекунанд. Чун духтар таҳдиди шикоят ба пулис мекунад, онҳо аз тарси ифшои ҷинояти қаблан содиркардаашон ӯро низ кушта пора мекунанд ва ҷасадашро ба дарё меандозанд.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, то ҳол беш аз 10 нафаре, ки духтарони худро гум кардаанд, ба мақомот муроҷиат кардаанд. Аммо то ҳол нишонаҳои наздикони худро дар он чӣ ки боздоштшудаҳо тасвир мекунанд ва он чӣ дар пораҳои ҷасад боқӣ мондааст, пайдо накардаанд.

Мақомот мегӯянд, се сокини ноҳияҳои Варзобу Восеъ ва шаҳри Душанбе рӯзҳои 21 ва 27 июли соли ҷорӣ ду духтарро кушта, ҷасадашонро ба қисмҳо ҷудо карда ва баъдан ба дарё партофтаанд. "Ҷасадҳо аз соҳили дарёи Душанбе, воқеъ дар кӯчаҳои А.Қаҳҳоров ва Мушфиқии шаҳри Душанбе ёфт шуданд,” – гуфтанд дар ВКД. Як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, се нафари боздоштушда аз 23 то 26 сол доштаанд.

Ҳоло гумонбарон дар ҳабси пешакӣ буда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ним соли охир аз 701 шаҳрванди беному нишоншуда 418 нафар пайдо шудааст ва ҳоло пулис ҳанӯз 283 нафарро ҷустуҷӯ мекунад, ки беш аз 40 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аммо ҳоло маълум нест, ки ин духтарон аз ҷумлаи он духтарони гумшуда ҳастанд ё не.