Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ду наврас зери ҷуйҳои бетонӣ ё "лоток" монда ва ҷон бохтаанд. Мақомот рӯзи 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса шаби гузашта рух додааст ва ин ду наврас сокинони деҳаи Бӯстони ҷамоати "20-солагии Истиқлол" буданд.
Ба гуфтаи мақомот, Рустам Давлатови 12-сола ва Маҳмадалӣ Саидбекови 15-сола сокинони деҳаи Бӯстон ҳини нигоҳубини чорво аз борону боди сахт паноҳгоҳ ҷуста, зери ҷӯйҳои бетонӣ пинҳон шуданд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, ҷӯйҳо чаппа шудаанд ва дар натиҷа ду кӯдак ба ҳалокат расидааст ва як кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар шифохона қарор доштааст. Табибон гуфтаанд, ки вазъи кӯдак вазнин аст.
Сел дар ин деҳа ҳамчунин ба чандин хона ва моликияти мардум осеб расондааст. Дар видеое, ки рӯзи 7-уми май аз ин деҳа ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки сел мошинеро зери обу гил кардааст ва оби ғализи гилолуд аз дохили кӯчаи васеъ мегузарад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як сокини деҳа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан инҷо як заҳбуре буд, ки об аз тариқи он мегузашт, ё ҷамъ мешуд, вале мақомот онро баъдан барои бунёди хона ба мардуми деҳаи Бӯстон тақсим кардаанд.
Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон барои рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва боридани борон ва раъду барқро пешгӯи карда буд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳам ҳафтаи гузашта хабар дод, ки бар асари боронҳои пайдарпай, дар бархе аз ноҳияҳо сатҳи дарёҳо боло шуда ва боиси омадани сел шудааст.
Давоми даҳ рӯзи ахир ин дувуми ҳодисае аст, ки ба ҳалокати наврасон меанҷомад. Рӯзи 28-уми апрел Саида ва Шукрона -- ду духтар ҳангоми бозӣ дар лаби соҳили дарёи Сурхоб ғарқ шуданд. Ҷасадҳои Шукрона ва Саида субҳи 29 уми апрел, пас аз як рӯзи ба дарё афтидан, аз деҳаи Навободи Рашт пайдо ва берун оварда шудаанд.
Хабар такмил мешавад