"Тоҷиксодиротбонк" ҳам аз "Мовароуннаҳр" 4 миллион қарзашро талаб дорад

Ба дунболи "Ориёнбонк", "Тоҷиксодиротбонк" низ аз ширкати "Мовароуннаҳр" пардохти қарзашро тақозо кардааст.
Саҳомдорони ширкати "Мовароуннаҳр" мегӯянд, ки "Тоҷиксодиротбонк" талаб дорад, ки ширкати "Мовароуннаҳр" ҳудуди 4 миллион сомонӣ қарзашро бидиҳад, вагарна амволи ширкатро, ки дар гарави бонк аст, раҳо нахоҳад кард.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи ширкати «Мовароуннаҳр» рӯзи 24 июн ба радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ба унвони раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров нома ирсол дошта, маълум кардаанд, ки ин ширкат дар назди бонк ҳамагӣ 2 миллиону 606 ҳазору 18 сомонӣ қарздор аст ва барои идомаи ҳамкорӣ хоҳиш кардаанд, ки амволи ширкатро аз ҳабси бонк раҳо кунад.

Ба қавли Бузургмеҳр Ёров, тибқи созишномаи кредитие, ки дар моҳи январи соли 2010 «Тоҷиксодиротбонк» ва «Мовароуннаҳр» баста шудааст, ин бонк то моҳи январи соли 2011 се миллион сомонӣ ба ширкати мазкур бо 32 фоиз қарз додааст. Дар ивази ин ширкати «Мовароуннаҳр» амволи худ - идораи ҶДММ «Мовароунаҳр, тарабхона, маркази Савдои «Мовароунаҳр» ва чанд хонаи истиқоматиро дар кӯчаи Навбаҳори пойтахт ба гарав гузоштааст.


Тоҷиддин Пиров, раиси "Тоҷиксодиротбонк"

Ба қавли Бузургмеҳри Ёров, «Тоҷиксодиротбонк» ба он хотир иддаои 4 милллион сомонӣ дорад, ки давраи қатъи фаъолияти «Мовароуннаҳр» аз тарафи Додгоҳи олиро сарфи назар кардааст. Тайи се соли ахир Додгоҳи олӣ ба пуррагӣ фаъолияти ширкатро қатъ карда буд ва танҳо моҳе пеш бо мусоидати шаҳрдори Душанбе ва президенти Тоҷикистон, амволи «Мовароуннаҳр» аз ҳабс раҳо шудааст. Ҳоло ширкати «Мовароуннаҳр» иддао дорад, ки аз «Тоҷиксодиротбонк» бештар аз 2 миллион сомонӣ қарздор аст, на 4 миллионе ки ҷониби бонк мегӯяд.

Аммо як намояндаи «Тоҷиксодиротбонк» гуфт, ки онҳо факту рақамҳои дақиқ доранд, ки ширкати «Мовароуннаҳр» дар назди онҳо ҳудуди 4 миллион сомонӣ қарздор аст ва агар бо роҳи гуфтушунди ин масъала ҳалл нашавад, онҳо маҷбур мешавад, ки аз тариқи баҳси додгоҳӣ ин маблағро рӯёнанд ва то замони ҳалли қазия амволи дар гарави бонк бударо озод нахоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол «Мовароуннаҳр» пешниҳод кардааст, ки барои пардохти беш аз 2 миллион сомонӣ омода аст, 1 миллион сомонӣ саҳмияе, ки барои нерӯгоҳи Роғун гирифтааст, ба ихтиёри «Тоҷиксодиротбонк» гузорад. «Мовароуннаҳр» дар номаи худ зикр кардааст, ки бо баҳрабардорӣ аз нирӯгоҳи Роғун арзиши саҳмияҳо аз як миллион то 10 миллион сомонӣ зиёд шуда метавонад.

Саҳомдорони «Мовароунахр» дар номаи худ хоҳиш кардаанд, ки раиси бонк Тоҷиддин Пиров дар доираи имконияти вокеие, ки дорад, ба раҳоии амволи ширкат аз гарави бонкаш мусоидат намояд. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, дар назар аст, рӯзи чаҳоршанбе посухи «Тоҷикодиротбонк»-ро дарёфт намоянд ва агар дар масъалаи гарав ва қарз забон наёбанд, ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл ширкати «Мовароуннаҳр» аз номи Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» низ номае дарёфт кард, ки дар он таъкид шудааст, ки ҳаҷми қарзи "Мовароуннаҳр" дар назди ин бонк бо фоизҳояш тақрибан ба 4 миллиону 983 ҳазору 668 сомонию 22 дирам, яъне ба беш аз 1 миллион доллар, расидааст.


Ҷӯрабек Охунов

Мушкилоти «Мовароуннаҳр» соли 2010, дар пайи боздошт ва бо ҷурми қаллобӣ ба 13,5 соли зиндон маҳкум шудани раисаш Ҷӯрабек Охунов оғоз ёфт. Додгоҳи олӣ як сол пеш ҳукм баровард, ки ситонидани зарари молии муштариёни ширкат аз ҳисоби биноҳои нотамоми «Мовароуннаҳр» бароварда шавад. Иҷрои ин ҳукм ба зиммаи иҷрочиёни суди ноҳияи Синовогузор шуд ва моҳи ноябри соли гузашта ин ниҳод эълом кард, ки биноҳои нотамоми ширкатро ба фурӯш мегузорад. Муштариёни «Мовароуннаҳр» талаб карданд, ки биноҳои нотамомро дар ихтиёри онҳо ва ширкат гузоранд, то худ сохтмонашро ба итмом расонанд.

То моҳи май мавқеи Додгоҳи олӣ рӯшан нашуд ва раҳбарият ва муштариёни «Мовароуннаҳр» рӯзи 12 май аз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев хостанд, ки барои баргузории як гирдиҳамоӣ дар санаи 3-юми июн иҷоза диҳанд. Муштариёни «Мовароуннаҳр» мегуфтанд, маҳз қарорҳои норӯшани Додгоҳи Олӣ ва иҷро нашудани амри додгоҳ онҳоро водор кард, ки тасмим ба гирдиҳамоӣ бигиранд.

Гирдиҳамоии муштарёни ин ширкатро иҷозат надоданд, вале додгоҳи ноҳияи Сино билофосила бо судури ҳукми нав талаби онҳо барои дар ихтиёрашон гузоштани биноҳои нотамоми «Мовароуннаҳр»-ро қонеъ ва фурӯши амволи ин ширкати хонасозиро манъ кард. Аммо акнун «Ориёнбонк» ва инак «Тоҷиксодиротбонк» вориди баҳс шуда, ҳар кадом қарзи худро аз ин ширкат талаб дорад.