Додгоҳ парвандаҳои Ёров ва Маҳкамовро аз нав баррасӣ мекунад

Бузургмеҳр Ёров.

Додгоҳи шаҳри Душанбе мурофиаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, вакилони мудофеъро дубора аз сар гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки баррасии парвандаи ин ду вакили мудофеъ дар ҳафтаи пеш ба марҳалаи ниҳоии худ наздик шуда буд.

Аммо ба сабаби бемории яке аз мушовирони халқӣ ва даст кашидан аз идомаи ширкат дар мурофиаҳо, додгоҳ маҷбур шудааст, баррасии парвандаи ин ду вакили дифоъро аз сари нав шурӯъ кунад. Ба ин тартиб, далелҳои овардаи ин вакилон дар мавриди бегуноҳиашон дар мурофиаҳои пешин комилан лағв шудаанд.

Ҷамшед Ёров, вакили мудофеъ ва бародари Бузургмеҳр Ёров, панҷшанбеи 21 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Асомиддин Бобохонзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи гузашта мурофиаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов аз сар гирифт.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, “мурофиаи судӣ, ки аз 3-юми май ба ин тараф идома дошт, бекор гардид ва барои он, ки чунин ҳолат пеш наояд, додгоҳ бояд бар иловаи ду мушовири халқӣ, боз як мушовири дигар ҳам мегирифт. Масалан, дар мурофиаи Маҳмадалии Ҳаит, ки ман вакили мудофеъаш будам, Додгоҳи олӣ бар иловаи ду мушовири халқӣ, боз як мушовири иловагӣ гирифта буд. Акнун ҳамаи баёноту нишондодҳое, ки Бузургмеҳр ва Нуриддин дар ҷараёни мурофиа ироа карда буданд, бекор шуд.”

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар мурофиаи дирӯз додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Ассомиддин Бобохонзода ду мушовири халқии дигар гирифта ва як мушовири иловагӣ низ даъват кардаанд. Аммо ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, мушовирони халқие, ки тоза дар мурофиа ширкат карданд, аз баҳсҳои пешин иттилоъ надоштанд ва аз ин рӯ барои огоҳии комили онҳо, мурофиа аз сари нав оғоз гардид.

Нуриддин Маҳкамов

Тавре ҳуқуқшиносон мегӯянд, мушовири халқӣ дар ҳолате ба мурофиа даъват мешавад, ки агар айбдоршаванда бо моддаҳои махсусан вазнин муттаҳам дониста шавад. Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов бо моддаҳои 307 ва 307 прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” муттаҳам дониста мешаванд.

Аммо ҷаноби Ёров гуфт, дар ду рӯзи ахир додгоҳ моддаи “қаллобӣ”-и муттаҳамонро ба баррасӣ гирифт ва ҷабридидаҳое, ки аз вакилони мудофеъ ҳудуди 90 ҳазор доллар пули додаашонро талаб доранд, мавриди пурсиш қарор гирифтаанд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳуқуқҳои 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд.

Рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ, Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ Бузургмеҳр Ёровро дар моҳи декабри соли гузашта боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд.

Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия – ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон 4 май дар як гузориши муштарак аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки 4 вакили мудофеи боздоштшуда ва ду писари як вакили дигарро, ки низ дар боздошт қарор доранд, “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд.

Дар гузориши ин ду созмон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” рӯзи 4 май нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст.