Ризо Паҳлавӣ, писари шоҳи собиқи Эрон Муҳаммадризои Паҳлавӣ шоми 7 январ аз тариқи саҳифааш дар Фейсбук аз даргузашти шоҳзода Ашраф хабар дод. Малика Ашраф хоҳари дугоники Муҳаммадризо Паҳлавӣ, дар синни 96 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико ба дунё падруд гуфтааст.
Рӯзномаи амрикоии “New York Times” аз Роберт Армао, мушовири шоҳзода Ашраф нақли қавл кардааст, ки мегӯяд, малика ба иллати “солхӯрдагӣ” вафот кард. Шоҳзода Ашраф ва бародараш Муҳаммадризо Паҳлавӣ фарзандони Ризохон - нахустин шоҳи Эрон аз хонадони Паҳлавӣ буда, 26 октябри соли 1919 ба дунё омадаанд.
Шоҳзода Ашраф аз ёрони наздики шоҳи собиқи Эрон ба шумор мерафт ва ҳамеша аз ҳукумати Муҳаммадризо Паҳлавӣ пуштибонӣ мекард.
Бино ба иттилооти CIA – Идораи ҷосусии Амрико, ки дар соли 2000 нашр шуд, малика Ашраф дар соли 1953 дар табаддулоти низомие, ки бо ҳимояти Бритониё ва Амрико сурат гирифт ва мунҷар ба ҳукумати сарвазири вақти Эрон Муҳаммад Мусаддиқ шуд, нақши муҳим дошт. Дар натиҷаи он табаддулот ҳукумати ислоҳталабон канор зада шуд ва низоми яккатози подшоҳӣ дар Эрон барқарор карда шуд.
Дар ҳоле ки САВОК – пулиси махуфи ҳукумати Муҳаммадризои Паҳлавӣ – ба таъқибу шиканҷаи фаъолони сиёсӣ айбдор мешуд, шоҳзода Ашраф рӯи масоили ҳуқуқи занон тамаркуз карда буд. Ӯ ҳамчунин ба фасод дар аҳди подшоҳии бародараш айбдор мешуд.
Шоҳзода Ашраф ва хоҳари ӯ Шамс дар ҷумлаи нахустин занони эронӣ буданд, ки бидуни рӯсарӣ дар мазҳари ом зоҳир шуданд ва меъёрҳои суннатии роиҷ дар ҷомиаи муҳофизакори Эронро шикастанд.
Баъди суқути ҳукумати Муҳаммадризои Паҳлавӣ дар соли 1979 ва ба қудрат расидани исломгароҳо ба раҳбарии оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ, шоҳзода Ашраф низ аз Эрон фирор кард ва дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла дар Порис, Монте-Карло ва Ню-Йорк ба сар мебурд.
Шоҳзода Ашраф дар ғурбат ёддоштҳои зиндагиашро нашр кард ва дар солҳои аввал баъд аз тарки Эрон хеле бозу фаъол буд. Вале ӯ дар солҳои баъдӣ, ки умеди ба тахт баргаштани хонадони онҳо камтару камтар шуд, аз мазҳари ом канор рафт.
Муҳаммадризо Паҳлавӣ – охирин шоҳи Эрон – аз соли 1941 то 1979, дар тӯли 38 сол тахти подшоҳии Эронро дар даст дошт. Маҳз дар аҳди ӯ ин кишвар аз Форс ба Эрон табдили ном кард. Муҳаммадризо Паҳлавӣ бо сиёсатҳои миллигароёнааш, ки тарафдоронаш ба он “инқилоби сафед” ном додаанд, маъруф буд ва аз ҷумла дар Эрон ба ҷои тақвими ҳиҷрӣ солшумориеро ҷорӣ карда буд, ки аз давраи Ҳахоманишиҳо оғоз мегирифт. Муҳаммадризо Паҳлавӣ ҳамчунин талош мекард, то дар ҷомиаи муҳофизакори Эрон арзишҳои дунявӣ, аз ҷумла дар тарзи либоспӯшии занонро ҷорӣ ва нуфузи рӯҳониёнро баракс кам кунад.
Муҳаммадризо Паҳлавӣ моҳи феврали соли 1979 дар натиҷаи эътирозҳои саросарие, ки ҳокимони кунунии Эрон онро “инқилоби исломӣ” меноманд, аз тахт маҳрум шуд ва тарки Эрон кард. Ӯ 27 июли соли 1980 дар синни 60 дар Миср аз олам рафт.
Муҳаммадризо Паҳлавӣ се дафъа издивоҷ кардааст. Аз издивоҷи аввал бо Фавзия, духтари малики вақти Миср Фуоди 1, як духтар ба дунё омад, ки Шаҳноз ном дорад. Ҳамсари дувуми шоҳ Сурайё Исфандиёрӣ-Бахтиёрӣ буд. Азбаски Муҳаммадризо Паҳлавӣ аз ин ду ҳамсари аввал фарзанди писар надошт, бори сеюм ба Фараҳ, аз озариҳои Табриз издивоҷ кард. Аз ин издивоҷ ӯ соҳиби 4 фарзанд – ду писар ва ду духтар шуд ва соли 1967 Фараҳ ба унвони Шаҳбонуи Эрон сарфароз гашт.
Писари калонии Муҳаммадризо Паҳлавӣ - Ризо Паҳлавӣ баъди даргузашти падараш раҳбарии хонадони шоҳии Паҳлавиҳоро бар дӯш дорад. Ӯ феълан дар Амрико ба сар мебарад.
Писари хурдии шоҳи собиқи Эрон Алиризо Паҳлавӣ рӯзи 4 январи соли 2011 дар манзили худ дар Бостон дар синни 45-солагӣ бо камони шикорӣ худкушӣ кард.