Масъулони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд мегӯянд, аз 74 сокини ин минтақаи шимоли кишвар, ки дар ҷангҳои Сурия қарор доранд, 21 тани онҳо зану фарзандонашонро бо худ бурдаанд. Шариф Назарзода -- сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд, ки дар ин бора рӯзи ҷумъаи гузашта дар як ҳамоиш бо иштироки фаъолони Хуҷанд сӯҳбат мекард, гуфт, ин ҷавонҳо баъд аз байъат бо гурӯҳҳои ифротӣ даст ба ин кор задаанд.
"Вақте қасам ёд карда, байъат карда, ба гурӯҳҳо шомил мешаванд, яке аз вазифаҳояшон аз паси худ бурдани зану фарзанд ва баъд дӯстону наздикон аст," -- гуфт Назарзода.
Ба қавли сардори Раёсати умури дохилии Суғд, "онҳо ҳатто қасам ёд мекунанд, ки аввал либоси зани худро иваз менамоянд ва ба онҳо ҳиҷоб мепӯшонанд. Таҳлили кардаи мо нишон дод, ки ҳоло баъзе ҷавонон аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳамсари худ занг зада, мегӯянд, ки ҳиҷоб пӯш, агар не талоқатро медиҳам. На ин ки бо либос онҳоро бегона мекунанд, балки мафкураашонро низ бегона месозанд."
Дар ҳамин ҳол, Раъно Содиқова, сокини ноҳияи Спитамен рӯзи 19 июн дар сӯҳбат бо телевизиони "Симои мустақили якум"-и Хуҷанд гуфтааст, ҳоло аз хонаводаи онҳо ҳашт нафар - ду писараш Шӯҳрату Ғайрат - ҳамроҳи зану фарзандони худ дар Сурия қарор доранд. Ӯ чанд рӯз пеш аксҳои писарону набераҳояшро дастрас кардааст, ки дар либоси низомӣ ва дар даст силоҳ тасвир ёфтаанд.
Содиқова мегӯяд, аз дидани ин манзара ба даҳшат уфтода, беш аз ҳама мусаллаҳ будани наберааш - Асадбек Нозимови 14-сола ӯро нигарон кардааст. “Кӯдаконро аз ҳоло ёд медиҳанд. Ман барои ин корашон аз писаронам норозиям. Онҳо маро шарманда карданд,” -- гуфт ӯ.
То ҳоло иттилои дақиқ дар бораи “ҷангиёни кӯчак”-и тоҷик дар Ироқу Сурия рӯи даст нест, вале мақомот то ин дам низ аз ҳузури ҷавонони тоҷик бо зану фарзандонашон дарҷангҳо сӯҳбат кардаанд. Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, моҳи майи соли ҷорӣ дар мулоқоти худ бо гурӯҳе аз ҷавонҳои Кӯлоб гуфта буд, дар ҳоли ҳозир 10 нафар аз ин минтақа бо зану фарзандонашон дар майдони ҷанг қарор доранд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, дар маҷмӯъ 40 нафар аз ҷангиёни тоҷик зану фарзандонашонро ҳамроҳ бо худ бурдаанд.
Дар Тоҷикистон шумори шаҳрвандони тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро зери 400 нафар баршумурда, гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро як манбаи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд. Аммо худи ҷангиёни тоҷик борҳо дар наворҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, сафи худро бештар аз ҳисобҳои мақомот дониста ва гуфтаанд, кори онҳо бо Ироқу Сурия тамом намешавад.
28 майи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон эълон кард, гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ан-Нусра"-ро расман ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил намудааст. Як масъули додгоҳии Олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин ҳалнома 14 апрели соли 2014 содир шудааст ва аммо ҳоло тасмим шудааст, онро эълон доранд. Дар пайи он Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ бо судури як фатво “Давлати исломӣ”-ро ҳаром ва иштироки тоҷикон дар “ҷиҳод”-ро гуноҳи кабира номид.
То кунун Ҳаракати Исломии Узбакистон, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Салафия, Ҷамоаи таблиғ, "Ихвонулмуслимин", Ҳизб-ут-Таҳрир ва "Гурӯҳи 24" ҳам дар Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ ва ифротгароӣ шинохта шуда, пайравонашон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.