Мардуми Тоҷикистон бо як рӯҳияи дугуна солгарди 24-уми истиқлоли ин кишварро таҷлил мекунанд. Бо ин вуҷуд, таҳлилгарони тоҷик дар сатҳи ҷаҳон эътироф шудани Тоҷикистон ба ҳайси давлати миллии мардуми тоҷик ва пазируфтани Тоҷикистон ба унвони узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳидро бузургтарин меваи истиқлолият меноманд.
Иброҳими Усмон, таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Истиқлол гуфт, ки халқе бо номи тоҷик вуҷуд дорад. Истиқлол гуфт, ки ин халқ соҳиби давлат аст ва ин халқ миллат шудааст. То замоне ки истиқлол надошт, миллат набуд. Агар қадами аввал ба сӯи сохтани миллат дар замони Шӯравӣ гузошта шуд, истиқлол ин роҳро ба поён расонд. Ин муҳимтарин бурдест, ки мо аз истиқлол дорем."
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми телевизиониаш ба муносибати рӯзи истиқлол таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллат”-ро муҳимтарин дастоварди ин давра номид. Ӯ дар ин паём бори дигар таъкид кард, ки ҳукумати кунунӣ ба “сохти
давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ” содиқ хоҳад монд: “Таҷрибаи ҳосилшуда ва таҳаввулоте, ки имрӯз дар ҷаҳони муосир мегузарад, бори дигар собит месозад, ки интихоби давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурбинона буда, имрӯз худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.”
Тарафдорони ҳукумат дар баробари сулҳу оромӣ, авҷи сохтмонҳо дар солҳои охир, қомат афрохтани биноҳои мӯҳташаме, чун Қасри Миллат, чойхонаи “Кохи Наврӯз”, Китобхонаи миллӣ, Боғи Парчам бо миллаи 165-метрии парчам ва ба сурати умум, тағйири комили симои маркази пойтахт, шаҳри Душанбе, бозсозии роҳҳои асосии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Қулма ва шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд бо нақбҳои Истиқлолу Шаҳристонро, ки иртиботи доимӣ байни шимол ва маркази Тоҷикистонро таъмин кард, аз ҷумлаи дигар дастовардҳои муҳими 24 соли истиқлоли Тоҷикистон ном мебаранд.
Аммо мунтақидон мегӯянд, Тоҷикистон бо вуҷуди касби эътирофи байналмилалӣ, натавонист ҳамчун як давлати комёб худро дар ҷаҳон матраҳ кунад. Онҳо мегӯянд, ҳукумат дар 24 сол натавонист мардумро
бо нирӯи барқи доимӣ ва ҷои кори шоиста таъмин кунад, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбад ва аз нигоҳи сиёсӣ вобастаи Русия боқӣ монда, дар солҳои охир аз нигоҳи иқтисодӣ торафт бештар вобастаи Чин мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиаш ифротгароӣ ва терроризмро аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии имрӯза ба истиқлоли Тоҷикистон ном бурд ва гуфт, ин хатарҳо “ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вале бисёриҳо мегӯянд, набояд аз чолишҳои дигари гиребонгири Душанбе, ба мисли вуҷуди садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ ва асосан аз ҳисоби 4 миллиард доллар пулҳои интиқолии онҳо таъмин шудани гузарони зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон низфаромӯш кард. Ҳамин тавр, маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ, таъқиби дигарандешон ва дар 24 соли истиқлолаш то ҳол дар Тоҷикистон доир нашудани як интихоботе, ки нозирони байналмилалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботи озоду демократӣ эътирофаш кунанд, аз ҷумлаи дигар нуқтаҳои заъфи Тоҷикистони соҳибистиқлол ном бурда мешаванд.
Иброҳими Усмон низ мегӯяд, таъмин карда натавонистани як зиндагии шоиста барои мардум аз нокомиҳои аслии даврони истиқлоли Тоҷикистон боқӣ мемонад: “Мушкилтарин масъала ба кори сазовор таъмин кардани мардум аст. Кор ҳамон аст, ки барои таъмини рӯзгор кифоят кунад. Мутаассифона, азбаски чунин кор дар Тоҷикистон нест, теъдоди зиёди мардуми мо дар мусофират барои таъмини зиндагии худ нон пайдо мекунанд. Ин мушкилтарин паҳлуи зиндагии имрӯзаи мост. Ва танҳо вақте ки ин мушкил ҳал шуд, мо бо дили пул гуфта метавонем, ки ҳамаи интизориҳои мо аз истиқлол ба даст омад.”
Солгарди 24-уми истиқлоли Тоҷикистон дар ҳоле таҷлил мешавад, ки ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 500 нафар аз шаҳрвандони тоҷик дар Сурияву Ироқ ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд, дар дараи Ромит амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода ва талошҳо барои бастани ҳизби наҳзати исломӣ идома доранд. Ин ҳама дар пасманзари сарусадоҳо дар бораи тақвияти ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ дар минтақа мояи нигарониҳои бештаре дар бораи ояндаи суботи Тоҷикистон шудааст.
Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, дар 24 соли истиқлол таҳия нашудани як ормони миллӣ ва идеологияи қавиеро, ки умед ба як ояндаи некро дар зеҳни мардум ҷо кунад, аз нуқтаҳои асосии заъфи истиқлоли Тоҷикистонмеҳисобад: “Муттассифона, солҳои охир ҷомиаро боз рӯҳафтодагӣ ва ноумедӣ фаро гирифтааст. Мо натавонистем кишваре бисозем, ки тамоми сокинонаш худро як миллат, яъне тоҷикистонӣ эҳсос кунанд. Ҳазорон нафар дар ин солҳо тарки Тоҷикистон карданд. Қариб 400 ҳазор аз тоҷикистониҳо шаҳрванди Русия шуданд. Ва дар пасманзари қазияи Абдуҳалим Назарзода бубинед, ки матбуот ва доираҳои коршиносии Русия аз Тоҷикистон ба унвони як давлати ташаккулнаёфта ном мебаранд.”
Таърихи Тоҷикистони муосир аз замони таъсиси Ҷумҳурии мухтори Шӯравиву Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон дар таърихи 29 октябри соли 1924 оғоз мегирад. 16 октябри соли 1929 сифати “мухтор” аз исми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазф ва он аз ҳайати Узбакистон ҷудо карда шуд, вале то соли 1991 тобеи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монд.
Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон рӯзи 9 сентябри соли 1991, дар охирин моҳҳои қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар иҷлосияи ҳафтуми Шӯрои олӣ – парлумони вақти Ҷумҳурии то он рӯз Шӯравиву Сотсиалистии Тоҷикистон – тасвиб шуд. 2 марти соли 1992 Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Тоҷикистони кунунӣ дар 142 000 километри мураббаъ доман густурда, 8,5 миллион аҳолӣ дорад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар сол беш аз 8 миллиард доллар буда, ба ҳар сари аҳолиаш 1041 долларро ташкил медиҳад.