Расми адои савганди навбатии Эмомалӣ Раҳмон иттифоқан дар рӯзе сурат гирифт, ки дуруст 21 сол пеш - 16 ноябри соли 1992 иҷлосияи 16-уми барои ӯ тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд.
Дуруст 21 сол пеш, рӯзи 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Саидӯҷа Урунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистон - оғоз ёфт. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар тирамоҳи соли 1992 ба ҳадафи асосиаш - хатми ҷанг ва истиқрори сулҳ - даст наёфт, вале нуқтаи оғози даврони раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон(он вақт Раҳмонов) шуд.Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон иҷлосияи таърихӣ дар Қасри Арбоб ба курсии раёсати Тоҷикистон нишаст.
Таърихчаи иҷлосияи 16 (бознашри мухтасар аз соли 2006)
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби колхози ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаеви Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 дар шароите оғоз шуд, ки пойтахт Душанбе дар ҳоли муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт ва вазъият дар сангарҳои ҷанг, бахусус дар водии Вахш босуръат ба фоидаи Фронти Халқӣ тағйир меёфт. Бо вуҷуди нокомии ҳамлаи рӯзи 24 октябри Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе, нирӯҳои вафодор ба Ҳукумати муросои миллӣ (ҲММ) натавонистанд муваффақияти низомии худро ба фаротари атрофи Душанбе тавсиъа диҳанд ва нирӯҳои аз пойтахт ақибнишастаи Фронти Халқӣ дар километри ҳамагӣ даҳуми шоҳроҳи Душанбе – Регар дар давру бари тарабхонаи “Шоҳамбарӣ” сангар гирифтанд.
Рӯзи 1 ноябр ин нирӯҳо танҳо хатти роҳи оҳани ба сӯи Душанберо аз чанд ҷо тахриб карда, пойтахтро дар ҳоли муҳосираи иқтисодӣ қарор доданд. Баста шудани роҳҳо бар иловаи дастикам 120 000 гуреза аз ду водии Вахшу Ҳисор, ки низ худро ба Душанбе зада буданд, боиси ба осмон хестани қимати маҳсулот дар бозорҳои пойтахт ва норозигии ҳар чӣ бештари мардум аз ҲММ мешуд.
Дар ҳамин авоили моҳи ноябр буд, ки ҲММ дар тақрибан ҳама навоҳии водии Вахш аз Фронти Халқӣ шикаст хӯрд.
Давлати Искандаров ба хотири бақо иқдомотеро, албатта, рӯи даст гирифта ва аз ҷумла ба манзури таскин додани мардуми шимол, ки аз истеъфои иҷбории президент Раҳмон Набиев дар таърихи 7 сентябри соли 1992 озурда буданд, намояндаи клани Хуҷанд Абдумалик Абдуллоҷоновро ба симати сарвазирӣ нишонд. Қадами дигари ҳукумат таъсиси як Шӯрои давлатӣ, иборат аз 18 нафар дар таърихи 7 ноябр буд, ки ба ғайри Абдуллоҷонов фармондеҳи вақти дивизияи 201-уми артиши Русия генерал Мӯҳриддин Ашӯров низ узваш буд. Аммо Шӯрои давлатиро Русия напазируфт ва генерал Ашӯров низ аз он хориҷ шуд.
Рӯзи 9 ноябр дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар Бишкек ҳарду тарафи ҲММ ва Фронти халқӣ ҳар яке мустақилона талош карданд, то ҳақиқати ҷониби худро ба самъи ин маҷлис бирасонанд. Душанберо дар нишасти Бишкек раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ва аммо Фронти Халқиро раиси тозамунтахаби кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов намояндагӣ мекарданд. Ин нахустин мавриди дар арсаҳои сиёсии берун аз Тоҷикистон матраҳ шудани исми Раҳмонов буд.
Баъди онки маълум шуд, ки кишварҳои манфиатдор, ба хусус Русияву Узбакистон аз мухолифони ҲММ ҳимоят мекунанд, ин ҳукумат рӯзи 12 ноябри соли 1992 ба хатти истеъфояш имзо гузошта, ночор шуд, ки иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро дар Хуҷанд баргузор кунад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб рӯзи 16-уми ноябр шурӯъ шуда, вакилони порлумон алакай дар рӯзи 18-ум Акбаршоҳ Искандаровро аз мақоми раёсат фаро хонданд ва раиси ҳукумати вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмоновро бо аксарияти оро ба мақоми раёсат нишонданд.
Иҷлосияи 16-ум ба ҳар сурат барои Эмомалӣ Раҳмонов ҳамон тахтаи хезе шуд, ки ӯро барои солиён дар маснади раҳбарии Тоҷикистон нишонд. Нуралии Давлат, муаррихи тоҷик мегӯяд, дар интихоби раиси нав муҳим шахси Раҳмонов набуд: “Вай фарқ надошт, ки Эмомалӣ Раҳмонов, ё Ҷиёнхон Ризоев, ё Қурбоналӣ Мирзоалиев . Ман фикр мекунам, ҳар нафаре ки раиси вилояти Кӯлоб мебуд, ин вазифаро мегирифт. Ва Раҳмонов, ки ҳамагӣ ду ҳафта ба ҳайси раиси вилоят кор карда буд, дар вақти лозим ва дар ҷойи лозим зуҳур кард. Ва азбаски чун раиси вилоят ва ҳамчун вакили Шӯрои Олӣ ба сиёсат ҳам ворид буд, ба мақоми раёсат расид. Аммо реша аслан дар ҳамон мансаби раиси вилояти Кӯлоб аст ва маълум буд, ки Русияву Узбакистон ба Фронти Халқӣ такя мекунанд.”
Дар рӯзҳои поёнии иҷлосияи 16-ум, ки то 1 декабр давом кард, аъзои парлумон ҳайъати ҳукумати нави Тоҷикистонро низ тасдиқ карданд. Сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов ҳамчун намояндаи шимоли кишвар барҷой монд ва тавонист блоки иқтисодии давлаташро умдатан аз тарафдорони худ ташкил диҳад, вале бештари курсиҳои калидии ин ҳукумат, аз ҷумла раҳбарии кулли соҳоти интизомӣ ба дасти намояндагони минтақаи Кӯлоб гузашт. Аз ҷумла Ёқуб Салимов вазири умури дохила, Саидамир Зуҳуров вазири амният, Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Абдураҳмон Азимов муовинони сарвазир ва Муҳаммадназар Солеҳов додситони кулл таъйин шуданд. Александр Шишлянников, намояндаи Русия ва генерали артиши Узбакистон ҳамин тавр вазири дифоъи Тоҷикистон мансуб шуд.
Нуралии Давлат мегӯяд, дар он шабу рӯз бисёре аз шахсиятҳои варзида ба бақои давлати Раҳмонов бовар надоштанд ва аз ҳамкорӣ бо он худдорӣ мекарданд: “Раҳмонов ҳам баъдан чандин бор гуфта буд, ки мо ба бисёр нафарон пешниҳод кардем, ки биёед, мансаб бигиред ва ҳамроҳ мо ба Душанбе рафта, кор кунед, розӣ намешуданд. Аксар бовар надоштанд, ки вазъ ором мешавад. Ҳатто пешгӯӣ ҳам мекарданд, ки ин ҳукумат то се моҳи дигар суқут мекунад.”
Иҷлосияи 16-ум самин тавр ба наздики ним аср собиқаи раҳбарии намояндагони сулолаи Хуҷанд бар Тоҷикистон нуқтаи таммат гузошт ва бози давлатро ба пушти шонаи сулолаи наве иборат аз намояндагони вилояти Кӯлоб нишонд.
Дар ин иҷлосия албатта талош шуд, ки нуфузи намояндагони шимол ҳифз шавад ва ҳатто бо роҳи тағйири қонунгузорӣ як силсила аз салоҳиятҳои раисиҷумҳурро, ки мақомаш дар ҳамин иҷлосия бо таъйиди истеъфои Раҳмон Набиев ихтисор шуд, ба сарвазир ироа карданд. Дар ҳошияи иҷлосияи шонздаҳум ҳатто гуфта мешуд, ки Тоҷикистон акнун як низоми давлатдории шабеҳи Бритониёро таъқиб хоҳад кард, ки дар он раҳбари аввал ва амалии кишвар сарвазир мешавад. Аммо дар ниҳоят ин ҳама сенарияҳо нақше бар об шуд ва то ҳол, ки аз он иҷлосияи таърихӣ 21 сол мегузарад, Эмомалӣ Раҳмон дар сари қудрат истодааст ва Абдуллоҷонов, ки дар тирамоҳи соли 1992 ҳанӯз орзуи расидан ба мақоми аввалро дар сар дошт, ҳамагӣ ду сол баъд аз Тоҷикистон фирор кард ва инак, 18 сол боз дар ғурбат ва таҳти таъқиб ба сар мебарад.
Зуҳури Раҳмон(ов)
20 сол пеш зимоми қудрат дар Тоҷикистон ба дасти Эмомалӣ Раҳмон (он вақт Раҳмонов) гузашт. Пешрафти ин марди барои кишвар ношинос дар майдони сиёсат барои бисёриҳо ғайриинтизор буд. Ҳукумати расмӣ ду даҳсола боз дар бораи бурузи Эмомалӣ Раҳмон дар майдони сиёсат қиссаҳо таҳия мекунад. Аммо ин таҳаввулот чигуна сурат гирифт ва оё дуруст аст, ки қабл аз нишастан ба курсии раҳбарӣ ӯ бо Маскаву Тошканд вориди муомилот буд?
Соли 1992. Бӯҳрони сиёсӣ ва комилан фалаҷ шудани ҳукумати иҷроия. Муқовимати гурӯҳҳои мусаллаҳ - Фронти Халқӣ аз як тараф ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин аз тарафи дигар. Президенти он давр Раҳмон Набиев маҷбуран ба истеъфо рафт ва акнун тасмимҳои сиёсӣ роҷеъ ба сарнавишти кишвар дар хориҷ гирифта мешуд.
Тақрибан ҳамаи вилоятҳои Тоҷикистон ба ҳукумати марказӣ тобеъ набуд. Маскаву Тошканд аз раиси Шӯрои олии Тоҷикистон талаб карданд, ки оташи бӯҳрони сиёсиро фурӯ нишонад. Он вақт Акбаршо Искандаров ба ҷуз даъвати сессияи фавқулода дар дар Хуҷанд чораи дигаре надошт. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ таври маъмул на дар бинои парлумони вилоят, балки бинобар масоили амниятӣ дар канори Хуҷанд, дар Қасри Арбоб, баргузор шуд.
Рисолати аслии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ҳалли бӯҳрон ва хотима додан ба хунрезиҳо буд. Акбаршоҳ Искандаров бо ин роҳ мехост парлумони кӯҳнаро пароканда карда, парлумони навро рӯи кор биёрад. Ӯ бовар дошт, сабаби аслии бӯҳрон тақсими нобаробари салоҳиятҳо дар байни минтақаҳои Тоҷикистон буд.
Аммо ин сиёсатмадори камтарҷирба хабар надошт, ки дар пушти саҳнаи Иҷлосияи 16-ум коргардонҳое даст ба амал буданд, ки исми ӯро аз рӯйхати афроди даркорӣ хат задаанд. Интригаи асосӣ дар Хуҷанд дар атрофи курсии раиси Шӯрои олӣ ҷараён гирифт. Вақте намояндагони мухолифин фаҳмиданд, ки депутатҳои минтақаи Кӯлоб барномаи аз бозӣ берун кардани Акбаршоҳ Искандаровро тарҳрезӣ кардаанд, дарҳол пешниҳоди ба вақти дигар гузаронидани ҷаласи Шӯрои олиро дар миён гузоштанд. Аммо намояндагони Фронти Халқӣ, ки аз пуштибонии Маскаву Тошканд бархӯрдор буданд, боитминон амал мекарданд.
Дар ин ҷаласа намояндагони Фронти Халқӣ, ки қабалан барқарор кардани «сохти конститутсионӣ»-ро талаб мекарданд, ғайриинтизори мухолифин, дигар дар фикри ба курсии раҳбарӣ баргардонидани президенти он давр Раҳмон Набиев набуданд. Баръакс, акнун онҳо номзадии Эмомалӣ Раҳмонов, намояндаи мардумӣ аз минтақаи Кӯлобро ба мақоми раиси Шӯрои олӣ пешниҳод карданд ва масъалаи муваққатан даст кашидан аз сохтори идораи президентиро матраҳ намуданд.
Рафтани Акбаршоҳ Искандаров аз курсии раиси Шӯрои Олӣ барои мухолифин дарднок буд. Аммо онҳо таъйини Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақомро пазируфтанд ва барои пуштибонӣ аз раиси нави Шӯрои олӣ изҳори омодагӣ карданд. Дар вақти танаффуси дурӯзаи парлумон, Эмомалӣ Раҳмон, ки акнун ба мақоми раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда буд, аз назарҳо нопадид буд. Матбуоти расмӣ гуфт, ӯ дар ин муддат аз ноҳияи Шаҳритӯс дидан кардааст.
Нуқтаи авҷи Иҷлосияи 16-ум дар Хуҷанд оши оштии тарафҳои даргир буд. Фармондеҳони Фронти Халқӣ ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин бо ҳам даст доданд, савганди бародарӣ хӯрданд ва якҷо парчами кишварро бӯсиданд. Аммо баробари ба поён расидани иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд, даргириҳодар водиҳои Вахшу Ҳисор бо нерӯи дучанд шурӯъ шуд. Сессияи 16-ум, ончунон ки интизор мерафт, сулҳофарин нашуд, аммо ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оғоз гузошт. Дар тирамоҳи соли 1992 дар Қасри Арбоб ҳанӯз касе намедонист ва бовар ҳам намекард, ки ин марде ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш раиси қатории як колхози қаторӣ дар ноҳияи Данғара буд, барои даҳсолаҳо ба чавкии қудрат менишинад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад