Пас аз ҳашт моҳи хидмат дар ноҳияи Бикинскии вилояти Хабаровск, Шарқи Дур ба Назир Абдулалиев, як ҷавони 30-солаи тоҷик шаҳрвандии Русияро доданд. Абдулалиев сарбози қарордодии артиши Русия аст.
Маоши хуб ва дастрас кардани шаҳрвандии Русия ангезаи аслии ҷалби ҷавононе мисли Назир ба артиши Русия аст.
Хидмати Назир Абдулалиев дар артиши Русия бар пояи қонун “Дар бораи хидматчиёни ҳарбӣ” сурат мегирад, ки президенти Русия
Чун аз қонунҳои Русия огаҳӣ дорам, аз ман мепурсанд, ки чӣ тавр барои хидмат бар артиш бираванд. Мақсади асосӣ гирифтани шиносномаи русӣ аст. Дуюм, бисёре аз ҷавонон, ки корашонро аз даст медиҳанд ва онҳоро хатари ихроҷшавӣ таҳдид мекунанд, зуд ба комиссариатҳои ҳарбӣ ариза медиҳанд
Владимир Путин моҳи январи соли 2015 имзо кард. Дар чаҳорчӯби ин фармон шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, ки аз 18 то 30-сола ҳастанд ва забони русиро медонанд, аз роҳи қарордодӣ дар артиши ин кишвар хидмат мекунанд.
Назир Абдулалиев моҳи ноябри соли 2016 барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт ва барои хидмат дар артиши Русия ариза дод. Пас аз се моҳ ӯро ҳамчун сержанти калон ба сафи нерӯҳои марзбонии Русия дар марзи Чин даъват карданд.
Назир Абдулалиев мегӯяд, бисёр ҷавонони ҳамватанашро медонад, ки барои хидмат дар артиши Русия ариза додаанд ва моҳҳо посухи мақомоти он кишварро интизоранд. Абдулалиев мегӯяд, ин далел, ки ӯ дар артиши Тоҷикистон хидмат карда буд, маълумоти олӣ дорад, вазъи саломатиаш хуб аст ва забони русиро хуб медонад, шомил шуданаш ба ба артиши Русияро осон кард
Бо доштани рутбаи сержанти калон Абдулалиев метавонист дар артиши Тоҷикистон низ кор кунад, аммо мегӯяд, маоши баланд ва ҳақи шаҳрвандӣ ӯро ба идомаи хидмати низомӣ дар Русия таҳрик дод.
“Ду сол дар Вазорати мудофии Тоҷикистон хидмат кардам. Ҷое, ки ман хидмат кардам, аз шароитам дар Русия фарқи зиёде надорад. Фарқи асосӣ ҳамин аст, ки ин ҷо маоши баландтар медиҳанд ва дар сурати дар миёнсолӣ ҳам ба нафақа баромадан бароят манзили зист медиҳанд”, - гуфт Абдуллоев рӯзи 23 октябр дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ.
Ҳамроҳи Назир дар Шарқи Дур, сардтарин минтақаи Русия, ки ҳарорати ҳаво дар фасли сармо то 40 дараҷа мерасад, 12 тоҷики дигар низ хидмат мекунад ва онҳоро бештар аҳдофи молӣ ба ин ҷо овардааст.
Назир агар як соли дигар дер мекард, ё муроҷиаташ таъхир мешуд, шонси хидмат дар артиши Русияро аз даст медод, чун солаш аз 30 боло мешуд.
Сарбозӣ барои шаҳрвандӣ, нафақа ва манзили зист
Абдулло Давлатов, фаъоли тоҷик дар Маскав рӯзи 24-уми октябр гуфт, шумораи ҷавонони тоҷик, ки хоҳони хидмат дар артиши Русия ҳастанд, рӯ ба афзоиш аст. Омори дақиқе дар бораи теъдоди тоҷикон дар артиши Русия бо далели “сирри ҳарбӣ” вуҷуд надорад, аммо Давлатов мегӯяд, агар соли гузашта ба ӯ се нафар барои рафтан ба артиш кӯмак хоста бошад, дар чанд рӯзи охири дар ин робита ба ӯ ҳафт нафар муроҷиат кардааст.
Давлатов гуфт: “Чун аз қонунҳои Русия огаҳӣ дорам, аз ман мепурсанд, ки чӣ тавр барои хидмат бар артиш бираванд. Мақсади асосӣ гирифтани шиносномаи русӣ аст. Дуюм, бисёре аз ҷавонон, ки корашонро аз даст медиҳанд ва онҳоро хатари ихроҷшавӣ таҳдид мекунанд, зуд ба комиссариатҳои ҳарбӣ ариза медиҳанд. Аксари онҳо бо машварати калонтарҳо ба хотири дар оянда гирифтани нафақаи хуб ва манзили зист талош мекунанд.”
Абдулло Давлатов мегӯяд, ҳамчун тоҷик аз ин ки ҳамватанонаш аз хидмат дар ватани худ фирор ва барои хидмат дар артиши кишвари бегона талош мекунанд, мутаассиф аст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти тоҷик бояд шароити беҳтаре фароҳам кунанд, то низомиён дар ватани худ бимонанд.
“Ин раванди хуб нест”
Таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик ба хидмат дар артиши Русия дар ҳолест, ки ҳоло дар Тоҷикистон мавсими даъвати тирамоҳӣ ҷараён дорад ва бар асоси гузоришҳои расида, ҷавонони зиёде, ки намехоҳанд, ба артиш бираванд, бо роҳи маҷбурӣ ё худ “облава” ҷалб мешаванд.
Нуралишоҳ Назаров, генерали бознишастаи тоҷик рӯзи 24-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин тамоюл чандон хушбин нест, чун ин раванд ватандӯстии ҷавононро зери шубҳа мебарад. Ҳарчанд, ба гуфти ӯ, ҷалби ҷавонон ба артиши Русия ғайриқонунӣ нест:
“Қонунҳои Тоҷикистон ҳам, ки бо Русия даҳҳо шартнома имзо кардаем, ба ин мухолифат намекунад. Лекин ман аз ин чандон хушнуд нестам, чун ин нишондиҳандаи ватандӯстии ҷавонони мо нест. Замони Шӯравӣ дигар буд. Он вақт тамоми Шӯравӣ ватани мо ҳисоб мешуд. Ба фикри ман, бояд ҳар кас дар ватани худ хидмат кунад.”
Сафаров: “Мо бо Русия дар як низоми амниятӣ ҳастем”
Соли гузашта дар Тоҷикистон бо тағйири чанд қонун хидмати афроде, ки соҳиби душаҳрвандӣ ҳастанд, дар сохторҳои низомӣ манъ карданд. Аз ин рӯ, орзуи Назир, ки дубора барои кор ҳамчун шаҳрванди Русия дар сохторҳои низомии Тоҷикистон як орзуи амалинашванда ҳаст.
Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҷалби ҷавонони тоҷик ба артиши Русияро як кори маъмулӣ ва қонунӣ медонад: “На ҳамаи шаҳрвандони синни хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ба артиш даъват мешаванд. Аз ин рӯ, як қисми шаҳрвандони мо дар Артиши Русия хидмати ҳарбӣ кунанд, ҳеҷ ҷои бадӣ надорад. Русия ва Тоҷикистон, ки дар як низоми амниятӣ ҳастем, хидмати ҷавонони мо дар артиши ин кишвар як кӯмак аст, муттаҳид кардани нерӯҳо ҳангоми хавфу хатар аст.
Манфиатҳои сиёсӣ ва низомии Русия бо мо як ҳаст. Нерӯҳои низомии мо ҳамеша дар як ҷо машқ мекунанд, дар ҳайати СПАД ва дигар созмонҳои низомӣ ҳамроҳ ҳастем. Дар ҳолати пайдо шудани нерӯҳои таҳдидкунанда ба амнияти минтақа мо бо якдигар кӯмак мекунем. Аз ин рӯ, будани тоҷикон дар артиши Русия ба манфиати мо низ ҳаст”.
Русия тасмим дорад, то соли 2021 шумораи ҳарбиёни қарордодӣ дар артишашро ба 500 ҳазор нафар бирасонад. Вазорати мудофиаи Русия гуфтааст, барои татбиқи ин барнома мехоҳад, шумораи бештари шаҳрвандони кишварҳои Шӯравии собиқро ҷалб кунад. Абдулалиев ва ҷавонони дигар ҳоло марзи Русия бо Чинро посбонӣ мекунанд. Аммо бо назардошти ҷоҳталабиҳои Маскав маълум нест, ки баъдан онҳоро ба куҷо интиқол медиҳанд.
Вале коршиносон мегӯянд, ҷалби сарбозон бо ваъдаи тақдими шаҳрвандӣ идомаи дигари тамоюли фирори мағзҳо аз Тоҷикистон аст, ки паймадҳои ногувор барои ояндаи ин кишвар хоҳад дошт. Дар давоми солҳои гузашта ҳудудан 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби мақоми душаҳрвандӣ бо Русия шуданд ва аксари онҳо қишри соҳибмаълумот ва рӯшанфикр ҳастанд, ки худи Тоҷикистон ҳам онҳо ниёз дорад. Абдулло Давлатов мегӯяд, Тоҷикистон бояд ин ҳама тамоюлҳоро ҷиддӣ бигирад, то ки ба ояндаи захираҳои зеҳнии кишвар осеби ҷиддӣ нарасад.