Мақомоти интизомии Афғонистон мегӯянд, макони эҳтимолии толибони аксаран тоҷиктаборе, ки дар рабудани 12 корманди гузаргоҳи марзии "Шерхон-Бандар"-и Афғонистон даст доранд, дақиқ кардаанд ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои беосеб раҳо кардани онҳо ҳастанд.
Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси вилояти Қундуз, ки рӯзи 27 ноябр бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, сӯбат мекард, гуфт, мақомоти Афғонистон ин одамрабоиро хеле ҷиддӣ гирифтаанд ва тамоми роҳҳои имконпазир барои солим раҳо кардани онҳоро истифода хоҳанд бурд.
Ӯ мегӯяд, то ҳол ҳеҷ тамосе бо ин толибоне, ки миёнашон бо эҳтимоли хеле зиёд шаҳрвандони Тоҷикистон аксарият ҳаст, гирифта нашудааст ва онҳо ҳам барои мақомот ҳадафи рабудани кормандони одии гузаргоҳи “Шерхон-Бандар”-ро шарҳ надодаанд.
Саидсарвар Ҳусайнӣ афзоиши гурӯҳи толибон дар марзҳо ба Тоҷикистонро хатар барои ҳар ду кишвар медонад: “Толибон ҳар ҷое бошанд, хатар вуҷуд дорад. Ҳоло инҳо дар вулусволии Имом Соҳиб, ки бо Тоҷикистон ҳаммаарз аст, фаъол шудаанд ва инчунин, дар улусволии Дашти Арчӣ. Мо маълумоте дорем, ки миёни толибоне, ки дар марз бо Тоҷикистон ҳастанд, шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд ҳастанд. Ҳузури инҳо дар марз бо Тоҷикистон ҳам ба мо ва ҳам ба кишвари ҳамсоя хатар дорад. Аммо умедвор ҳастам, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон ба фаъолиятҳои онҳо монеъ хоҳем шуд.”
Коршиносон бар ин назаранд, ки агар мақомоти тоҷик ба ин ҳодисаҳо, ки дар он сӯи марз мегузарад, ҷиддӣ муносибат накунанд, эҳтимоли такрори ҳодисаи ҳамсон дар ин тарафи марз ҳам аз воқеият дур нест.
Нуралишоҳ Назаров, генерали тоҷик ва собиқ фармондеҳи ситоди кулли нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, хатари гурӯҳҳои тундгаро аз замони ҷанги шаҳрвандӣ дар марз вуҷуд дошт. Аммо ӯ мегӯяд, ҳоло дар қиёс ба гузашта ин гурӯҳҳо фаъолтар ва хатарноктар шудаанд. Ба гуфтаи генерали тоҷик, то чанд соли пеш онҳо дар хоки Тоҷикистон ҳамандешу ҳамназар надоштанд, вале ҳоло бо фаъол шудани ҳаракати Салафия ва Ҳизб-ут-таҳрир дар Тоҷикистон заминаи амалиёт дар ҳар ду тараф барояшон имконпазир шудааст.
Ҷаноби Назаров мегӯяд: “Омодабоши сарҳадбонони тоҷик бояд дар дараҷаи баланд бошад. Онҳо метавонанд, сарҳадбонони моро ҳам бигиранд. Ин гапи нав нест, ки дар ҳайати онҳо тоҷикон ҳастанд. Тоҷиконе ҳастанд, ки ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ рафта, барнагаштаанд ва то ҳол сафҳои худро бо роҳҳои пинҳонӣ аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ пур мекунанд.”
Аммо Маҳдии Собир, корманди Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, нерӯҳои амниятии Тоҷикистон то ҳадде омода ҳастанд, ки фаъолшавии ин гурӯҳҳо ҳеҷ хатаре ба амнияти кишвар надоранд: “Албатта, мо бояд ҳамеша омода бошем. Дар Афғонистон чунин ҳодисаҳо ҳар рӯз рух медиҳад ва ин кори дохилии Афғонистон ҳасту толибон бо ҳукумати он кишвар мушкил доранд. Тоҷиконе, ки дар сафи ин гурӯҳҳо ҳастанд, хеле каманд, ки ҳатто ҷуръати ҳаракат ба сӯи марзи Тоҷикистонро надоранд.”
“Шерхон-Бандар”, яке аз гузаргоҳҳои пураҳмият миёни Тоҷикистону Афғонистон аст, ки интиқоли молу коло миёни ду кишвар аксаран тариқи он сурат мегирад.
Нурулло Ҷаборов, як ронандае, ки аз назди ин гузаргоҳ тарқи мошини боркашаш маҳсулоти меавгӣ интиқол медиҳад, мегӯяд, рабудани 12 корманди гузаргоҳ ба кори ронандагон ҳеҷ таъсире нарасонидааст. Ӯ мегӯяд, имрӯз онҳо он ҷо ҳузур дошатнд ва кор мисли рӯзҳои қбал идома дошт. Ба гуфтаи ин ронанда, онҳо дохили Афғонистон намераванд, вале аз ҳамтоёни афғонашон мешунаванд, ки рӯзона амният дар роҳҳо таъмин аст ва ба касе ба онҳо кор надорад. Аммо ӯ афзуд: “Мо ба он тараф намегузарем. Ронандаҳои афғон борро то марз меоранд ва мо аз ҳамин ҷо мегирем. Онҳо мегӯянд, ки рӯзона ҳеҷ гап нест, вале шабона худашон ҳам аз ҳаракат дар роҳҳо метарсанд. Мо дар Тоҷикистон бештар шабона ҳаракат мекунем, аммо онҳо – фақат рӯзона.”
“Шерхон-Бандар” дар рӯ ба рӯи гузаргоҳи марзии “Панҷи Поён” –и Тоҷикистон воқеъ аст ва пули иртиботии бузурге ин ду гузаргоҳро ба ҳам мепайвандад. Ин пул соли 2007 аз ҷониби Амрико бо ҳазинаи беш аз 30 миллион доллар сохта шудааст.