Хабарнигорони телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла шабакаи “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” дастур гирифтаанд, ки аз ин ба баъд бештар ба таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва танқидӣ пардозанд.
Гоҳе расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи селу ҳавои сарди он сӯи Уқёнус хабар медиҳанд, вале ончиро, ки дар кишвар мегузарад, намебинанд
Бино ба нусхаи рӯйхате, ки рӯзи 16-уми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба хабарнигорони ин ду шабака дастикам то ҳафтод мавзӯи таҳлилӣ ва танқидӣ пешниҳод шудааст. Мавзӯъҳо аз сохтмонҳои нотамом гирифта, то таҳсил дар вагонҳо, роҳҳои харобу валангор, баҳси замину ифротгароӣ, ҳиҷоб, камбуди оби ошомиданӣ, партовҳо, аз фаъолият бозмондани корхонаҳо ва омилҳои фарбеҳшавиро дар бар мегиранд.
“Рӯйхати расмӣ нест, тавсиявӣ аст”
Маълум нест, ки ин феҳристи мавзуъҳо кай ва аз тарафи кӣ қабул шудааст. Дар нусхаи феҳристе, ки дар дасти мо қарор дорад, гуфта мешавад, ба таҳияи ин гузоришҳо шуъбаҳои ахбори телевизионҳо машғул мешаванд ва чунин гузоришҳо бояд “пайваста пахш гардад”.
Баъзе аз хабарнигорони телевизионҳои давлатии Тоҷикистон вуҷуди чунин рӯйхати мавзӯъҳоро тасдиқ карданд. Аммо гуфтанд, ки ин ягон санади расмӣ нест ва танҳо мавзӯъҳои пешниҳодӣ аз тарафи раҳбарони худи телевизионҳост.
Видео: "Дар телевизионҳо таъриф ҳаст, танқид нест"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як хабарнигори телевизиони давлатӣ, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, ҳадаф аз таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва танқидӣ “инъикоси мушкили сокинон, бахусус дар минтақаҳо” ва “ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба ҳалли он” будааст. “Мушкилот бештар дар ноҳияҳои кишвар аст. Аз мактабҳои таъмирталаб сар карда, то азхудкунии заминҳо ва сари вақт напардохтани маош ё нафақаи сокинон. Дар пойтахт назорат бештар аст”, - гуфт ӯ.
“Давлатдорӣ бе камбуд намешавад”
Мусоҳиби мо афзуд, онҳо дар гузашта низ аз мушкили сокинон гузоришҳо медоданд, вале баъди як изҳороти президент масъала ҷиддӣ гирифта шудааст. Ду моҳ пеш раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз хабарнигорон ва бахусус кормандони телевизионҳои кишвар хост, ки ба ҷойи таърифу тавсифи аз ҳад зиёд аз камбудҳои ҷомеа бигӯянд. Ӯ ҳангоми ифтитоҳи студияи нави телевизиони вилояти Суғд гуфт, ки “давлатдорӣ бе камбуд намешавад”.
Дар ҳоле ки чанд сол боз расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз даст задан ба масоили доғи сиёсӣ ва иҷтимоӣ парҳез мекунанд, дар барномаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ сухан танҳо аз пешрафту дастовардҳо меравад. Телевизионҳои давлатӣ танҳо дар баъзе ҳолат аз ҷамъ шудани партовҳо ё ҷӯборҳои тозанашуда ва ё мактаби нимвайрон дар минтақаҳо гузориш медиҳанд.
Се сол пеш фаъолияти шарҳрдори собиқи Душанбе Муҳаммасаид Убайдуллоев низ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ танқид шуда буд. Аз ҷумла, барои холӣ мондани бозори "Пойтахт 90" (ҳоло Меҳргон) аз тоҷирон, ки бо харҷи чиҳил миллион доллар сохта шудааст. Аммо ҳукумати вақти Душанбе гуфта буд, ки гузориши телевизионҳо “ғаразолуда” аст.
“Мушкили он сӯи Уқёнусро мебинанд, аз худамонро – не”
Фаррух Зиёев, раиси Радиои Тоҷикистон, мегӯяд, дар нашру пахши гузоришҳои танқидӣ аз тарафи мақомоте фишор ё сензура вуҷуд надорад.
Ӯ гуфт, “норозигӣ ва ё мувофиқ набудан ба далелу рақамҳои овардаи рӯзноманигор баъзан вақт аз тарафи баъзе мақомот ба таври шифоҳӣ ва ё хаттӣ баён мешавад. Дар ин гуна ҳолат мо имкон медиҳем, ки далелҳои раднопазири худро пешниҳод намоянд ва дар сурати зарурӣ раддияи онҳоро дар барнома истифода мебарем”.
Зиёев мегуяд, воқеан, таҳлилу баррасии мушкилоти ҷомеа ва инъикоси камбуд бо далелҳо дар барномаҳои телевизон ва радио дар рушди ҷомеа таъсири мусбат мегузорад.
Маҳмадкарим Диловаров, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, телевизионҳои давлатӣ ба ҷойи пайгирии мушкилоти доғи ҷомеа, пур аз мадҳу ситоиш ва барномаҳои тафреҳӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ гоҳе расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи селу ҳавои сарди он сӯи Уқёнус хабар медиҳанд, вале ончиро, ки дар кишвар мегузарад, намебинанд.
“Агар мғризона набошад, ба фоидаи ҷомеа аст”
Таҳлилгарон мегӯянд, ҳар танқиде, ки бо далелу санад аст, барои ислоҳ шудани ҷомеа ва ё инсон нақши муҳим дорад. Абдуқодири Абдуқаҳҳор, ки таҷрибаи зиёди кор дар радио ва телевизионҳоро дорад, гуфт, касе наметавонад бе камбуд зиндагӣ кунад ва адами танқид боиси он мегардад, ки инсонҳо, аз ҷумла мақомдорон аз воқеият дур монанд
“Вазифаи журналист ин аст, ки мушкилотро воқебинона пешниҳод кунад ва ба мардум расонад. Ҳушдор диҳад – кифоя, ҳал кардани он кори ӯ нест. Агар коре ки телевизионҳои давлатӣ мекунанд, муғризона набошад, барои рушди ҷомеа амали хубе хоҳад буд”, - шарҳ дод ӯ.
Мақоми поини Тоҷикистон дар раддабандии озодии баён
Бо ин ҳол, расонаҳои Тоҷикистон тайи беш аз се сол боз даврони мушкилеро пушти сар мекунанд. То кунун чанд нашрия ва оҷонсиҳои хабарӣ, аз ҷумла Тоҷнюс ва Озодагон аз фаъолият монда, чанд сомона дастнорасанд.
Тоҷикистон соли 2018 дар шохиси озодии матбуот аз миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор гирифт. Кишвраҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба сайтбандиҳо ва монеагузорӣ ба кори хабарнигорон хотима диҳанд ва ба озодии баён, ки яке аз рукнҳои аслии демократия аст, эҳтиром бигузоранд.
Аммо ҳукумат ҳамвора посух додааст, ки монеи кори хабарнигорон нашудааст ва аз кор мондани баъзе расонаҳо ба мушкили иқтисодии худи онҳо вобаста аст.