ТВ "Мир" пахши гузоришҳо аз Тоҷикистонро аз сар гирифт

Пас аз тахминан ду соли таъхир, телевизиони “Мир” дубора ба пахши гузоришҳо аз Тоҷикистон иҷозат дарёфт кард.

Телевизиони “Мир”, ки соли 1992 аз ҷониби кишварҳои узви созмони Муштарак-ул-Манофеъ таъсис шуд, сар аз наврӯзи соли 2016 пахши гузоришҳо аз Тоҷикистонро ба ҷуз аз барномаи хабариаш қатъ карда буд.

Дар сафари охири раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Минск Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус аз телевизиони “Мир” ёдовар шуд ва гуфт, ки дар бораи таҳаввулоти Тоҷикистон аз ин телевизион иттилоъ мегирад.

Як масъули дафтари намояндагии ин телевизион дар Душанбе рӯзи 4-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз соли нав телевизиони “Мир” ба пахши маъмулии барномаҳояш аз Тоҷикистон идома дод. То ин замон, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, ки пахши аксар барномаҳо аз Тоҷикистон қатъ шуда буд ва танҳо гоҳ-гоҳе гузоришҳои хабарии онҳо дар барномаи “Новости” пахш мешуд.

Идораи марказии ин телевизион дар Маскав қарор дорад. Будҷаи ин телевизион аз ҳисоби маблағҳои 13 кишвари пасошӯравӣ, ки барои фаъолияти он ҷудо мекунанд, ташаккул меёбад. Тоҷикистон низ чун яке аз муассисони ин телевизион фаъолияти филилиали ин ширкатро дар қаламраваш сармоягузорӣ мекунанд.

Соли 2016 Маскав сабаби пахш нашудани гузоришҳоро дар хароб будани FTP ва ё хатти интиқоли гузоришу матлабҳои видеоӣ гуфт. Аммо ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ сабаби аслии роҳ наёфтани гузоришҳо аз Тоҷикистон дар эфири ин телевизиони байнидавлатӣ норозигии бахши марказии телевизион дар Маскав аз сифат ва муҳтавои гузоришҳо ва инчунин кори маъмурияти дафтари ин телевизион дар Тоҷикистон гуфта буд.

Қудрат Афардӣ, раиси намояндагии телевизиони "Мир" дар Тоҷикистон он замон дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ пахш нашудани гузоришҳои дафтари зери роҳбариашро дар эфири телевизиони “Мир” тасдиқ, вале аз шарҳи сабабҳояш худдорӣ карда буд.

Дар сафари охири раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Минск Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус аз телевизиони “Мир” ёдовар шуд ва гуфт, ки дар бораи таҳаввулоти Тоҷикистон аз ин телевизион иттилоъ мегирад.

Зоҳиран пас аз ин тавсифи Лукашенко ҷониби Тоҷикистон ба пахши барномаҳояш дар ин телевизион таваҷҷуҳи бештар зоҳир кард, ки боиси ҳалли мушкил шуд.

Телевизиони “Мир” аз кишварҳои узви ИДМ бештар хабару гузоришҳои тафреҳиву иҷтимоӣ омода ва нашр мекунад.

Зимнан идеяи таъсиси телевизиони байнидавлатии “МИР” маҳз дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон ба вуҷуд омада баъдан амалӣ гаштааст. Нахустин ҷаласаи кории ҳамоҳангсозии шӯрои Телевизиони байнидавлатии “МИР” дар моҳи апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе баргузор гаштааст. Интихоби унвони телевизион “Мир” ҳам дар Душанбе сурат гирфитааст. Он замон Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва иштирокчиёни нахустин ҷаласаи шӯро исми шабакаро рамзӣ “Мир”, яъне сулҳ гузоштанд.