Ворисони Махдумқулӣ забони Рӯдакиро меомӯзанд. ВИДЕО

Айнура Қурбонова донишҷӯи соли дуввуми факултаи “Забон ва адабиёт”-и тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ду сол пеш аз минтақаи Чорҷӯи Туркманистон ба Душанбе омад.

Айнура як орзу дорад – мехоҳад дар Туркманистон аз фанни забону адабиёти тоҷикӣ дарс гӯяд ва агар бахташ хандид, дар оянда ба ҳайси як дипломати кишвараш дар вазорати хориҷа ба кор дарояд.

Айнура мегӯяд, ҳанӯз забонро хуб аз худ накардааст ва бисёр мехоҳад

Дар инҷо таҳсил арзон аст ва барои ҳамин Тоҷикистонро интихоб кардам. Мо дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунем ва ҳар сол 4 ҳазору 200 сомонӣ мудодили 500 доллар маблағ месупорем

бидуни лакнат ба забони тоҷикӣ сӯҳбат ва кор кунад.

Имсол боз 1200 ҷавони дигар аз Туркманистон ба Душанбе омада аз рӯи 13 ихтисос таҳсил мекунанд. Ҳамаи онҳо бар асоси як шартномаи ҳамкории байни вазорати маорифи Тоҷикистону Туркманистон барои таҳсил ба Душанбе омадаанд.

Дар рӯзҳои аввали таҳсил бо назардошти афзоиши шумори донишҷуён аз Туркманистон барои онҳо 500 нусха китоби “Забони тоҷикӣ барои навомӯзон ва гурӯҳҳои туркманӣ” ба нашр расид.

Саидмурод Хоҷазод, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи омузгорӣ мегӯяд, ин шумор китоб ҳамоно кам аст ва бахши навбатии ин китоб ҳам бояд базудӣ аз чоп барояд. Хоҷазод гуфт, дар гузашта барои таҳсил ба Тоҷикистон соле ҳудудан 500 донишҷӯ аз Туркманистон ирсол мешуд. Имсол, ба гуфтаи ӯ, шумори довталабони таҳсил дар Тоҷикистон се баробар бештар аз ин буд, вале дар ниҳоят 1200 нафари онҳо имтиҳонҳоро супурда донишҷӯ шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Чаро духтарони туркман Тоҷикистонро барои таҳсил интихоб мекунанд?

Духтарҳои туркманро аз куртаашон мешиносӣ

Дар долонҳои донишгоҳи омӯзгории Душанбе шумори зиёди духтару писарҳои туркман ба чамш мехӯранд, ки гурӯҳ-гурӯҳ ва ғолибан бо либоси миллии худ ба таҳсил ҳозир мешаванд. Гурӯҳи духтароне, ки дар факултаи математика мехонанд, мегӯянд, ихтисоси худро бо забони тоҷикӣ аз худ мекунанд.

“Ман пас аз хатми донишгоҳ ба Туркманистон бармегардам ва ҳамчун муалима кор мекунам”, мегӯяд яке аз донишҷӯдухтарони туркман. Муҳассили дигар мегӯяд, “Дар инҷо таҳсил арзон аст ва барои ҳамин Тоҷикистонро интихоб кардам. Мо дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил мекунем ва ҳар сол 4 ҳазору 200 сомонӣ мудодили 500 доллар маблағ месупорем”.

Саидмурод Хоҷазод

Ба гуфтаи худи донишҷӯён, таҳсили шартномавӣ дар худи Туркманистон панҷу шаш баробар гаронтар аст. Ҷавонон мегӯянд, аз гӯшаҳои мухталифи Туркманистон – Чорҷӯю Марв, Лабиобу Ишқобод омадаанд ва дар Тоҷикистон худро роҳат ҳис мекунанд.

Донишҷӯён мегӯянд, онҳо на дар хобгоҳ, балки дар хонаҳои иҷора бар ивази 250 то 400 сомонӣ зиндагӣ мекунанд ва феълан ҳеҷ мушкиле эҳсос намекунанд.

2500 донишҷӯи хориҷи дар Тоҷикистон дар соли гузашта

Аз рӯи барномаи таҳсил, ҷавонҳои туркман дар оғоз се моҳ бояд забони тоҷикӣ омӯзанд ва баъди ин бевосита ба омӯзиши ихтисосҳои худ машғул мешаванд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар соли таҳсили 2016-2017 дар маҷмӯъ 2490 донишҷӯи хориҷӣ таҳсил мекард. Ба иттилои Вазорати маориф, ҳамаи онҳо дар 34 донишгоҳи Тоҷикистон ихтисосҳои мавриди назари худро меомӯзанд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Озарбойҷон, Туркия, Арманистон, Ҷопон, Канада, Миср ва Бритониё мебошанд.