Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукуматаш гуфт, ки Ишқобод мехоҳад нирӯи барқи изофиашро ба хориҷ содир кунанд ва самтҳои аз ҳама ояндадор дар ин маврид бунёди хатҳои барқ ба Тоҷикистону Покистон аст. Бердимуҳаммадов, ки рӯзи 12 апрел дар Ишқобод дар баробари аъзои кобинаи вазиронаш сӯҳбат мекард, гуфт, дар ҳоли ҳозир, “ба сурати аз ҳама рӯшану мушаххас масоили марбут ба хатҳои интиқоли барқ ба чунин самтҳои ояндадоре, чун Тоҷикистон ва Покистон ҳал шуда истодаанд.”
Туркманистон феълан нирӯи барқи изофиашро ба Афғонистону Эрон содир мекунад. Намояндаи вазорати энержии Туркманистон дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ин кишвар дар ҳоли ҳозир ба Афғонистону Эрон дар маҷмӯъ 470 мегаватт-соат нирӯи барқ содир мекунад.
Президент Бердимуҳаммадов афзоиши содироти нирӯи барқ ба кишварҳои минтақаро дар амри табдили Туркманистон ба кишвари пешрафтаи саноатӣ фавқулодда муҳим номид ва гуфт, “дар натиҷаи корҳои анҷомшуда имконоти тавлидотии корхонаҳои саноати энержӣ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфт ва ин имкон медиҳад, ки истеъмолкунандагони дохилиро бо нирӯи барқ пурра таъмин кунем. Гузашта аз ин, ин ҳамчунин шароити мусоид барои содироти нирӯи барқ ба кишварҳои минтақа фароҳам меорад.”
Дар Туркманистон дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 12 нирӯгоҳ кор мекунанд, ки 47 чарха ё турбина, аз ҷумла 30 чархаи газӣ, 14 чархаи буғӣ ва 3 чархаи обӣ доранд. Бар илова ин кишвар феълан сохтмони боз 3 нирӯгоҳи газиро идома медиҳад, ки иқтидори тавлидотиашон ба сурати умум 2260 мегаватт баровард мешавад.
Туркманистон ҳоло ба хориҷ дар сол 2,8 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ мефурӯшад. Ин ҳамагӣ 15 дарсад аз имконоти тавлидоти нирӯи барқи ин кишварро фаро мегирад.
Туркманистон дар солҳои 90 ва ибтидои солҳои 2000 ба Тоҷикистон дар фасли сармо барқ медод, вале баъдан ин барнома ба далели сарпечии Узбакистон аз транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон идома наёфт. Дар соли 2009, баъди онки Узбакистон аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шуд ва аз таъмини Тоҷикистон бо нирӯи барқ дар фасли сармо даст кашид, мақомоти Тоҷикистон талош карданд, то воридоти барқ аз Туркманистонро аз сар бигиранд. Ишқобод розӣ шуд, ки ба Тоҷикистон ҳар зимистон то 500 миллион киловатт-соат нирӯи барқ бидиҳад ва шиддати лимити барқи тоқатфарсоро барои мардуми ин кишвар коҳиш бидиҳад.
Аммо ин тавофуқ боз ҳам ба девори мухолифати Тошканд бархӯрд. Мақомоти Узбакистон ба ин далел, ки хутути интиқоли нирӯи барқи ин кишвар тавони транзити ин миқдори барқи изофиро надоранд, аз транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон даст кашид.
Як мақоми ширкати “Барқи Тоҷик” рӯзи 13 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Туркманистон ҳамеша барои таъмини Тоҷикистон бо нирӯи барқ дар фасли сармо омода буд, вале Тошканд ба иҷрои ин барнома ҳамеша монеъ мешуд. Ба ақидаи ин ҳамсӯҳбати мо, гумон аст, ки Узбакистон ин бор ҳам ба транзити барқи Туркманистон розӣ шавад.
Як интихоби алтернативӣ истифода аз қаламрави Афғонистон аст, вале хатҳои интиқоли барқ дар он кишвари ҷангзада ҳанӯз зарфияти бузурге надоранд, ки нирӯи барқи лозим барои Тоҷикистон аз Туркманистон тариқи Афғонистон интиқол шавад. Аммо Бердимуҳаммадов дар суханрониаш дар ҷаласаи ҳукумат рӯи бунёди хатҳои магистралии интиқоли нирӯи барқ таъкид кардааст ва ин Душанберо ба эҳтимоли ин бор ҷомаи амал пӯшидани нақшаи деринааш барои рафъи мушкили лимити барқ дар Тоҷикистон бештар умедвор мекунад.
Аммо азми Туркманистон барои содироти нирӯи барқи изофиаш ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки худи ин кишвар ҳамроҳ бо Қирғизистону Афғонистон ва Покистон рӯи тарҳи КАСА-1000 кор мекунанд. Ин барнома ба бозори Афғонистону Покистон содир кардани нирӯи барқи Қирғизистону Тоҷикистонро ба ҳадаф дорад.
Тоҷикистон ҳоло солона 16,5 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ тавлид мекунад. Аммо дар ҳоле ки дар фасли тобистон Тоҷикистон нирӯи барқи изофиашро ҷои фурӯхтан пайдо намекунад ва ба ин далел чархаҳои нирӯгоҳҳояш ба истилоҳи маъруф “холостой” кор мекунанд, дар мавсими сармо ин кишвар дучори тақрибан 3 миллиард киловатт-соат камбуди барқ мешавад. Ба ин далел, дар Тоҷикистон ҳар сол сар аз моҳи октябр лимити барқ ҷорӣ мешавад, ки умдатан то моҳҳои март ё апрел давом мекунад. Дар ин муддат дар аксари манотиқи Тоҷикистон дар як шабонарӯз ба мардум аз 5 то 8 соат барқ медиҳанд.