Гази ашковар ба ҷои муколама дар Туркия

Аксари шореҳони умури сиёсии Туркия мегӯянд, ҳукумати ин кишвар набояд аз ҳад зиёд ба дастовардҳои иқтисодияш такя карда, эътирози мардумиро нодида гирад.
Эътирози маъмулӣ бар зидди сохтмони фурӯшгоҳ дар ҷои як парки канори майдони Тақсими Истанбул ғайричашмдошт бо аксуламали шадиди полис мувоҷеҳ шуда, боиси тавсеаи эътироз дар бузургтарин шаҳрҳои Туркия гардид.

Дар рӯзи аввал эътирозгарон мухолифи сохтмони фурӯшгоҳ буданд, вале рӯзҳои дуюму сеюм баъди истифодаи гази ашковар аз сӯи полис издиҳоми эътирозгар дар Истанбул, Анкара ва Измир мушкили парки канори майдони Тақсимро канор гузошта, ҳукумати сарвазири Раҷаб Таййиб Эрдуғонро ҳадаф қарор дод.

Дар пайи пароканда намудани эътироз дар Истанбул аъзои пешқадами ҳизби ҳокими Адолат ва Тараққиёт ба монанди муовини сарвазир Булент Аринч ва мири Истанбул Қодир Топбош бо лаҳни оштиомез ва маъзаратхоҳона иброз доштанд, ки “эътироз ҳаққи мардум аст ва ба ҷои гази ашковар мо бояд мардумро итминон медодем.”

Вале раҳбари ин ҳизб-сарвазир Эрдуғон мавқеи шадид гирифта, таъкид кард, ки мухолифин “гурӯҳи авбошон”-ро бо ҳадафҳои барои худ муносиб истифода бурдааст. Эрдуғон гуфт, ӯ дар назди як гурӯҳи ғоратгар, ки ба майдон омада, дар миёни мардум иғво меангезад, сар хам нахоҳад кард.

Шореҳони зиёде таъкид мекунанд, ки дар давоми даҳ соли раҳбарии ҳизби Адолат ва Тараққиёт (аз соли 2003-ум ба ин тараф) тарзи ҳукмронии Эрдуғон ҳар чӣ бештар ба сӯи худкомагӣ ҳаракат дорад. Ин ҳизби исломгаро беш аз 40 ва 50 дар сади раъйҳоро касб намуда, муваффақ шудааст, ки ислоҳоти фавқулодаи сиёсиву иқтисодиро пиёда кунад.

Имрӯз иқтисоди Туркия дар миёни кишварҳои пешрафтаи олам дар ҷои 16-ум қарор дорад.

Вале таҳқиқи шабакаҳои иҷтимоии Туркия дар рӯзҳои ахир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мардум на аз иқтисод, балки аз раҳбарии кишвар бо мушти оҳанин дилгир шудааст. Як эътирозгар дар саҳифаи твитери худ навиштааст: “Ҷаноби олӣ ташаккур аз иқтисоди рӯ ба тараққӣ, вале бо мардум мисли ғулом муносибат накунед!”

Ба қавли шореҳони сиёсӣ муваффақиятҳои даҳ соли гузашта эҳтимол Эрдуғонро беш аз ҳад саргарм намудааст ва ӯ нигарониҳои ҳизбҳои дигари ин кишвар дар мавриди сиёсати ҳукумат дар муқобили низомиён, сарқонуни нав ва Сурияро нодида мегирад.

Чанде пеш собиқ вазири иқтисоди Туркия ва собиқ раҳбари барномаи рушди СММ Камол Дарвеш дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN ҳушдор дод, ки ҳукумат набояд аз ҳад зиёд ба худ эътимод намуда, назари мардумро нодида гирад.

Ҳамин тариқ аксари шореҳон иброз доштаанд, ки дурнамои эътирозҳои Туркия ба мавқеъгирии Эрдуғон вобаста хоҳад буд, яъне ба он вобаста хоҳад буд, ки ӯ эътирозҳоро шунида, сиёсати ҳукуматро бо он ҳамоҳанг хоҳад кард ва ё ҳамоно эътирозгаронро “бастаи ифротӣ” унвон дода, садои онҳоро нодида мегирад.

Шореҳи рӯзномаи “Миллиёт” Қодир Гурсел менависад, “вақте мардум эътироз мекунад ва истеъфои ҳукумат дар миён мегузорад, ин маънои онро надорад, ки ҳукумати аз тарафи беш аз 50 дар сади мардум интихоб шуда, ҳатман ба истеъфо равад. Эътироз манънои онро дорад, ки паёми мухолифи ҳукумат бояд шунида шавад”.

Дар ҳамин ҳол рӯзномаи муҳофизакори “Замон” аз нақли президенти Туркия Абдулло Гул, ки аз ҳампаймонҳои Эрдуғон дар ҳизби Адолат ва Тараққиёт аст, овардааст, ки “паёми нияти неки мухолифин” ба онҳо расидааст.

Аббоси Ҷаводӣ,
мудири бахши Осиёи Марказии Радиои Озодӣ.