Фардои душвори “Путин”-и Туркия

Коршиносон мегӯянд, рушди босуръати иқтисодии Туркия якҷо бо низоми камтар марказонишуда, “лаҳзаи путинӣ”-и Эрдуғонро барояш ба маротиб хатарзотар кардаанд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғонро бисёриҳо “Владимир Путини Туркия” меноманд. Ҳоло, вақте дар Туркия тазоҳуроти густарда ҷараён дорад, ин кишвар ҳарчӣ бештар ба “демократияи идорашаванда”-и сабки русӣ монанд мешавад ва суоле ба миён меояд, ки оё “Путин”-и Туркия бо “лаҳзаи путинӣ” рӯбарӯ шудааст?

Сарвазири Туркия ҳарчӣ бештар худро дар ҳолате мебинад, ки президенти Русия дар охирҳои соли 2011 ва аввалҳои 2012 бо он муовҷеҳ буд. Даҳҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳо баромада буданд ва истеъфои раҳбарро талаб мекарданд.

ТАҶРИБАИ ПУТИН БАРОИ ЭРДУҒОН

Бӯҳрони сиёсии Русия ҳанӯз ҳал нашудааст, аммо Владимир Путин, зоҳиран, тӯфонро фурӯ нишонд. Вай аввал гӯё эътирозҳоро пазируфт, сипас онҳоро саркӯб кард. Суоли дигар ин хоҳад буд, ки оё таҷрибаи Русия ба сарвазири Туркия ёрӣ хоҳад дод?

Тазоҳурот дар майдони Тақсими Истамбул

Майкл Вайс, коршиноси Пажӯҳишгоҳи Русия Муосир дар Ню Йорк мегӯяд, тазоҳуроти Туркия барои Раҷаб Тайиб Эрдуғон лаҳзаи сарнавиштсоз аст: "Ин ҷиддитарин таҳдид ба ҳокимияти Эрдуғон ва низоми сиёсии ӯ дар даҳ соли охир аст. Ва то ҳоло бархӯрди ӯ фалокатбор буд.”

Изҳороти путинии Эрдуғон, ки ба ҷои узрхоҳӣ аз зиёдаравии полис тазоҳуркунандагонро тундгаро, хориҷӣ ва нокомони интихобот номид, танҳо ин натиҷа дод, ки неши эътироз шахсан зидди худи ӯ нигаронида шуд. Пажӯҳишгари аршади Бунёди “Мерос” дар Вашингтон, Ориел Коин бар ин аст, ки чунин вокуниш ояндаи сиёсии Эрдуғонро зери суол бурдааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки вай орзу дорад, раисиҷумҳури Туркия шавад.

ДУ ҲОЛАТ ВА ДУ ШАХСИ ҲАМСОН

Таъкид бар шабоҳати Путин ва Эрдуғон солҳои охир муд шудааст. Ҳарду раҳбар низоми сиёсии мутамарказе сохтанд, ки ба сармоядорони худӣ, назорати сахт бар матбуот ва ҷомеаи маданӣ ва фишору маҳдудиятҳо такия мекунад. Озодиҳои сиёсӣ дар он танҳо ҳамзамон бо беҳбуди вазъи зиндагӣ густариш меёбанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ердуғон дар меҳвари тазоҳурот


Таҳлилгарон ба монандиҳои ду шахс низ ишора мекунанд. Ҳарду дар мазҳари ом худбоварии наздик ба такаббур нишон медиҳанд, ба ҳама гуна танқид бо кароҳат менигаранд, аз ҳифзи суннатҳои миллӣ ҳарф мезананд ва майли зиёд ба қудрати бештар доранд.

Барои ҳарду раҳбар бӯҳрони сиёсӣ пас аз як даҳаи ҳокимият ва замоне пеш омад, ки онҳо барои дар ояндаи дур низ идома додани ҳокимияти худ машғули дасткории низоми сиёсӣ буданд. Ба ақидаи коршиноси Маркази омӯзишҳои стратегӣ ва байнулмилалӣ Эндрю Кучинз ин ҳол бахши калидии масъаларо ташкил медиҳад: "Муди Путин дар Русия ва Эрдуғон дар Туркия бо хастагии рӯзафзун рӯбарӯ шудаанд.”

АММО ФАРҚИЯТҲО

Мушкили Эрдуғон аз ончӣ ба сари Путин омад, сахттар аст. Иқтисоди пешрафтатари Туркия озодиҳои бештари демократиро ба вуҷуд овардааст ва танқиди Эрдуғон дар Туркия аз танқиди Путин дар Русия зиёдтар садо медиҳад. Мардум аз гуфтани андешаи худ ҳароси камтар доранд.

Ин дар ҳолест, ки Туркия аз ҳама кишварҳои ҷаҳон дида шумораи бештари журналистонро зиндонӣ кардааст. Эрдуғон ба мудернсозии сиёсии кишвари худ ноил гашт, дахолати ҳарбиёнро ба умури сиёсӣ қатъ намуд ва се дафъа дар интихоботи боварбахш пирӯз омад.

Тазоҳурот дар майдони Болотнаяи Маскав

Тафовути барҷаста дар бархӯрди қудрат бо тазоҳуркунандагон дида мешавад. Маша Липман аз Бунёди Карнегӣ дар Маскав мегӯяд, мақомоти Русия дар марҳилаи аввали эътирозҳо моҳирона рафтор карданд. Ҳар дафъа байни ташаббускорони тазоҳурот ва мақомоти давлатӣ гуфтушунид ҷараён гирифта, дар ибтидо полис ба эътирозгарон кордор нашуд. Ҳарчанд намоишҳои хурди ҳамрайъӣ дар дигар ҷойҳо низ баргузор гашт, тазоҳуроти Русия асосан дар Маскав ҷараён гирифт. Моҳи майи соли 2012 ин раванд бо задухӯрди полис ва тазоҳуркунандагон дар майдони Болотнаяи Маскав комилан иваз шуд ва ҳабсу муҳокимаи эътирозгарон шурӯъ шуд. Гуфта мешавад, худи ҳукумат ин иғворо роҳандозӣ намуд. Даҳҳо нафар боздошт ва 28 тан аз тазоҳуркунандагон маҳкум шуданд.

Ба ин сабаб дар тазоҳуроте бахшида ба солгарди рӯйдодҳои Болотная ҳамагӣ чандсад нафар ба майдон баромаданд. Ба ақидаи Вайс, Путин тавонист, эътирозгаронро ба ҳошия тела диҳад.

ФАРҚИ АСОСӢ

Тазоҳурот дар Туркия, баръакс, аз гирдиҳамоии хурде сар шуд ва агар он аз тарафи полис ба ин бераҳмӣ саркӯб намегашт, шояд вокуниши зиёд ба вуҷуд намеовард. Дар натиҷа норозигӣ аз бозсозии як чаҳорбоғ ба эътироз аз майли худкомагӣ ва исломгароии ҳукумат табдил ёфт.

Аммо фарқи аз ҳама ҷиддӣ, ба гуфтаи таҳлилгар Кучинз, ин аст, ки рушди босуръати иқтисодии Туркия якҷо бо низоми камтар марказонишуда, “лаҳзаи путинӣ”-и Эрдуғонро барояш ба маротиб хатарзо кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориш аз қалби Истамбули пурэътироз