Сарвазири Туркия Раҷаб Эрдуғон то ҳол дар канораҳо ва минтақаҳои умдатан коргарнишини Истамбул ҷонибдори зиёд доштааст.
Дар яке аз хиёбонҳои Истамбул, тақрибан 2 километр дуртар аз шӯру валвалаи эътирозгарони Майдони Тақсим мардум нишастаанду зери дандон чипс майда мекунанд ва гаҳ-гоҳе нигоҳашонро ҳаракати мошинҳои роҳ мебарад. Мардоне, ки дар ин ҷо нишастаанд саросема нестанд ва сари пиёлаи чой бо ҳам домино бозӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, чанд гардиш дуртар дар муқоиса бо майдони Тақсим дар маҳаллаи Қосимпошшо оромӣ ҳукмфармост ва тағйироте мушоҳида намешавад.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон - нахуствазири Туркия дар ҳамин маҳаллаи Истанбул ба камол расидааст, дар маҳаллае, ки аслан табақаи коргар сукунат доранд. Ҳоло сокинони ин маҳалла мегӯянд, ки дар давраи нахуствазирии Эрдуғон он ҷо хеле обод шудааст.
Дар ин маҳалла сокинон дӯст доранд, ки ба ақидаҳои мардумӣ ҷомаи мазҳабӣ пӯшонанд. Онҳо ҳамчунин ба анъанаҳои қаиқронӣ ва ба дастаи футболи маҳаллаи худ дилбастагии зиёд нишон медиҳанд. Дар интихоботи гузашта Эрдуғон ба райи ин мардум эътимоди зиёд дошт ва аксарияти ороро ҳам ба даст овард.
Вай ин мардумро дар муқобила бо норизоятиҳои рӯзафзун барои худ сипаре медонад. Баъзе гурӯҳҳо мегӯянд, нахуствазир ва ҳизби ҳокими вай Адолат ва Тараққиёт манофеи онҳоро нодида мегиранд.
Бино ба ақидаи хонум Барчин Йинанч - сардабири нашрияи "Hurriyet Daily News" чунин ихтилофи назари райдиҳандагон ба нафъи Эрдуғон хоҳад буд. Вай мегӯяд: “Ман намедонам, ки тазоҳуроти эътирозӣ ба натиҷаҳои интихоботи оянда таъсир хоҳад гузошт, вале шахсан бовар дорам, ки вай пояҳои хеле қаввӣ дорад. Бо назардошти он, ки 50 дарсад ба ҷонибдорӣ аз ҳизби Адолату Тараққиёт раъй надоданд, ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки ақидаи онҳо дигар аст."
Ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ, ки аслан аз ҷонибдорони низоми дунявӣ иборатанд, мегӯянд, ки ислом бо корҳои давлатӣ омехта шудааст ё ислом ба корҳои давлатӣ мудохила мекунад ва чунин равиш дар Қосимпошшо дилсардии ногаҳониро ба бор овардааст. Бо ин ҳол, ҳатто ҷонибдорони доимии Эрдуғон аз бархӯрди вай ба бӯҳрони сисёсии идомадошта интиқод кардаанд.
САРДАРГУМӢ ДАР ВОКУНИШҲО
Било, ки яке аз бозигарони дастаи "Юзбир" аст, аз бурдани номи хонаводаиаш худдорӣ кард, вале гуфт, ки Эрдуғон бояд ҳар чӣ зудтар дар анъанаҳои сисёсии дунявӣ тағйирот ворид кунад. Вай бо ишора ба Эрдуғон мегӯяд: "Вақте, ки шумо дар бораи мазҳаб гап мезанед, дуруст аст, ки мо мусулмон ҳастем. Аммо ҳар кас ақидаи худро дорад”.
Марди дигаре Бодом 26 сола аст ва вай ҳам намехоҳад номи хонаводаиашро ифшо созад. Вай мегӯяд, ки бидуни шаку шубҳа аз Эрдуғон ҷонибдорӣ мекунад, вале ҳукумат бояд нишон диҳад, ки хостҳои насли ҷавонро дарк мекунад.
Чанд хона дуртар аз майдони Тақсим дар майдончае кӯдакон футбол бозӣ мекарданд ва мардон дар сояи дарахтон рӯи харакҳо дароз кашидаанд. Онҳо низ аз бархӯрди Эрдуғон ба тазоҳурот гиҷ шудаанд.
Ба ҳушдорҳое дар ин бора, ки дар майдони Тақсим “унсурҳои террористӣ” низ ҳастанд, марди 60 солае бо номи Иброҳим Бодур ин гуфтаи Булент Аринч-муовини нахуствазирро боварнакарданӣ номид. Аммо Бодур аз фарзанди маҳаллаи худ ва аз номдортарин сокини маҳалла Эрдуғон интиқод кард.
Вай хитоб ба Эрдуғон гуфт: “Ман аз шумо ҷонибдорӣ намекунам, вақте, ки шумо касеро авбош ном мебаред. Ин кори дуруст нест”.
Қабл аз сафари чаҳоррӯзааш ба Шимоли Африқо Эрдуғон ширкаткунандагони тазоҳуротро “дузд”-у “муфтхӯр” ном бурд, дар ҳоле, ки Булент Аринч ва Абдулло Гул - раисиҷумҳур лаҳни оштиҷӯёна доштанд.
ТАЗОҲУРОТРО МАҲКУМ КАРДАНД
Бо вуҷуди интиқоди сатҳӣ маҳкум кардани тазоҳурот низ мушоҳида мешавад, ки он зоҳиран бозтобе аз вокуниши Эрдуғон ба тазоҳурот аст.
Ремзӣ Хибар-модари панҷ фарзанд, гуноҳро бар дӯши ононе мегузорад, ки дар майдон эътироз мекунанд. Вай мегӯяд: “Маро ононе ба ғазаб оварданд, ки шишаи тирезаҳоро шикастанд ва авбошӣ мекунанд”.
Бо вуҷуди он, ки эътирозгарон асалан рафтори сулҳҷӯёна доранд, баъзеҳо шишаи тирезаҳои мағозаҳоро шикастаанд ва соҳибони дӯкону мағозаҳои атрофи майдони Тақсимро ҷонибдорони ҳукумат медонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад