Ҳукми боздошти Фатҳуллоҳ Гулен барои "раҳбарии табаддулот"

Додгоҳе дар шаҳри Истанбул рӯзи панҷшанбеи 4 август ҳукми боздошти Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии туркро ба иттиҳоми раҳбарии табаддулоти низомӣ, содир кард. Фатҳуллоҳ Гулен айни ҳол дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Туркия, Фатҳуллоҳ Гулен дар ҳукми содиршудаи додгоҳ ба "раҳбарии кудатои 15 июл" муттаҳам шудааст.

Бегоҳи 15 июл теъдоде аз нерӯҳои мусаллаҳи Туркия талош карданд то ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро сарнагун намуда ва зимоми қудратро дар ин кишвар ба даст бигиранд. Ин талоши табаддулот дар ниҳоят шикаст хӯрд ва ҳукумати Туркия Фатҳулло Гуленро ба раҳбарии он муттаҳам кард.

Фатҳулло Гулен, ки дар ибтидо аз муттаҳидони Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури кунунии Туркия буд, чанд сол қабл пас аз ихтилофот бо Эрдуғон ба Амрико рафт ва дар онҷо зиндагӣ мекунад.

Фатҳуллоҳ Гулен раҳбарии шабакаи калони мактабҳо ва муассисаҳои динӣ дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар дохили Туркияро ба ӯҳда дорад. Пас аз шикасти табаддулот, ҳукумати Туркия ҳазорҳо нафар аз кормандони нерӯҳои мусаллаҳ, дастгоҳи қазоӣ ва идорӣ, донишгоҳҳо ва мактабҳои ин кишварро ба иттиҳоми тарафдорӣ аз Фатҳуллоҳ Гулен боздошт ва ё аз кор барканор кардааст.

Ҳарчанд мақомҳои Туркия аз оғоз Фатҳуллоҳ Гулен ва тарафдорони ӯро ба роҳандозии ин табаддулот муттаҳам карда буданд, аммо ин нахустин бор аст, ки пас аз табаддулоти ахир ҳукми боздошти ин шахсияти мазҳабиро расман содир кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки дар авохири соли 2014 низ Туркия ҳукми боздошти Фатҳуллоҳ Гуленро ба иттиҳоми "ташкили гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ" содир карда буд.

Туркия ҳамчунин аз Амрико хостааст то Фатҳуллоҳ Гуленро истирдод кунад. Аммо Фатҳуллоҳ Гулен иттиҳом алайҳи худро қотеона рад мекунад ва мегӯяд, ки агар қисме аз ин иттиҳомот дуруст бошад, худро ба ҳукумати Туркия месупорад.