Кӯшиши табаддулоти низомӣ дар Туркия (2 ВИДЕО + 6 АКС)

Ин мард дар назди фурудгоҳи Отатурк худро зери чархи тонк партофт, ки монеи ҳаракаташ шавад.

Дар задухӯрдҳо дар шаҳри Анкараи Туркия 17 маъмури пулис кушта шуда, бинои парлумон мавриди бомбборон қарор гирифтааст. Хадамоти амниятии Туркия мегӯяд, табаддулоти давлатӣ шикаст хӯрдааст. Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО аз ҳукумати Эрдуғон пуштибонӣ карданд.

Табаддулоти низомӣ дар Туркия ба ҷангҳо дар кӯчаҳои Анкара, пойтахти ин кишвар печид. Бино ба хабарҳо, 17 маъмури пулис кушта шуда, бинои парлумонро бомбборон кардаанд ва як чархболро суқут додаанд.

Даргириҳо дар Туркия дар ҳоле рух дод, ки раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфт, ӯ ҳанӯз дарсари қудрат қарор дорад ва табаддулотеро, ки ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби “ақалият”-и низомиҳо анҷом шудааст, ба ҳам хоҳад зад.

Хабаргузории Reuters аз қавли як мақоми расмии Туркия хабар дод, ки Раҷаб Таййиб Эодуғон субҳи 16 июл аз Мармара ба Истамбул баргашт ва гуфт, афсарони низомии дахил дар табаддулот дастгир мешаванд

Вале инки кӣ дар Туркия дар сари қудрат истодааст, зери суол боқӣ мемонад. Хадамоти амниятии Туркия низ субҳи 16 июл иддао кард, ки табаддулот шикаст хӯрдааст, вале аз Анкараву Истамбул дар бораи таркишҳои сангин ва задухӯрдҳо хабарҳо ба даст мерасанд.

Кохи Сафед гуфт, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз ҳамаи тарафдҳо даъват кард, ки аз ҳукумати ба таври демократӣ интихобшудаи Эрдуғон пуштибонӣ кунанд ва “хештандорӣ нишон дода, аз ҳар навъ хушунат ва хунрезӣ худдорӣ кунанд.” Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри гуфт, ки ӯ бо вазири хориҷаи Туркия Мавлуд Човушуғлу сӯҳбат кардааст ва дар ин тамос “пуштибонии мутлақ”-и Ийолоти Муттаҳида аз давлати Туркияро баён доштааст.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо, дафтари садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва дабири кулли паймони низомии НАТО Йенс Столтенберг, ки Туркия ҳам узви ин паймони низомист, аз ҳукумати Эрдуғон пуштибонӣ кардаанд. Аз ҷумла Столтенберг ба “эҳтироми комили ниҳодҳои демократӣ ва Қонуни асосии Туркия” даъват кард.

Эрдуғон аз сокинон даъват кард, ки барои пуштибонӣ аз ҳукумати ӯ ба кӯчаҳо бирезанд. Ба дунбол издиҳом дар шаҳрҳои Истамбул, Анкара ва Измир раҳпаймоӣ карданд, вале дар чанд маврид ҳадафи тири сарбозони мусаллаҳ бо тирҳои резинӣ ва шлангҳои об шудаанд.

Эрдуғон, ки субҳи 16 июл аз тариқи телефони мобил сӯҳбат мекард, ба телевизиони CNN Turk гуфт, “ман ба таври рӯшан бовар дорам, ки омилони табаддулот муваффақ нахоҳанд шуд.” Ин нахустин вокуниши раисиҷумҳури Туркия ба иқдоми нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар буд. Эрдуғон афзуд, “ман аз мардуми Туркия даъват мекунам, ки дар майдонҳои ҷамъиятӣ ва фурудгоҳҳо ҷамъ шаванд. Ман ҳеҷ гоҳ бовар надорам, ки қудрат аз қудрати мардум болотар бошад.”

Эрдуғон ҳамчунин гуфт, ӯ дар мақоми президентӣ ва сарфармондеҳи артиши Туркия боқӣ мондааст. Ӯ ваъда дод, ки омилони табаддулот “нархи хеле баланд”-ро пардохт хоҳанд кард.

Мушовирони Эрдуғон гуфтанд, ки Эрдуғон дар як макони амн қарор дорад. Вале бархе гузоришҳо мегӯянд, ки ӯ талош дорад аз Мармара, ки онҷо истироҳат мекард, ба Истамбул баргардад.

Баъди суханронии Эрдуғон як гурӯҳи мардум дар маҳаллаҳои гуногуни Истамбул, Анкара ва Измир бо нидоҳои “Аллоҳ Акбар” алайҳи табадуллот раҳпаймоӣ кардаанд.

Хабаргузории хусусии Dogan хабар дод, ки бархе тазоҳургарон талош кардаанд, ки аз пули бастаи рӯи гулӯгоҳи Босфор убур кунанд, вале сарбозон ба сӯи онҳо оташ кушодаанд ва чанд нафар захмӣ шудаанд.

Dogan ҳамчунин хабар дод, ки дар ҳавлии бинои парлумон дар пойтахт, шаҳри Анкара тонкҳо ба чашм мерасанд, дар ҳарими ҳавоии шаҳр чархболҳову ҳавопаймоҳои ҷангӣ парвоз доранд ва дар кӯчаҳо задухӯрдҳо сурат гирифтаанд.

ТОНКҲО ДАР ШАҲРҲОИ ТУРКИЯ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Танкҳо дар кӯчаҳои Туркия

ГУЗОРИШИ ВИДЕОИИ ХАБАРНИГОРИ ОЗОДӢ ШАҲЛОИ ГУЛХОҶА АЗ МАЙДОНИ ТАҚСИМИ ИСТАМБУЛ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Табаддулоти низомии Туркия чӣ хел мегузарад?

Хабаргузории давлатии Туркия хабар дод, ки чархболҳои низомӣ ҳамчунин ба қароргоҳи телевизиони моҳвораии TURKSAT дар ҳошияи Анкара ва ҳам ба биноҳои пулиси пойтахти Туркия ҳамла кардаанд.

Дар роҳ ба сӯи қасре, ки аз сӯи сарвазир ва муовинони сарвазири Туркия истифода мешавад, низ даҳҳо тонк дида шудаанд. Як мошини мулкӣ талош кардааст, ки яке аз тонкҳоро боздорад, вале тонк болои ин мошин рондааст. Сарнишинони мошин ҷон ба саломат бурдаанд.

Вазирони умури дохила ва дифоъ дар ҳукумати Эрдуғон аз аъзои нирӯҳои мусаллаҳ даъват кардаанд, ки ба ҳукумат содиқ бимонанд ва алайҳи гурӯҳи, ба таъбири онҳо, “хурд”-е, ки қасди барандохтани ҳукуматро дошт, биҷанганд.

Сарвазири Туркия Биналӣ Йилдирим дар Twitter гуфт, нирӯҳои амниятӣ интиқоми ин табадуллотро мегиранд ва тамоми чораҳои лозимро анҷом хоҳанд дод, ҳатто агар ин бо қурбонӣ тамом шавад. Йилдирим бидуни эълони мушаххасот гуфт, муҳосираи бархе биноҳои муҳим сар шудааст. Ӯ аз мардум даъват кард, оромиро нигоҳ бидоранд ва гуфт, иқдомот зидди демократия таҳаммулпазир нест.

Дар Истамбул дар наздикии бинои телевизиони давлатӣ садои таркиши баланд шунида шудааст.

Хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Абдулло Ашӯров, ки дар шаҳри Истамбул қарор дорад ва аз майдони Тақсим дар маркази шаҳр сӯҳбат мекард, гуфт: “Низомиҳо тақрибан соати яки шаб майдони Тақсимро, ки пур аз сайёҳ буд, ишғол карданд. Дар атрофи майдон мошинҳои зиреҳпӯш ва обпошӣ гузошта шудаанд ва ҳар сари чанд вақт садои тир ба гӯш мерасад. Ин нирӯҳо зоҳиран марбут ба артишанд, на пулис ё нирӯҳои амниятии Туркия. Ва онҳо бо тир холӣ кардан ба ҳаво мардумеро, ки мехоҳанд дар майдон ҷамъ шаванд, пароканда мекунанд. Ҳамаи купрукҳои Истамбул ва фурудгоҳи Отатурк низ дар муҳосираи низомиҳо қарор дорад ва равуои нақлиёт тақрибан масдуд шудааст.“

Изҳороти Эрдуғон дар бораи вазъи Туркия дар ҳоле ба даст расид, ки низомиҳои Туркия гуфтанд, ба хотири ҳимояти низоми демократӣ ва истиқрори ҳуқуқи инсон назорати тамоми кишварро пурра ба даст гирифтаанд. Телевизиони давлатӣ эълон кард, ки низомиҳо дар Туркия қонуни давраи ҷанг ва қуюди шабгардӣ (вақти комендантӣ) ҷорӣ кардаанд.

Иддаои низомиҳо дар бораи таҳти назорат даровардани кишвар дар як баёния шаби 15 июл аз тариқи хабаргузории Dogan News Agency ва шабакаҳои телевизионии Туркия нашр шуд. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки тамоми равобити хориҷии кунунии Туркия ҳифз мешавад ва ҳукми қонун дар авлавият гузошта мешавад.

Бино ба хабарҳо, гӯяндаи телевизиони давлатии TRT гуфтааст, ки низомиҳо қонуни ҷанг ва қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Anadolu, ки аз сӯи давлати Туркия идора мешавад, хабар дод, ки аъзои баландпояи фармондеҳии нирӯҳои низомии Туркия, аз ҷумла фармондеҳи ситоди низомӣ, дар ситодҳои низомӣ дар Истамбул гаравгон гирифта шудаанд.

Қаблан сарвазир Биналӣ Йилдирим гуфт, низомиҳои Туркия бидуни хости фармондеҳии артиш ба ҳадафи қасди ғасби қудрат иқдом кардаанд. Телевизиони туркии NTV аз қавли Йилдирим гуфт, ки қасди табадуллоти давлатӣ сз сӯи “як қисми низомиҳо” анҷом шудааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории Reuters дар бораи тирандозиҳо ва парвози ҳавопаймоҳову чархболҳои низомӣ дар фазои Анкара пойтахт хабар дод.

Бархе сокинони Анкара дар Twitter қабл аз дастнорас шудани шабакаҳои иҷтимоии бузург гуфтанд, ки дар шаҳр садои таркишҳои сангин ва тирандозиҳоро шунидаанд.

Аввалин гузоришҳо дар бораи иқдоми низомиҳо аз Истамбул ва замоне расид, ки намояндагони артиши Туркия бо истифода аз мошинҳои низомӣ ҳарду пули рӯи гулӯгоҳи Босфорро, ки қитъаи Аврупоро бо Осиё мепайванданд, масдуд карданд. Баъдтар тонкҳои артиш дар даромадгоҳи фурудгоҳи Отатурки Истамбул мустақар шуданд. Чанде баъд аз истиқрори нирӯҳо тамоми парвозҳо дар фурудгоҳи Отатурк лағв шуданд.

Хабарнигори Озодӣ Абдулло Ашӯров мегӯяд, мардум дар гӯшаҳои мухталифи Истамбул, аз ҷумла дар майдони Тақсим мехоҳанд таҷаммӯъ кунанд: “Ҳанӯз рӯшан нест, ки инҳо ба хотири чӣ мехоҳанд тазоҳурот кунанд. Вале аз сӯҳбатҳояшон бармеояд, ки бисёрии инҳо афроди норозӣ аз сиёсатҳои Раҷаб Таййиб Эрдуғон мебошанд ва бо интиқод аз амалкардҳои ҳукумати ӯ сӯҳбат мекунанд.”

Артиши Туркия, ки дар тӯли асри 20 дар арсаи сиёсии ин кишвар аз нуфузи фавқулоддае бархӯрдор буд ва чандин бор аз тариқи табаддуллотҳои низомӣ ҳукуматҳои мунтахаби Туркияро барканор кард, тайи 13 соли охири раёсатҷумҳурии Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба таври мутассил ба ҳошия ронда мешуд. Таҳлилгарон мегӯянд, Эрдуғон ин ҳама сол артишро як мухолифи хатарноки эҳтимолӣ арзёбӣ мекард ва ба коҳиши нақшу нуфузаш талош меварзид.

Дар моҳҳои охир як силсила иқдомоти Эрдуғон ҷиҳати ба ҳошия рондани мухолифини сиёсиаш дар кишвар имкони афзоиши нуфузи фармондеҳони низомӣ бар сиёсатҳои раисиҷумҳурро фароҳам овард. Аз ҷумла ба низомиҳои Туркия, ки аз соли 1960 ба ин тараф 4 ҳукумати мулкии ин кишварро аз қудрат берун карданд, имкон дода шуд, ки дар баробари Эрдуғон дар сиёсати Туркия нақши як бозигари муҳимро барои худ барқарор кунанд.

Таҷаммӯи сокинон дар майдони Тақсим

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Эрдуғон сарвазири қаблиаш Аҳмад Довудуғлуро маҷбур ба тарки мақом кард ва ба ҷои ӯ Беналӣ Йилдиримро аз ҳизби адолат ва тараққиёташ ба ин мансаб нишонд. Баъди он бархе афсарони собиқи низомӣ ва таҳлилгарони масоили амниятӣ ҳушдор медоданд, ки бархе афрод дар сохторҳои низомии Туркия мехоҳанд пеши роҳи қудрат ва нуфузи афзояндаи Эрдуғонро бигиранд ва як низоми назорат ва мувозинатро дар низоми раёсатҷумҳурии Туркия ба вуҷуд биоранд.

Ҳадсҳо дар бораи эҳтимоли табаддулоти низомӣ дар Туркия ҳанӯз дар поёни моҳи март, замоне ки Аҳмад Довудуғлу ҳанӯз сарвазир буд, баланд шуда буд.