Туркия дар бораи Сулаймон Қаюмов, сокини ноҳияи Восеъ ва яке аз гумонбарони қатли Умаралӣ Қувватов -- раҳбари "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Тоҷикистон маълумот хостааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки онҳо алакай маводи заруриро дар бораи Қаюмов ҷамъоварӣ карда ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия пешниҳод намудаанд.
Оқои Раҳимзода, ки дар ин бора дар нишасти хабарии 25 июл ба суоли Радиои Озодӣ посух медод, гуфт, "аз рӯзи аввал гуфта будем, барои кумак ба таҳқиқи ин ҷиноят омода ҳастем. Агар чизе аз дастамон ояд. Вале ҳоло дархости дигар нест."
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳоло бар асоси иттилое, ки дастраси онҳост, тафтишот нисбат ба Сулаймон Қаюмов аз сӯи мақомоти Туркия идома дорад ва ҳанӯз қарори мушаххас дар ин замина қабул нашудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сулаймон Қаюмов, сокини ноҳияи Восеъ, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи кушта шудани раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" дар Истанбул аз сӯи мақомоти Туркия дастгир ва то кунун дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Дар баробари Қаюмов чанд тан аз шаҳрвандони дигари Тоҷикистон дар Туркия ба ҳайси гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов боздошт шуда, аммо баъдан раҳо гардиданд. Феълан танҳо Сулаймон Қаюмов дар боздошт боқӣ мондааст.
Ҳарчанд хонаводаи Умаралӣ Қувватов ин сокини ноҳияи Восеъро аз гумонбарони аслӣ дар қатли раҳбари "Гурӯҳи 24" медонанд, вале наздикони ӯ дар Восеъ ба ин иддао бовар надоранд. Раҳмон Қаюмов, бародари Сулаймон гуфт, бародараш бо Умаралӣ Қувватов дар гузашта ягон иртибот надошт ва наметавонист дар қатли ӯ ба гунае ширкат кунад. Раҳмон Қаюмов афзуд, барои аёдати Сулаймон Қаюмов ба Истанбул рафта буданд ва Сулаймон ҳангоми мулоқот гуфтааст, ки бо тӯҳмат масъулияти қатли Қувватовро ба гардани вай задаанд.
Умаралӣ Қувватови 47-сола шаби 5 март ҳангоми берун рафтан аз меҳмонӣ дар манзили Сулаймон Қаюмов дар маҳаллаи Фотиҳи Истанбул дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона кушта шуд ва ҷанозаи ӯро ду рӯз баъд дар оромгоҳи Килёси ин шаҳри Туркия ба хок супурдаанд.
Ҳамсару ду фарзанд ва ду муҳофизи Қувватов, ки ӯро дар он меҳмонӣ ҳамроҳӣ мекарданд, билофосила ангушти иттиҳом ба сӯи Сулаймон Қаюмов баланд карданд, ки дар ин сӯиқасд даст дорад. Онҳо мегӯянд, ҳанӯз ҳангоми тановули хӯроки шом вазъашон бад шуда буд ва ба ҳамин далел, аз меҳмонӣ барвақт хестанд. Ташхиси пулис баъдан дар бадани Қувватов осори доруи клозапинро, ки барои табобати беморони гирифтори маризии рӯҳии шизофрения истифода мешавад, маълум кард.
Умаралӣ Қувватов, як соҳибкори дар гузашта муваффақ, ки гуфта мешуд, тиҷорати ширкатҳои бузурги “Тоҷирон” ва “Фароз” дар Тоҷикистонро мечархонд, дар соли 2012 тарки кишвар кард ва дар Маскав “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолиф ба ҳукумати Тоҷистонро таъсис дод. Қувватов ду дафъа – соли 2013 дар Дубай – ва моҳи декабри соли 2014 – дар Истанбул бо дастури Интерпол дастгир шуд, вале дар ҳарду маврид дархости истирдоди вай ба Тоҷикистон рад шуд.
Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ бо ҳамсару 5 фарзанд ва чанде аз ёрони наздикаш моҳҳои охир дар Истамбул дар интизори баррасии дархости паноҳандагиаш аз сӯи Идораи паноҳандагони СММ ба сар мебурд. Танҳо баъди кушта шудани раҳбари “Гурӯҳи 24” зану фарзандони ӯ дар яке аз кишварҳои қораи Амрико мақоми паноҳандагӣ ба даст оварданд.