Тӯрахон Каримов, ки 7 сол пеш аз сутунмӯҳрааш зарб хурд ва пойҳояш аз кор мондаасту роҳ рафтан наметавонад, ба умеди шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша ҳаст, то битавонад дар хориҷ аз кишвар таботат бигирад.
Тӯрахону ҳамсар ва писару духтараш, ки ҳамагӣ маълуланд, дар як соли пеш тавассути зани хайрхоҳе дар шаҳри Душанбе сарпаноҳи муваққатӣ ёфт. Ин зан сарватманд нест, рӯзгори оддӣ ва номуси мардӣ дорад. Як дӯзандаи оддӣ аст, бо заҳмати нӯги сӯзан зиндагии хонаводаашро пеш мебарад ва инак то пайдо кардани сарпаноҳ, муваққатан аз гӯшаи рӯзгораш, хонаводаи маълули Тӯрахон Каримовро зери боли раҳми худ гирифтааст.
Чун Умринисо Шомилова, сокини пойтахт Тӯрахон ва хонаводаашро дар кӯча пайдо кард ва ба хотири ризои Худо ва кӯмак ба ин хонавода манзили якҳуҷрагиашро ба онҳо дод ва ҳамакнун Тӯрахон ҳамроҳи хонаводааш дар манзили ин зан ба сар мебаранд. Ҳарчанд дар ин муддат Тӯрахон то ҷое дардашро фаромӯш кард ва ба истилоҳе "ба сад дар" нома навишт, то соҳиби сарпаноҳе, аққаллан хобгоҳе шавад, аммо касе доди ӯро нашунид. Тӯрахон нафақаи хеле кӯчак дорад, ки барои зиндагиаш нокофист ва ба онҳое, ки то кунун ба ӯ кумаке кардаанд, изҳори сипос мекунад.
Ин суратҳисоби бонкии Тӯрахон Каримов аст.
Радиои Озодӣ бори дигар ба суроғи ин хонавода рафт ва Тӯрахон ва хонаводаашро дар ҳоли вазнин дарёфт. Чун ба гуфти Тӯрахон рӯз аз рӯз аҳволаш бад мешавад ва пизишкон низ гуфтаанд, ки танҳо амалиёти ҷарроҳӣ дар хориҷи кишвар ва он ҳам дар Олмон ба дарди ӯ "дармон" хоҳанд бахшид.
Ба ин хотир Тӯрахон ва хонаводаи дардмандаш зимни муроҷиат аз тариқи сомонаи Радиои Озодӣ ва онҳое, ки саховатманду хайрхоҳ ҳастанд, дасти кӯмак металабад ва умедвор аст, ки бо ҳиммати мардони ҳимматбаланд ва сахӣ ҳатман муолиҷа ва шифо хоҳад ёфт.