Хонаводаи Талабшоҳ Шехов аз истифодаи акси ӯ ва хирсаш Мария дар пироҳану нимтанаҳое, ки ширкати “I am different” ба фурӯш гузоштааст, розӣ нестанд. Онҳо шикоят доранд, ки барои истифодаи тасвири Шехов ва хирсаш дар либосҳо иҷоза пурсида нашудааст.
Наздикони Талабшоҳ Шехов мегӯянд, ҳоло ҳам баъзан ба аёдати хирс ба боғи ҷонварон мераванд. Мария – хирсе, ки дар хонаи онҳо бузург шуд, дигар онҳоро дида наметавонад, аммо садояшонро мешинохтааст.
Соҳибқирон Талабшозода, писари Талабшоҳ Шехов, ахиран ба яке аз фурӯшгоҳҳои ширкати “I am different” муроҷиат карда, талаб намудааст, тасвири падари ӯро дар нимтанаву ҷиҳози дигар истифода набаранд. Соҳибқирон рӯзи 23-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вақте тасвири падарашро рӯйи як рӯйпуши телефон аз замин ва зери пойи одамон ёфт, хеле нороҳат шуд ва барои шикоят ба ин мағоза рафт.
“Мо аз дигарон фаҳмидем, ки онҳо акси падарамро рӯи либосҳо нашр карда, мефурӯшанд. Нороҳат шудем. Касе аз мо напурсидааст. Вақте акси падари марҳумамро аз зери по ёфтам, қаҳрам кард ва ба фурӯшгоҳи онҳо рафтам. Чанд бор шикоят кардам, аммо ҳамоно ба истифодаи ин акс ва фурӯши он дар нимтанаҳо идома медиҳанд”, - афзуд ӯ.
Ширкати “I am different”, ки ба тавлид ва фурӯши маҳсулоти дорои рамзҳои Тоҷикистон машғул аст, дар баробари шахсиятҳои маъруфи таърихӣ чанд моҳ боз нимтанаҳоеро бо тасвири бобои Талабшоҳ ва хирси ӯ ба фурӯш мебарорад. Маъсулини ин ширкат, ки ҳамчунин тасмим доранд, муҷассамаи калони бобои Талабшоҳ ва хирсаш Марияро дар маркази шаҳр, назди мағозаи худ бигузоранд, мегӯянд, онҳоро чун як рамзи дӯстӣ интихоб кардаанд ва мехоҳанд, бо ин роҳ дӯстии инсонҳоро бо ҷонварон тарғиб кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ин ширкат муроҷиати писари бобои Талабшоҳро тасдиқ карданд. Аммо Анна Мошенко, ҳамоҳангсози ширкати “I am different” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо то ҳол натавонистаанд бо ягон нафар аз бузургсолони ин хонавода мулоқот кунанд. “Мо ҳатман чунин нақша дорем. Пеш аз гузоштани муҷассамаи бобои Талабшоҳ ва хирс, албатта, ба назди хонаводаи ӯ меравем ва иҷозаву фикрашонро мепурсем. Ҳоло барои ин иҷозаи шаҳрдориро интизорем. Мо омодаем бо ин хонавода мулоқот ва мувофиқа кунем”, - гуфт Мошенко.
Ба қавли масъулини ширкати “I am different” нимтанаҳо ва рӯйпӯшҳо бо тасвири Талабшоҳ Шехов ва хирси маъруфи ӯ, ки таърихаш барои аксарият дар Душанбе ошност, харидори зиёд доранд. Аксаран ҷавонон онро чун як рамзи Душанбе барои дӯстони хориҷии худ тӯҳфа мебаранд.
Анна Мошенко, ҳамоҳангсози ширкати “I am different” мегӯяд, то имрӯз онҳо дар либосу ҷиҳози фурӯшии худ тасвири шахсиятҳои маъруфу таърихии Тоҷиконро истифода мекарданд, аммо ягон мушкиле бо хонаводаҳои ин афрод надоштанд. Вай гуфт, “мо маъмулан қаҳрамонҳои миллиро таблиғ мекунем. Масалан, мо дар солгарди Лоиқ Шералӣ акси ӯро истифода кардем. Духтари ӯ бо мо тамос гирифта изҳори сипос кард. Ҳамин тавр, мо Спитамен, Исмоили Сомониро ҳам дар пироҳанҳо тасвир кардаем. Оянда Рӯдакӣ ва шахсиятҳои маъруфи дигарро ҳам мехоҳем бо ин роҳ миёни ҷавонон таблиғ кунем.”
Вале хонаводаи Талабшоҳ Шехов мегӯянд, аз ин пеш, чанд хориҷӣ ҳам барои истифодаи навору аксҳои ин пирамард ва хирси ӯ дар як филми мустанад муроҷиат карда, иҷоза пурсиданд ва барои ин ба ин хонавода чандин бор кумаки молӣ ҳам карданд. Ҳанифа Иброҳимова, ҳамсари Талабшоҳ Шехов мегӯяд, “онҳо омада, шароити моро диданд. Ғизо оварданд. Як бор ҳатто печка тақдим карданд барои мо. Ба фикрам агар инҳо ҳам як бор аз пешамон мегузаштанд хуб мешуд.”
Мақомот мегӯянд, даъвои хонаводаи Талабшоҳ Шехов аз нақзи ҳаққи муаллифӣ ба мероси падарашон, яъне истифода аз акси рамзии ӯ бе иҷозаи онҳо мантиқӣ аст.
Нӯъмон Муқимов, масъули шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар Вазорати фарҳанг ба Радиои Озодӣ гуфт, барои истифодаи аксҳои рамзии падар бояд аз меросхӯрон иҷоза пурсида шавад. Ба гуфтаи ӯ, “хонавода ҳақ дорад бигӯяд, ки акси падарамро истифода набаред. Бояд дар чунин ҳолатҳо хонавода ба Маркази миллии патенту иттилоот муроҷиат карда, барои тасвирҳои падар ҳаққи муаллифӣ ё патент бигиранд”, - мегӯяд Нӯъмон Муқимов.
Наздикони Талабшоҳ Шехов мегӯянд, ҳоло ҳам баъзан ба аёдати хирс ба боғи ҷонварон мераванд. Мария – хирсе, ки дар хонаи онҳо бузург шуд, дигар онҳоро дида наметавонад, аммо садояшонро мешинохтааст.
Талабшоҳ – пирамарде, ки бо хирси ҳунармандаш Мария имрӯз ба як рамзи хиёбонҳои Душанбе табдил ёфтааст, ин хирсро дар ҳавлии хурди худ дар маҳаллае дар назди Комбинати бофандагӣ, ҳамроҳ бо писараш Соҳибқирон ба воя расондааст. Ин хирсро 30 соли пеш Талабшоҳ Шехов дар як деҳаи дурдаст ёфта, бар ивази як буз ва як халта орд харида буд. Шехов ба ӯ Мария ном гузошт ва хирсбачаро бо шири гов ва ғизои маъмулии хонаводааш бузург кард. Баъдтар хирс ба як манбаи аслии даромади хонавода табдил шуд.
5 соли пеш пирамард вафот кард. Дар охири умраш аз тангдастӣ ва беморӣ ӯ ночор аз дӯсти вафодораш ҷудо шуд. Марияро ба боғи ҷонварон супурд.
Дурӣ аз дӯсти содиқ, дӯсте, ки 30 сол ҳармоҳ саргузаштҳои ҷолибе доштанд, барои хирс Мария хеле мушкил буд. Мария ҳоло он хирси тануманд нест, пиру афгор шудааст ва ба гуфтаи масъулини боғи ҷонварон чанд моҳи пеш аз биноӣ маҳрум гашт. Аммо қиссаи ҳунарнамоии ӯ ва сайругашташ дар хиёбонҳои шаҳр бо дӯсти содиқаш бобои Талабшоҳ чун як саҳифаи таърих дар ёди сокинони пойтахт ва берун аз он боқӣ хоҳад монд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад