Тарафдории Трамп аз тазоҳургарони "шуҷоъ" дар Эрон. ВИДЕО

Тазоҳуроти рӯзи 11-уми январ дар Теҳрон.

Садҳо нафар аз донишҷуён дар Эрон рӯзи 12-уми январ низ дар чанд донишгоҳ тазоҳурот карданд. Онҳо аз он хашмгинанд, ки низомиёни кишвар сабаби сарнагун шудани ҳавопаймои мусофирбари Украина ҳастанд.

Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд, дида мешавад, ки чӣ гуна донишҷӯён дар назди Донишгоҳи Биҳиштӣ ҷамъ омадаанд ва ба зидди Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии кишвар шиор медиҳанд. Рӯзи 11-уми январ низ садҳо нафар дар шаҳри Теҳрону дигар шаҳрҳо ва дар назди донишгоҳҳо эътироз карданд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо тарафдорӣ аз тазоҳургарони “шуҷоъ” дар Эрон ҳамзамон ба ҳукумати ин кишвар ҳушдор додааст, ки чашми ҷаҳониён ба сӯи онҳост. Баъди сарнагун кардани тасодуфии ҳавопаймои мусофирбари Украина, садҳо нафар аз эрониён ба хиёбонҳои Теҳрон рехтанд ва эътироз карданд.

Доналд Трамп, рӯзи 11-уми январ дар Твиттер навишт: “Ба мардуми шуҷоъ ва ранҷкашидаи Эрон. Ман аз ибтидои давраи раёсати ҷумҳуриам бо шумо истодаам ва давлати ман ҳамчунон бо шумо хоҳад истод. Мо тазоҳуроти шуморо аз наздик дунбол мекунем. Шуҷоати шумо илҳомбахш аст. “

Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки “Давлати Эрон бояд ба гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар иҷоза бидиҳад, ки ҳақиқати кунунии эътирозоти дар ҷараёни мардуми Эронро назорат карда ва гузориш бидиҳанд. Набояд шоҳиди куштори дубораи тазоҳургарони мусолиматомез, ё қатъи интернет бошем. Ҷаҳон назорагари ин иттифоқот аст.” Ишораи Трамп ба намоишҳои эътирозии моҳҳои ноябр ва декабри соли 2019 дар Эрон аст, ки дар ҷараёни онҳо 300 нафар кушта шуданд ва дастрасӣ ба Интернетро ҳам қатъ карданд.

Пештар аз ин баёнияҳои Доналд Трамп, садҳо нафар дар назди Донишгоҳи Теҳрон ва дигар гӯшаҳои шаҳр ҷамъ омаданд ва хостори адолат ва истеъфои раҳбарони ҳукумат шуданд. Эътирозҳо ҳамчунин дар шаҳрҳои Исфаҳон, Ҳамадон, Сарӣ, Рашт ва Бобул ҳам сурат гирифтааст.

Тазоҳургарон дар назди Донишгоҳи Амири Кабир дар Теҳрон шиор медоданд, ки “Истеъфо кофӣ нест” ва онҳое, ки гунаҳкори сарнагун кардани ҳавопаймои мусофирбари Украина ҳастанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ин фалокат дар рӯзи 8-уми январ 176 нафар ҷон бохтанд.

Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, дида мешавад, тазоҳургарон “бешараф” шиор медиҳанд, ки зоҳиран хитоб ба мақомоти Эрон аст, ки баъди чанд рӯз эътироф карданд, ҳавопаймои украинӣ дар натиҷаи зарбаи мушакӣ сарнагун шудааст.

Хабаргузории нимарасмии Форс навиштааст, ки баъзе аз тазоҳургарон аксҳои Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи воҳиди Қудс дар Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эронро пора мекунанд. Генерали эронӣ рӯзи 3-уми январ дар натиҷаи зарбаи мушакии Амрико кушта шуд. Ба тахмини хабаргузории Форс, теъдоди тазоҳургарон аз 700 то 1000 нафар будааст.

Хабаргузории Фаъолони Ҳуқуқи Инсон бо нашри видеое дар вебсайташ навишт, ки мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани тазоҳургарон дар Теҳрон аз гази ашковар истифода бурдаанд. Эрон рӯзи 11-уми январ эътироф кард, ки низомиёни кишвар ҳавопаймои ширкати украиниро дар канори Теҳрон “тасодуфан” задаанд. Ба қавли артиш, ҳавопайморо, ки ба самти як таъсисоти махфии низомии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ҳаракат кардааст, “душман” пиндошта ва бо мушак задаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тазоҳурот дар саҳни Донишгоҳи Амир Кабири Теҳрон

Ба гуфтаи артиши Эрон, бинобар авҷ гирифтани танишҳо бо Амрико низомиёни кишвар дар болотарин сатҳи омодабоши ҷангӣ қарор доштаанд. Ҳукумат гуфт, онҳое, ки сабаби фоҷиа шуданд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Бо вуҷуди эътироф, Эрон ҳамчунин иддао кард, ки дар ин фоҷиа нақши Амрико ҳам ҳаст. Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ин ҳодиса дар замони бӯҳроне сар зад, ки ба сабаби “моҷароҷӯии Амрико” ба вуҷуд омадааст.

Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи 11-уми январ гуфт, ки воҳиди зери дасти ӯ, тамоми масъулияти фоҷиаро бар дӯш мегирад. То замони эътироф, Теҳрон баёниҳои раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва ҳам коршиносонро рад мекард, ки мегуфтанд, ҳавопаймо дар натиҷаи зарбаи мушак сарнагун шудааст.

Ҳавопаймои Ширкати Байналмилалии Ҳавопаймоии Украина рӯзи 8-уми январ ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон баъди муддати кӯтоҳе сарнагун шуд. Дар ин ҳавопаймо 57 шаҳрванди Канада, 82 эронӣ, 10 шаҳрванди Шветсия, 10 афғон, 3 олмонӣ ва 3 бритониёӣ сафар доштанд.

Володимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, кишвараш интизор дорад, ки ҳодиса пурра таҳқиқ мешавад ва Эрон ҷуброни онро мепардозад. Ӯ рӯзи 11-уми январ дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Мо интизор дорем, ки Эрон омодагӣ барои таҳқиқи боз ва комилро нишон медиҳад, омилони ҳодисаро ба ҷавобгарӣ мекашад, ҷасадҳои фавтидагонро бармегардонад, ҷуброн мепардозад ва расман аз тариқи каналҳои дипломатӣ узр мепурсад.”

Шоми ҳамин рӯз Зеленский бо Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфтӯгуи телефонӣ доштааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки Руҳонӣ барои ин фоҷиа узр пурсида ва ваъда додааст, ки масъулони он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ду тараф масъалаи ҷубронро ҳам баррасӣ кардаанд.