Трамп: "Сахттарин таҳримҳоро алайҳи Эрон ҷорӣ мекунем"

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 10-уми май гуфт, ки қавитарин, шадидтарин ва дақиқтарин таҳримҳоро алайҳи Эрон ҷорӣ хоҳанд кард. Вай айни замон умедворӣ кардааст, ки Амрико ба созиши нави ҳастаӣ бо Эрон даст ёбад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар гирдиҳамоии ҷумҳурихоҳон дар яке аз иёлатҳои он кишвар бори дигар аз ҳукумати Барак Обама барои имзои созишномаи атомӣ бо Эрон интиқод кард ва гуфт, ин тавофуқ "фоҷеабор" аст, зеро ба Эрон иҷоза медиҳад, ки ба барномаи ҳастаии худро то остонаи сохтани силоҳи атомӣ пеш барад. Вай афзуд, бинобар ҳамин, дигар кишварҳои пулдор дар минтақа ба рақобат бо Эрон пардохта ва дар пайи силоҳи ҳастаӣ хоҳанд рафт.

Доналд Трамп аз замони маъракаи интихоботиаш дар соли 2016, мухолифи сарсахти ин созиш буд ва онро "бадтарин тавофуқи мумкин" хонда буд.

Доналд Трамп дар идома ба баёни нуқтаҳои "манфӣ"-и созиши ҳастаӣ бо Эрон пардохт ва гуфт, тибқи ин тавофуқ Эрон 150 миллиард доллар дарёфт мекунад ва илова бар он, як миллиарду 800 миллион доллар пули нақл низ дарёфт кард, ки Теҳрон "онҳоро сарфи фаъолиятҳои вайронгарон ва маргбори худ дар саросари Ховари Миёна кардааст."

Доналд Трамп таъкид кардааст, "мо қавитарин, шадидтарин ва дақиқтарин таҳримҳоро алайҳи Эрон ҷорӣ хоҳем кард". Вай дар идома гуфт, "зеро умедворам ба як тавофуқи беҳтар бо Эрон даст ёбем, тавофуқе, ки барои онҳо беҳтар бошад. Аммо мо наметавонем ба онҳо иҷоза бидиҳем, ки ба силоҳҳои дастаӣ даст ёбанд."

Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, "мо бояд ба муассисаҳои ҳастаии Эрон дастрасӣ дошта бошем, мо бояд ба муассисаҳои низомии онҳо дастрасӣ дошта бошем, то мутмаин шавем, ки онҳо фиреб намекунанд".

Мақомҳои Эрон пештар ҳар гуна музокираи дубора дар бораи Барномаи амали мушатаракро радд кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе ҳушдор дод, "Эрон ё бояд музокира кунад ё ҳодисаи дигаре рух хоҳад дод."

Пас аз он, ки рӯзи сешанбе Доналд Трамп эълон кард Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон хориҷ хоҳад шуд ва таҳримҳои нав алайҳи Эрон ҷорӣ мекунад, Кохи Сафед низ гуфт, таҳримҳои нав то ҳафтаи оянда омода хоҳанд шуд.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, аз ҷумла Амрико пас аз ду соли музокирот, дар тирамоҳи соли 2015 ба як тавофуқи шомил барои ҳалли барномаи атомии Эрон даст ёфтанд. Доналд Трамп аз замони маъракаи интихоботиаш дар соли 2016, мухолифи сарсахти ин созиш буд ва онро "бадтарин тавофуқи мумкин" хонда буд.