Вуруди муҳоҷирони 7 кишвари мусалмонӣ ба Амрико маҳдуд шуд. ВИДЕО

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – дастурҳое содир кард, ки бар асоси онҳо вуруди паноҳҷӯёни Сурия ба ин кишвар барои муддати номаълум манъ карда шуд. Оқои Трамп бо ин ваъда, ки кишварро аз “террористони хориҷӣ” муҳофизат мекунад, рӯзи 27 январ дастур дод, то замони роҳандозии "шеваи тафтиши дақиқ" муҳоҷирати сокинони ҳафт кишвари мусулмоннишин низ ба Амрико барои се моҳ мамнӯъ шавад. Ба гуфтаи Кохи Сафед, ин кишварҳо Сурия, Эрону Ироқ, Либия, Сомалӣ, Судон ва Яман ҳастанд.

Вокуниши вазирони умури хориҷии Фаронса ва Олмон

Ҳасани Рӯҳонӣ: Ҳоло вақти деворсозӣ нест

Доналд Трамп, инчунин, дастур дод, қабули паноҳҷӯён аз Ироқу Афғонистон ва Покистон барои чаҳор моҳ мамнӯъ карда шавад. Бар асоси амри Доналд Трамп теъдоди паноҳандагоне, ки Амрико солона қабул мекунад, набояд аз 50 ҳазор нафар зиёд бошад. Дар аҳди раиси ҷумҳури пешин Барак Обама, Амрико то 110 ҳазор паноҳҷӯ қабул мекард. Истисно фақат масеҳиёни Сурия ҳастанд, ки ба гуфтаи Доналд Трамп дар кишварашон таъқиб мешаванд.

Доналд Трамп зимни эълони дастурҳои наваш дар Вазорати дифои Амрико гуфт, "ман чораҳои таҳқиқи нав амалӣ мекунам, то террористони ифротии исломиро аз Амрико дур нигаҳ дорам. Мо онҳоро дар инҷо дидан намехоҳем. Мо мехоҳем тазмин кунем, хатароти ҷиддие, ки сарбозони мо дар хориҷ ба зидди онҳо меҷанганд, ба кишвар роҳ наёбанд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дастури манъи муваққатии вуруди муҳоҷирони 7 кишвар ба Амрико