Трамп расман номзад ба мақоми президенти Амрико шуд

Доналд Трамп ба таври расмӣ номзад ба мақоми президенти Иёлоти Муттаҳида аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ эълон шуд. Вай дар вокуниш дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки "ман сахт кор мекунам ва Шуморо ноумед нахоҳам кард".

Доналд Трамп, намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико, расман номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар эълон шуд. Ӯ дар саҳифаи Твиттери худ навишт, ки "номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ будан дар интихоботи президентии Амрико ифтихори бузург аст. Сахт кор мекунам ва Шуморо ноумед нахоҳам кард."

Дар рӯзи дувуми гирдиҳамоии миллии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Клевленд дар иёлати Оҳайо, Доналд Трамп раъйи лозимро ба даст овард ва расман номзади ин ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ҷорӣ дар Амрико муаррифӣ шуд. Ба гузориши Ройтерс, писари Доналд Трамп бо эълони орои Ню-Йорк гуфт, ки падараш 1238 раъй, яъне ҳисоби лозимро ба даст овардааст.

Фарзанди ин миллиардери амрикоӣ гуфтааст, “боис ба ифтихор аст, имшаб эълон кунам, ки бо шумориши раъйҳо, Доналд Трамп орои лозимро ба даст овардааст.”

Дар дувумин рӯзи гирдиҳамоии миллии ҷумҳурихоҳон, Пол Райан - раиси Маҷлиси намояндагон ва баландпоятарин мақоми мунтахаби Ҳизби Ҷумҳурихоҳ раёсати нишаст ва ҷараёни раъйгирӣ барои таъини номзади ниҳоии ин ҳизбро ба ӯҳда дошт. Дар идомаи ин маросим ва пас аз ба даст овардани раъйҳои лозим, Пол Райан Доналд Трампро номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико дар ҳаштуми ноябри соли ҷорӣ эълон кард.

Қарор аст, Доналд Трамп рӯзи 21-уми июл дар ин гирдиҳамоӣ суханронӣ кунад. Гирдиҳамоии Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Клевленд дар иёлати Оҳайо дар ҳоли ҳозир идома дорад.

Интихоботи президентии Амрико рӯзи 8 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Дар ин интихобот намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп бо Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ рақобат хоҳад кард.

Клинтон, ҳамсари президенти собиқ Билл Клинтон ва вазири пешини хориҷаи Амрико, 68 сол дорад. Трамп, ки миллиардҳои худро аз риштаи сохтмон ба даст овардааст, як сол аз рақиби демократаш бузургсолтар аст.

Доналд Трамп баъди як изҳороташ дар бораи ин ки дари Амрико ба рӯи мусалмонҳо баста шавад, ба “қаҳрамони” расонаҳо табдил шуда ва аксарият ба ин баёнияии ӯ вокуниши манфӣ нишон доданд.