Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи 14-уми август ба ёвари пешини худ Омароса Манигол Нюман ҳамлаи лафзӣ намуд ва ӯро, ки баландпоятарин узви сиёҳпӯсти Кохи Сафед буд, "саг" хитоб кард.
Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навишт, "вақте ба як пасти девона ва гирён фурсат медиҳӣ ва барояш дар Кохи Сафед кор медиҳӣ, зоҳиран ба натиҷае намерасад. Офарин ба генерал Ҷон Келли ба хотири ихроҷи фаврии он саг."
Доналд Трамп иддаои хонум Нюман дар мавриди истифода аз калимаи нажодпарастона дар барномаҳои телевизиониро радд кард.
Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", бо шикояти Ситоди интихоботии Доналд Трамп аз хонум Омароса Манигол Нюман ба хотири нақзи тавофуқ дар мавриди ҳифзи асрори маҳрамона, фишор бар ӯ бештар шудааст. Як мақоми Ситоди интихоботии Доналд Трамп гуфт, ин шикоят ба идораи ҳалли ихтилофҳои идории Амрико супурда шудааст.
Доналд Трамп субҳи сешанбеи 14-уми август бо нашри маҷмӯае аз паёмҳо дар шабакаи "Твиттер", ҳамлаҳои худро ба хонум Омароса Манигол Нюман бештар кард ва ин ёвари собиқ ҳам ба интишори наворҳои савтӣ муколамаҳоро идома дод.
Масоили ҳассос бармало шуд
Хонум Омароса Манигол Нюман дар китобе, ки ахиран мунташир кардааст, тасвире бисёр бад ва манфӣ аз Доналд Трамп пешниҳод мекунад ва аз ҷумла, иддао мекунад, ки оқои Трамп дар барномаи "Reality show"-и худ ба номи "The Apprentice" (коромӯз), аз таҳқирҳои нажодӣ истифода мекард.
Ин ҷанги лафзӣ дар рӯзҳои ахир масоили бисёр ҳассосеро бармало кард, аз ҷумла набудани гуногунии нажодӣ дар миёни мақомҳои баландпояи Кохи Сафед ва нигарониҳои амниятӣ, аз ҷумла имзои қарордоди ошкор накардани масъалаҳои корӣ бо ҳама кормандон, то бад-ин васила кормандони пешинро ба сукут водор кунанд.
Хонум Нюман гуфтугӯи марбут ба тарки кор карданашро дар яке аз утоқҳои Кохи Сафед сабт кардааст. Доналд Трамп дар айни ҳол иддаои хонум Нюман дар мавриди истифода аз калимаи нажодпарастона дар барномаҳои телевизиониро рад кард.
Ӯ дар "Твиттер" навишт, "таҳиякунандаи барномаи "The Apprentice" ба ӯ итминон додааст, ки "ҳеҷ наворе вуҷуд надорад, ки нишон диҳад ман ин калимаи нороҳаткунандаро, ки Омаросаи девона ба ман нисбат додааст, ба кор бурда бошам."
"Трамп - қаҳрамони воқеии ҳуқуқи шарҳвандӣ"
Оқои Трамп таъкид кард, "ин калима дар фарҳанги луғатҳои ман ҷой надорад" ва афзуд, хонум Нюман то қабл аз ин, ки ихроҷ шавад, маро "қаҳрамони воқеии ҳуқуқи шаҳрвандӣ" мехонд.
"Ассошиэйтед Пресс" меафзояд, миёнарави пешини Кохи Сафед бо раъйдиҳандагони сиёҳпӯст, дар хотироти наваш мегӯяд, шунида буд, ки чунин наворҳое вуҷуд доранд. Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, пас аз поёни нигориши китоб, ба яке аз ин наворҳо гӯш додааст.
Қисматҳои дигаре аз муколамаҳои сабтшуда тавассути хонум Нюман рӯзи сешанбе аз шабакаи хабарии CBS пахш шуд ва ӯ гуфт, ин муколама нишон медиҳад, ки коркунони Ситоди интихоботии Трамп дар мавриди ба кор бурдани таҳқирҳои нажодӣ аз сӯи Доналд Трамп, сӯҳбат мекарданд. Кохи Сафед ва Ситоди интихоботии Доналд Трамп ҳозир нашуданд дар мавриди ин қазия изҳори назар кунанд.
Дар барномаи рӯзи сешанбеи шабакаи хабарии CBS вақте аз хонум Нюман суол шуд, ки оё метавонад бо санадҳо, мисли имайл ва ё муколамаҳои сабтшуда, аз иддаҳои матраҳшуда дар китобаш дифоъ кунад, ӯ дар посух гуфт, "ҳар нақли қавле дар китоб метавонад бо санади дигаре таъйид шавад ва ҳама чиз мустанад аст."
Ин нишон медиҳад, ки ӯ мумкин аст маълумоти бештаре барои нашр дошта бошад.