Раиси пешини ситоди интихоботии Трамп ба FBI таслим шуд ВИДЕО

Пол Манафорт, раиси пешини Ситоди интихоботии Доналд Трамп, ки аз тарафи додгоҳи Амрико бо иттиҳомоте монанд пулшӯӣ ва пинҳонкорӣ дар робита бо фаъолияташ барои раиси ҷумҳури Украина ва монеъ шудан дар таҳқиқоти FBI рӯбарӯ мебошад, ин иттиҳомро радд кард.

Илова бар Пол Манафорт, ҳамчунин ҳамкори ӯ Рик Гетс низ бо чунин иттиҳомҳо рӯбарӯ шудааст. Ҳар ду рӯзи душанбеи 30-юми октябр худро ба мақомҳои Пулиси федеролии Амрико ё FBI супурданд ва дар додгоҳе дар Вашингтон ҳозир шуданд. Додгоҳ дар ҳоли ҳозир ҳардуро ба ҳабси хонагӣ гирифтааст. Ҳар ду бо 12 иттиҳом рӯбарӯ ҳастанд, ки аз ҷумлаи онҳо тавтеа алайҳи Амрико, тавтеа бо ҳадафи пулшӯӣ, анҷоми маъмурият барои кишвари хориҷӣ бидуни сабти расмӣ, изҳороти дурӯғ ва чанд мавриди иттиҳоми молӣ ва бонкии дигар аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эълони иттиҳом ба яке аз атрофиёни собиқи Трамп

Ҳукумати Амрико чанд моҳ пеш расман ҳукумати Русияро муттаҳам карда буд, ки барои таъсир гузоштан ба натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ба сайтҳои ниҳодҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамлаи кибернетикӣ кардааст.

Бинобар санадҳои пешниҳодшуда аз сӯи додгоҳ, дар айни ҳол Ҷорҷ Пападопоулус, ки муттаҳам ба дурӯғгӯӣ ба FBI дар мавриди робитааш бо Русия шудааст, иттиҳомот алайҳи худро пазируфтааст. Вай яке аз мушовирони пешини Ситоди интихоботии Трамп дар умури сиёсати хориҷӣ буд, ки қаблан дар моҳи июн боздошт шуд.

Ҳамзамон сухангӯи Кохи Сафед дар нишасти матбуотии рӯзи 30-юми октябр гуфтааст, охирин рухдодҳо "ҳеҷ рабте бо раиси ҷумҳур надорад, ва ҳеҷ муносибате ҳам бо Ситоди интихоботии ӯ надорад." Вай ҳамчунон таъкид кардааст, ки ҳеҷ санаде дар бораи робитаи ситоди Трамп ва Русия пешниҳод нашудааст.

Доналд Трамп рӯзи гузашта дар "Твиттер"-и худ навишта буд, ки иттиҳомот матраҳшуда алайҳи Пол Манафорт чанд сол пеш ва қабл аз ин, ки ӯ узви ситоди интихоботии ӯ бошад, рух додааст. Ӯ дар идома пурсида буд, чаро "бар Ҳилларии тақаллубкор ва демократҳо таваҷҷуҳ намешавад" ва афзуд, "ҳеҷ робитае байни ситоди ӯ ва Русия вуҷуд надорад."

Рик Гейтс ва Пол Манафорт

Манафорт ва Гетс муттаҳам мешаванд, ки "даҳҳо миллион доллар" ҷиҳати кор барои Виктор Янукович, раиси ҷумҳури пешини Украина, ки робитаҳои наздике бо Маскав дорад, ва низ ситодҳои ҳизбҳои марбут ба ӯ, гирифтаанд. Янукович дар ҷараёни эътирозҳои Украина мақоми худро аз даст дод ва ба Русия рафт. Пол Манафорт ва Рек Гетз муттаҳам шудаанд, ки барои пинҳон кардани ин дастмуздҳо аз мақомҳои амрикоӣ, тайи соли 2006 то 2016 ба фиребкории бонкӣ ва пулшӯӣ даст задаанд.

Мақомҳои баландпояи амрикоӣ ҳудуди як сол қабл дар кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи он кишвар гуфтанд, ки бидуни шак Русия дар интихоботи президентии Амрико дахолат карда ва ҳамлаҳои кибернетикии он кишвар таҳдид бузург барои Амрико аст.

Ҳукумати Амрико чанд моҳ пеш расман ҳукумати Русияро муттаҳам карда буд, ки барои таъсир гузоштан ба натиҷаҳои интихобот, ба сайтҳои ниҳодҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ ҳамлаи кибернетикӣ кардааст. Мақомҳои баландпояи Русия, аз ҷумла Владимир Путин, раиси ҷумҳури он кишвар, иттиҳомот дар мавриди дахолати он кишвар дар интихоботи Амрикоро рад кардаанд.

Пол Манафорт, раиси вақти Ситоди интихоботии Доналд Трамп буд ва қабл аз интихобот, аз ин мақом канорагирӣ кард. Бинобар гузоришҳо, ӯ ба оқои Трамп гуфта буд, ки бинобар он, ки ҳузураш дар ситоди интихоботӣ боиси "мушкил" барои номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ мешавад, аз ин мақом канор меравад. Истеъфои оқои Манафорт дар пайи интишори гузоришҳо дар бораи нақши ӯ дар кӯмак ба Виктор Янукович, рух дод.