Вакилони демократ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфтанд, ба далели "хиёнат", расмиёт барои раъйи адами эътимод ё изҳори нобоварӣ ба раиси ҷумҳур Доналд Трампро оғоз мекунанд.
Онҳо гуфтанд, Трамп ба Украина фишор овардааст, ки дар мавриди сиёсатмадори рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи оянда Ҷо Байден ва писари ӯ таҳқиқот кунанд.
Ненси Пелоси, раҳбари демократи Маҷлиси Намояндагони Амрико, рӯзи 24-уми сентябр гуфт, нобоварӣ алайҳи Трамп "ба далели хиёнат ба савганди хӯрдааш, хиёнат ба амнияти миллии мо ва хиёнат ба интихоботи дурусти мо" зарурӣ аст.
Пелоси дар гузашта мухолифи оғози чунин таҳқиқот буд. Вай пас аз нашри хабарҳо дар бораи он ки Трамп дар тамоси телефонии рӯзи 25-уми июл ба президенти Украина фишор овардааст, то амалкарди Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури пешини Амрико ва писараш Ҳантерро таҳқиқ кунад, мавқеашро комилан дигар кард. Писари Байден дар гузашта дар як ширкати украинӣ кор мекард.
"Президент бояд ҷавобгар бошад. Ҳеч кас болотар аз қонун нест", -- гуфт Пелоси рӯзи 24-уми сентябр дар муроҷиати телевизионӣ. Ӯ афзуд, "бинобар ин, имрӯз эълон мекунам, ки Маҷлиси Намояндагон расмиёти таҳқиқот барои импичментро оғоз мекунад."
Доналд Трамп дарҳол дар Твиттер ба ин суханон вокуниш кард ва онро "озору азияти президент" номид.
Трамп эътироф кардааст, ки дар суҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳури Украина Байденро баҳс кардааст, вале фишор болои Зеленскийи 41-сола ва сиёсатмадори навқадамро комилан рад кардааст.
Ҳеч санаде вуҷуд надорад, ки нишон диҳад Ҷо Байден, яке аз номзадҳои Ҳизби демократ дар интихоботи президентии Амрико дар Украина кори ғайриқонунӣ кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тамоси моҳи июл байни Трамп ва Зеленский пас аз он ошкор шуд, ки бино ба гузоришҳо як корманди хадамоти махсуси Амрико ба бозрас ё муфаттиши кул шикоят кард. Расонаҳои Амрико гузориш доданд, ки шикоят моҳи август ворид шудааст.
Маҷлиси Намояндагон хостааст, ки матни шикоят ба вакилон дода шавад. Вале Ҷозеф Магуайр, иҷрокунандаи вазифаи мудири хадамоти махсус мушаххас кардааст, ки шикоят наметавонад, ба Конгресс фиристода шавад. Дар ҳамин ҳол, Кохи Сафед гуфт, дар ҳоли таҳияи шикоят ба Конгресс аст.
Пелосӣ амали Трампро қонуншиканӣ номид ва бештар ба он таваҷҷуҳ кард, ки чаро маъмурияти Трамп аз ироаи матни иттилои корманди хадамоти махсус ба Конгресс худдорӣ мекунад.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо телевизиони "Садои Амрико" дар қароргоҳи Созмони Милал дар бораи фишороварӣ ба ӯ шарҳ надод, вале гуфт, "мо як кишвари мустақил ҳастам ва ҳама чиз омодаем."
Интизор меравад, Зеленский рӯзи 25-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Доналд Трамп мулоқот кунад.
Раҳбари ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагони Амрико Кевин Маккарти аз дастури Ненси Пелоси пуштибонӣ накард ва гуфт, "ӯ наметавонад якҷониба ҳал кунад, ки мо дар ҳоли баррасии импичмент ҳастем."
Бино ба Қонуни асосии Амрико, президент барои хиёнат, порагирӣ ё ҷиноятҳои дигари вазнин метавонад аз мақомаш маҳрум шавад.
Ду президенти пешини Амрико Эндрю Ҷонсон дар соли 1868 ва Билл Клинтон дар соли 1998 бо изҳори нобоварӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, вале Сенат онҳоро "орӣ аз хато" эълон кард. Соли 1974 президент Ричард Никсон дар пайи таҳдиди импичмент аз мақомаш истеъфо дод.