Трамп Амрикоро ба ваҳдати миллӣ даъват кард. ВИДЕО, ИНФОГРАФИКА

Президенти мунтахаб Доналд Трамп, ки барои ширкат дар маросими савгандёдкунӣ дар мақоми раҳбари нави ИМА рӯзи 20 январ дар Вашингтон қарор дорад, тааҳҳуд кардааст, ки кишвари тақсимшуда дубора ба ҳам меояд ва Амрико бо тағйироти нав рӯбарӯ мешавад.

Дар остонаи ин маросим зимни суханрониаш дар баробари тарафдорон ӯ гуфт, ки бархе барномаҳои азими аз ҷониби Барак Обама роҳандозишударо бозбинӣ мекунад, аз ҷумла ин тағйирот ба сиёсати тағйироти иқлим, озодсозии сиёсати пазириши муҳоҷирон, тиҷоратҳои байналмилалӣ ва маҳдудиятҳо дар соҳаи энержӣ марбут хоҳад шуд. “Мо

Cуханронии Трамп “боназокат, зебо, таъсирбахш ва мухтасар” хоҳад буд

кишварамонро муттаҳид мекунем”, ваъда дод Трамп дар баробари издиҳоми ҳазорҳо нафар дар майдони Линколни Вашингтон. “Чунин кор дар даҳсолаҳои гузашта аслан анҷом нашудааст”, гуфт ӯ. Зимнан, дар миёни ширкатдорони ин ҳамоиш ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифони Трамп ҳузур доштанд.

Мушовирони Трамп гуфтанд, ки маросими савгандёдкунии ӯ кӯтоҳтар назар ба маросимҳои ҳамсони президентони дигар мешавад.

Кэйлиэнн Конвей, яке аз мушовирони Кохи Сафеди Трамп гуфт, ки “ӯ як марди амал аст, ҳарфи беҳуда намезанад ва инро шумо худатон ҳам шоҳид мешавед”. Вай ваъда дод, ки суханронии Трамп “боназокат, зебо, таъсирбахш ва мухтасар” хоҳад буд.

Дар миёни тадбирҳои нахустини Трамп дар мақоми президентӣ боз доштани барномаи ба кори давлатӣ қабулкунии коргарон ва маҳдудият дар сиёсати тағйироти иқлим номбар мешавад. Инчунин қабули муҳоҷирон аз кишварҳое, ки бо терроризми исломӣ иртибот мегиранд, манъ шуда ИМА аз созишномаи тиҷоратии фароуқёнусии Обама берун мешавад. Баъзе аз ин қарорҳо интизор аст, ки дар соатҳои аввали шурӯи кори президент имзо шаванд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Доналд Трамп: президенти нави ИМА

Шон Спайсер, сухангӯи Трамп гуфт, ки президент қасд дорад на танҳо рӯи якум, балки рӯзи дуюм, рӯзи сеюм ҳам талош ба харҷ диҳад, то тағъироти ҷиддиро ба бор биёрад.

Дар ҳоле, ки ваъдаҳои ӯ ба бекор кардани баъзе қарорҳои замони Обама қобили иҷро аст, суол ин аст, ки то куҷо ӯ воқеан ҳам метавонад ин кишварро муттаҳид кунад. Ҳамоно миллионҳо сокини ИМА президентии ӯро қабул надоранд. Сеяки демократҳо дар маҷлис гуфтаанд, ки дар маросими савгандёдкунии Трамп иштирок намекунанд. Дар як пурсиши афкори умуми оғози ҳафтаи ҷорӣ Washington Post ва ABC News гуфтанд, ки мизони тарафдории Трамп дар остонаи савгандёдкунӣ 40 дар садро ташкил дода камтарин нишондод дар муқоиса бо соли 1977-и замони Ҷимми Картер будааст.

Яке аз масъалаҳои мавриди нигаронӣ ё баҳс – номзадҳои афродест, ки ба мақомҳои муҳими раҳбарӣ дар ҳукумати Трамп пешбарӣ шудаанд. Мухолифони асосиро демократҳо ташкил медиҳанд.

Дар оғози моҳи ҷорӣ оҷонсиҳои истихбороти Амрико гуфтанд, ки президенти Русия Владимир Путин амр додааст, ки ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2016 дахолат сурат гирад. Инчунин онҳо гуфтанд, ки сиёсати пуштибонӣ аз номзадии Трамп дар муқобиили Клинтон дар Русия бараъло эҳсос мешуд ва ин кор бо амри Путин ва ҳукумати Русия сурат гирифтааст.

Дар ҳоле, ки Трамп ва аъзои тимаш дар бораи ҳамоиш сӯҳбат мекунанд, таҳлилгарон мегӯянд, Обама ҳам 8 сол пеш умед дошт, ки метавонад ихтилофи назарҳоро дар ҷомеаи ИМА бартараф кунад, вале ин кор аз дасти ӯ ҳам наомад.

Маросими савгандёдкунии Доналд Трамп дар мақоми президенти 45-уми ИМА баъд аз зӯҳри рӯзи 20 январ дар Вашингтон шурӯъ мешавад ва ин маросим дар радиои Озодӣ ба шакли зинда пахш мешавад.