Додситонии Амрико нисбати шаҳрванди Узбакистон, ки дар қатли 8 нафар дар Ню-Йорк муттаҳам мешавад, аз рӯи моддаи “терроризм” парванда боз кард.
Додситонҳои амрикоӣ гуфтанд, ки ин амал “бо илҳом аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом шудааст. Додситонҳо дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 1 ноябр дар додгоҳи минтақаи Манҳеттен гуфтанд, Сайфулло Саипов дархост кардааст, ки дар утоқи бемористон, ки баъди маҷрӯҳ шуданаш аз ҷониби полис дар он нигаҳдорӣ мешавад, парчами сиёҳи “Давлати исломӣ” гузошта шавад.
Вай гуфтааст, ки аз кори кардаш “хеле хушнуд аст”. Саипов ба додгоҳ савори аробача оварда шуд, дасту пояш завлона зада шуда буд. Додгоҳ метавонад аз рӯи ин қазия ҳукми қатл содир кунад. Президент Доналд Трамп дар твиттери худ навишт, ки Саипов сазовори ҳукми қатл аст: “Террористи шаҳри Ню-Йорк хушбахт буд. Вай 8 нафарро кушт, 12 нафарро шадидан маҷрӯҳ кард. БОЯД БА ҲУКМИ ҚАТЛ МАҲКУМ ШАВАД!”.
Дар ҳамин ҳол, Бюрои федеролии тафтишот гуфт, ки марди дуюмро аз Узбакистон пайдо кардааст, ки Муҳаммадзоҳир Қодиров ном дошта 32 сол дорад ва бояд аз рӯи ин парванда ба саволҳо посух диҳад. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ Саипов тавассути тарҷумони русӣ бо ишора сар тасдиқ кард, ки дар бораи ҳуқуқи худ дар додгоҳ огоҳонида шудааст.
Трамп гуфт, ки барномаи "Green Card"-ро "поён медиҳад"
Дар пайи ҳамлаи маргбор дар Ню-Йорк, президенти Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 1-уми ноябр эълон кард, ки барномаи додани корти сабз (Green Card, грин-карта ё грин-корт) тариқи қуръакашӣ ё озмуни лотореяро "поён медиҳад". Шаҳрванди Узбакистон Сайфулло Саипов (Соҳибов), ки ба ҳамлаи хунини рӯзи 31-уми октябр дар Манҳатани Ню-Йорк муттаҳам мешавад, тариқи ҳамин барнома дар соли 2010 грин-корти Амрикоро дарёфт карда буд.
Сайфулло Саипов рӯзи сешанбе бо як мошини хурди борбар ба хатти махсуси дучархасаворон ва муқобили масири мухолиф ҳаракат кард. Дар ин ҳодиса 8 нафар кушта шуданд. Ба гуфтаи пулиси Ню-Йорк, Соипов ба номи гурӯҳи "Давлати исломӣ" даст ба ин кор задааст. Дар ҳоли ҳозир додситонӣ бо иттиҳоми терроризм алайҳи ӯ парванда боз кардааст.
Ҳар сол ба ҳисоби миёна тавассути ин барнома беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ҳам барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд.
Як рӯз баъд Доналд Трамп дар вокуниш ба ин ҳодиса ба хабарнигорон гуфт, ки "раванди хотима додан ба барномаи қуръакашии грин-кортро шурӯъ мекунам." Ба гузориши хабаргузории Франс-Пресс, ӯ дар идома ваъда додааст, ки "ҳар чӣ зудтар худро аз шарри ин барномаи лоторея, халос мекунем."
Тибқи тарҳи озмуни лоторея ё қуръакашии грин-корти Амрико, ки дар соли 1990 ба дасти раиси ҷумҳури вақти он кишвар Ҷорҷ Буши падар имзо шуд, солона ҳудуди 50 ҳазор нафар аз саросари дунё метавонанд бо номнависӣ ва аз роҳи қуръакашӣ, ба Амрико муҳоҷират кунанд.
Дар соли 2015 беш аз 14 миллион нафар аз миллатҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон барои қуръакашӣ сабти ном карданд ва аз ин миён, беш аз 49 ҳазор нафар барандаи грин-корт эълом шуданд. Аз ҷумла 2524 нафар аз Узбакистон.
Аммо таҳдиди Доналд Трамп барои барҳам додани барномаи озмуни лотореяи грин-корт дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи раиси пулиси шаҳри Ню-Йорк, муттаҳам ба ҳамлаи хунини рӯзи сешанбе "дар дохили Амрико радикал шудааст" ва тибқи гузоришҳо, пеш аз он нишонае аз ин, ки бо гурӯҳҳои террористӣ робитае дошта бошад, дар даст нест.
Хабаргузории расмии Олмон низ аз Вошингтон гузориш медиҳад, ки оқои Трамп рӯзи чаҳоршанбе муттаҳам ба ин ҳамларо "ҳайвон" хитоб кард ва ин эҳтимолро матраҳ намуд, ки муттаҳам ба зиндони Гуантанамо дар Куба фиристода шавад. Ин дар ҳоле аст, ки тибқи низоми қазоии Амрико, бинобар онки ҷиноят дар хоки ИМА рух додааст, муттаҳам низ бояд дар хоки ин кишвар муҳокима шавад.
Ҳар сол ба ҳисоби миёна тавассути ин барнома беш аз 500 нафар аз Тоҷикистон ҳам барандаи ин лотерея шуда, ба Амрико мекӯчанд. Тибқи иттиллои расмии сафорати Амрико дар Душанбе дар мавсими озмуни лотореяи “грин-корт” барои солҳои 2015-2016 аз Тоҷикистон 528 нафар раводиди сафарро ба даст овардаанд.
Тибқи арзёбиҳои расмӣ, танҳо бар асоси корти сабз дар давоми панҷ соли охир ба Амрико аз Тоҷикистон 2 ҳазору 760 шаҳрванди ин кишвар ворид шудааст. Садҳо нафари дигар аз роҳи барномаҳои таълимӣ ва ҳам пешниҳоди кор ба он сӯи уқёнус роҳ ёфтаанд. Аксари ин шаҳрвандон соҳиби маълумот ва ихтисос мебошанд, забони англисиро медонанд ва на таваккал, балки бо ҳадафи муайян ба ин кишвар ворид шудаанд.
Аз ин қабл низ раиси ҷумҳури Амрико хостори ислоҳот дар барномаи грин-корт ё тақдими ҳаққи иқомату кор шуда буд. Ӯ ҷонибдори он аст, ки Амрико на барандагони лотерея, балки муҳоҷирони “шоиста”-ро ба кишвар бипазирад. Довталаб бояд донандаи хуби забони англисӣ бошаду соҳиби он касбу ихтисосе, ки барои ИМА манфиатовар бошад. Пешниҳоди таҳрири қонуни амалкунандаи грин-корт, ки соли 1990 қабул шудааст, аз ҷониби бархе фаъолон ҳамчун маҳдудкунандаи ҳуқуқи инсон интиқод шуд.
Тоҷикистон: Аз хурд то бузург Green Card мехоҳад (ВИДЕО)
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад