Доналд Трамп, президенти Амрико аз подшоҳи Арабистони Саудӣ хостааст барои эҷоди иттиҳод миёни кишварҳои арабӣ, талош кунад. Оқои Трамп чанд соат пеш аз ин дар "Твиттер"-и худ ба гунае аз қатъи робитаи бархе кишварҳои арабӣ бо Қатар ҳимоят карда буд.
Президенти Амрико рӯзи 6-уми июн дар "Твиттер"-и худ гуфт буд, "дар ҷараёни сафари ахирам ба Ховари Миёна ишора кардам, ки тақвияти идеологияи ифротӣ дигар мумкин нест. Раҳбарони арабӣ ангушти ишораро ба самти Қатар рафтанд -- нигоҳ кунед!"
Вазорати умури хориҷии Арабистон 6-уми июн эълом кард, ки Қатар барои поён додан ба вазъи феълӣ, бояд гомҳое бардорад, аз ҷумла ба ҳимояти худ аз гурӯҳи "Ҳамос" дар Фаластин ва низ "Ихвон-ул-муслимин"-и Миср поён диҳад.
Ӯ сипас дар "Твиттер" навишт, "олӣ аст, ки мебинем дидор бо подшоҳи Арабистони Саудӣ ва раҳбарони 50 кишвар акнун натиҷа дод. Онҳо эълом карданд, ки мавзеи сарсахттаре дар баробари ифротгароӣ мегиранд ва ишораи онҳо ҳам ба Қатар буд. Шояд ин нуқтаи оғозе барои поёни ваҳшат аз терроризм бошад."
Чанд соат пас аз интишори ин "Твиттер", ки дар робита ба қатъи робитаи Арабистони Саудӣ, Миср, Имороти Муттаҳидаи Араб ва чанд кишвари арабии дигар ва низ кишвари Молдив бо Қатар мунташир шуд, гузориш шуд, ки раиси ҷумҳурии Амрико бо Малик Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ гуфтугӯи телефонӣ дошта ва барои дар ҳошия қарор додани Қатар мавзеъ гирифтаанд. Трамп гуфтааст, ки иттиҳод миёни аъзои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс, ки Қатар низ узви он аст, "барои мубориза бо терроризм ва барқарории субот дар минтақа муҳим аст."
Кишварҳои арабӣ, ки бо Қатар қатъи робита карданд, Давҳаро ба "ҳимоят аз гурӯҳҳои ифротӣ, терроризм ва дахолат дар умури дохилӣ"-и худ ва дигарон, аз ҷумла ҳимоят аз гурӯҳҳое монанди "Ихвон-ул-муслимин" ё Ҳамос муттаҳам кардаанд. Аммо Қатар ин иттиҳомотро радд карда ва мегӯяд, ки шаҳрвандони кишвараш ҳадафи "танбеҳи дастаҷамъӣ" қарор гирифта ва кишварҳои дигар дар талош барои "дикта кардани хости" худ ба Давҳа ҳастанд.
Чанд кишвари арабӣ, ки бо Қатар қатъи робита кардаанд, ҳамзамон роҳҳои ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрии худро бо ин кишвар бастаанд. Қатар ба воридоти маводи мавриди ниёзи аввал, монанди хӯрокворӣ аз кишварҳои дигар, вобаста аст. Уммон ва Кувейт аз кишварҳое ҳастанд, ки робитаҳои худро бо Қатар қатъ накардаанд. Урдун робитаҳои худро бо Қатар маҳдуд кардааст.
Кохи Сафед мегӯяд, дар тамоси телефонӣ миёни Трамп ва Малик Салмон, ду тараф дар мавриди шеваҳои мубориза бо таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ низ гуфтугӯ карда ва хостори муқобила бо "интишори ифротгароӣ ба василаи ҳар кишваре дар минтақа", шудаанд.
"Вошингтон миёнҷигарӣ нахоҳад кард"
Хабаргузории "Ассошэйтед пресс" ба нақл аз як мақоми вазорати умури хориҷи Амрико мегӯяд, бо вуҷуди он ки шумораи зиёде аз нерӯҳои артиши Амрико дар Қатар ҳузур доранд, аммо Вошингтон қасд надорад дар ҷараёни танишҳои бамиёномада миёнаравӣ кунад. Зеро ин масъала бояд тавассути кишварҳои минтақа ҳаллу фасл шавад. Ин мақоми вазорати умури хориҷии Амрико ба тамоюли Кувейт ва Туркия барои миёнҷигарӣ миёни тарафҳо ишора кардааст.
Рӯзи гузашта Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфта буд, талошҳое чун таҳрим барои дар ҳошия қарор додани Қатар "ҳеҷ мушкилеро ҳал намекунад" ва афзудааст, Анқара аз ҳама тавони худ барои ҳалли ин бӯҳрон, истифода хоҳад кард.
Шартҳои Арабистони Саудӣ
Вазорати умури хориҷии Арабистони 6-уми июн эълом кард, ки Қатар барои поён додан ба вазъи феълӣ, бояд гомҳое бардорад, аз ҷумла ба ҳимояти худ аз гурӯҳи "Ҳамос" дар Фаластин ва низ "Ихвон-ул-муслимин"-и Миср поён диҳад.
Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар Порис ба хабарнигорн гуфтааст, "ба андозаи кофӣ таҳаммул кардаем ва тасмим гирифтем, ки чораандешӣ кунем. Ҳеҷ касе намехоҳад ба Қатар садама бизанад. Ин Қатар аст, ки бояд тасмим бигирад дар ин роҳ ё ба тарафи дигар, ҳаракат кунад."