Варзишгари қирғизро баъди Олимпиадаи Лондон муҳокима мекунанд

Гӯштигир-хонуми қирғиз Ойсулу Тинибекова барои лату кӯби духтари наврас муттаҳам мешавад.
Рӯзи ҷумъа додгоҳи Бишкек ба варзишгардухтари муттаҳам ба авбошӣ иҷозат дод, ҳафтаи оянда ба Лондон сафар карда, дар бозиҳои олимпӣ иштирок кунад. Муҳокимаи гӯштигир-хонуми қирғиз Ойсулу Тинибекова дар моҳи август, баъди бозгашташ аз Олимпиада аз сар гирифта мешавад. Узви мунтахаби миллии Қирғизистон гӯштигири тарзи озод Тинибекова ба он муттаҳам мешавад, ки моҳи апрели соли равон дар як бархӯрди кӯчагӣ дар шаҳри Бишкек духтари наврасро латту кӯб карда, ба ӯ зиёни ҷисмонӣ расондааст. Хешовандон мегӯянд, бинии духтари наврас шикаставу дар рӯяш изи зарбаҳои Тинибекова ба чашм мехӯрад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Бишкек Нурила Қушқорбоева - модари ин духтари ҷабрдида гуфт:

  • Ӯ бояд аз ҷароҳатҳои бардоштаи равонӣ ҳам муолиҷа шавад. Нафаскашиаш мушкил шудааст.Тирамоҳ бояд ҷароҳатҳои мағзи сарашро табобат кунем.Соли оянда амалиёти ҷарроҳии пластикӣ гузаронидан зарур аст. Ҳар ду устухони биниаш шикастааст,вале мо амалиётро ба таъхир гузоштем.

Вале гӯштигирхонуми 19-сола Тинибекова айбномаро рад карда, исрор меварзад, ки фақат аз худ дифоъ кардааст.

Темур Ҷанаев вакили мудофиаи Тинибекова айбномаро қабул надорад. Рӯзи ҷумъа дар Бишкек Ҷанаев ба Радиои Озодӣ гуфт:

  • Агар шумо ба суханронии ҷабрдида аҳамият диҳед, мебинед, ки он комилан сохта аст. Ду духтар ҷанг карданду қазия тамом шуд. Мо саъй намудем, ин ҷанҷолро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл кунем. Вале ба фикрам онҳо мехоҳанд дар арафи Олимпиада моро таҳдид ё худ шантаж кунанд.

Ин бори аввал нест, ки дар арафаи мусобиқаҳои байналмилалӣ баъзе кишварҳо мурофиаи варзишгаронеро, ки корашон ба суд рафтааст, ба таъхир мегузоранд. Имсол дар арафаи Ҷоми футболи Аврупо додгоҳи англис муҳокимаи узви мунтахаби футболи ин кишвар Ҷон Терррио, ки бо табъизи нажодӣ муттаҳам мешуд, ба таъхир гузошт. Ҳамин гуна дар соли 2006-ум як идда футболбозони италиявӣ бо фасод муттаҳам мешуданд, вале таъхири муҳокима имкон дод, ки онҳо дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Олмон иштирок карда, ҷои аввалро ишғол намоянд.