Додгоҳи 9 ҷавони муттаҳам ба қатли Сорбон ва Саъдӣ (ВИДЕО)

Сорбон Музаффарбеков

Додгоҳи шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи қатли Сорбон Музаффарбекови 20-сола ва Саъдӣ Сатторови 25-сола шурӯъ кард.
Дар курсии айбдории куштори ин ду варзишкори ҷавони тоҷик 9 нафар муттаҳамон нишастаанд. Қатли ин ду ҷавон, яке дар моҳи августи соли гузашта ва дуввуми дар моҳи апрели соли равон сурат гирифтааст ва дар ин кушторҳо Шералӣ Муродови 22-сола, муттаҳами асосӣ дониста мешавад.

Шералӣ Муродов, сокини Душанбе, тибқи моддаи 104-и қонуни ҷазо (куштор) айбдор дониста мешавад. Тафтишот ва шоҳидон мегӯянд, ки ӯ ҳамроҳи Камолиддин Тошзода ва Шарифҷони Абдулазиз рӯзи 26 августи соли 2012 дар назди тарабхонаи “Бешаи Палангон” ба Сорбон Музаффарбеков дарафтода, 8 бор ба сари синаи ӯ корд Сорбон задааст. Дар натиҷа Сорбон Музаффарбеков дар беморхона ҷон додааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи афроди гумонбар дар қатли варзишгарон


Мардон Азимов,муррабии Сорбон мегӯяд, агар вай ба таври бераҳмона ба қатл намерасид, бояд дар ҷоми Осиё Тоҷикистонро муаррифӣ мекард. Ӯ гуфт, «қатли Сорбон барои варзиши тоҷик бохти бузург аст, мо аз ӯ умедҳои зиёд доштем. Дар вазни худ Сорбон дар Тоҷикистон аз рӯи ин навъи варзиш дуюм нафар буд. Ба касе кор надошт пайваст машқ мекард.»


Дар ҳамин ҳол, Париноз Улфатшоева, модари Сорбон Музаффарбеков мегӯяд, баъди куштори бераҳмонаи фарзандаш то ҳанӯз ба худ омадан наметавонад. Вай мегӯяд, «писари ман варзишкор буд, ба касе кор надошт. Вай ҳоло зери хок асту қотилон бепарво гашта, даст ба чанд ҷинояти дигар задаанд. Волидайни онҳо ба ҷойи он ки омада маъзарат бихоҳанд, ба ман мегӯянд, ҳеҷ гап нашудааст. Бигзор ба ин қотилон сахттарин ҷазоро раво бубинанд, то оташи дили ман сабук гардад.»

Париноз Улфатшоева мегӯяд, Сорбон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсил мекард ва ҳамзамон мураббии кӯдакон буд. Ӯ мегӯяд, писараш алакай дар 20-солагӣ устоди бокс шуда, дар чанди сабқатҳои дохиливу хориҷӣ ширкат карда буд ва 30 медал ҳам ба даст оварда буд.

Дар як паҳлуи Шералӣ Муродов дар курсии айбдоршавандагон падари ӯ Салим Муродов ва бародараш Ҷаҳонгир низ нишастаанд. Онҳо ба он муттаҳам мешаванд, ки барои наҷоти Шералӣ гувоҳномаи тиббии “бемори равонӣ” будани ӯро овардаанд. Вале бо фош шудани ин тақаллуб ҳарду ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мурофиаи гумонбарони қатли Сорбон Музаффарбеков


Дар моҳи августи соли равон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти се нафар ба гумони даст доштан дар қатли як ҷавони 20-сола дар шаҳри Душанбе хабар дода буд. Бар асоси иттилои сомонаи Вазорати умури дохилӣ, ин афрод рӯзи 26 август дар наздикии тарабхонаи "Бешаи палангон" бо се сокини дигари шаҳр даъво карда ва яке аз онҳоро ба зарби корд сахт маҷрӯҳ кардаанд ва дар натиҷа Сорбони 20-сола дар бемористон ҷони худро аз даст додааст. Ангезаи ин муноқиша миёни ҷавонон маълум нест. Аммо пулис мегӯяд, Шералӣ Муродов қаблан ҳам як дафъа бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ (авбошӣ) маҳкум ба зиндон шуда буд.

Баъди Сорбон Саъдиро куштанд...

Саъдӣ Сатторов

Дар ҳамин мурофиа Шералӣ Муродов ба куштори Саъдӣ Сатторов низ айбдор мешавад. Қатли Саъдии 25 сола дар моҳи апрели соли 2013 дар тарабхонаи “Шаҳрисабз”-и пойтахт сурат гирифтааст. Баъдан вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҳафт нафари муттаҳам дар куштори Саъдиро боздошт намудааст, ки дар миёнашон Ҷаҳонгир ва Шералӣ Муродовҳо низ буданд.

Дар пайи ин ҳодиса, волидони Саъдӣ Сатторов низ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карданд, то тафтиши қазияро зери назорати худ гирад. Онҳо изҳори нигаронӣ кардаанд, ки гӯё қотили эҳтимолии фарзандашон аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон аст ва дар гузашта низ аз ҷавобгарӣ барои чандин ҷинояти вазнин халос шудааст.

Заррина Саидова

Заррина Саидова, холаи Саъдӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, наздикони айбдоршаванда Шералӣ Муродов, дар ибтидо ба онҳо таҳдид мекарданд аммо баъдтар барои даст кашидан аз даъво пул пешниҳод кардаанд.

Пайвандони Сорбон ва Саъдӣ зиёд мутмаин нестанд, ки Шералӣ Муродов ва айбдоршавандагони дигар ҷазои сазовор хоҳанд гирифт. Баъд аз пурсиши шоҳидон Додгоҳи шаҳри Душанбе мурофиаи навбатиро то рӯзи панҷшанбеи 9 январ мавқуф гузошт.