"Трансформатор"-и Қӯрғонтеппа дубора ба кор даромад

Корхонаи "Трансформатор" дар шаҳри Қӯрғонтеппа баъди уфту хезҳое, ки дар ду даҳсолаи ахир доштааст, дубора ба кор дароварда шуд ва даҳҳо истгоҳи барқӣ ё трансформаторро ба фурӯш баровард.

Корхонаи бози саҳҳомии "Трансформатор" дар шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз азимтарин корхонаҳои тавлиди трансформаторҳо дар Тоҷикистон буд, ки бино ба камбуди молӣ чанд соли ахир тавлидашро ба маротиб кам карда ва даҳҳо кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристода буд. Мақомот мегӯянд, дар чанд моҳи шурӯи дубораи кори ин корхона 280 адад трансформатор истеҳсол кардааст, ки назар ба солҳои пеш ба маротиб бештар мебошад.

Маҳсулот аз Русия, изолятор аз Чин, равған аз Узбакистон

Назаралӣ Давлатшоев, роҳбари корхонаи "Трансформатор" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маҳсулоте, ки онҳо баъди ба кор андохтани корхона ба фурӯш гузоштаанд, 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. “Маҳсулот ё ашёи хомро аз Русия, изолятор аз Чин ва равған барои трансформаторҳо аз Узбакистон оварда мешавад”, гуфт Давлатшоев. Вай афзуд, бо шурӯи дубораи кори корхона, "коргаронро низ оҳиста-оҳиста бармегардонем, 97 нафар монда буд, ба 114 нафар корманд расидааст. Ҳоло металли сиёҳ ва дигар маҳсулоти хомро аз хориҷ ворид карда истодаем."

Масъулини корхона мегӯянд, ки онҳо аз аввали сол, аз хориҷи кишвар дар ҳаҷми 5,5 миллион сомонӣ маҳсулоти хом харидорӣ кардаанд ва талош доранд, ки ҳоло ҳамкориҳояшон ба Русия ва дигар кишварҳо тавсеа бахшанд. Чанд соли охир ин корхона дар рӯ ба рӯи муфлисшавӣ қарор дошт, мизони тавлидот ночиз буд ва танҳо гоҳ-гоҳе барои муштариҳо аз Афғонистон дастгоҳҳои истеҳсоли барқ тавлид мекард. Ҳоло коршарики аслии корхонаи"Трансформатор" дар шаҳри Қӯрғонтеппа ширкати давлатии "Барқи тоҷик" мебошад, ки аз рӯи шартнома барояш трансформаторҳо месозад.

"Трансформатор" ба фурӯш гузошта шуда буд

Дубора фаъол шудани корхонаи азими "Трансформатор" дар Қӯрғонтеппа дар ҳолест, ки ҳанӯз соле пеш Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатииТоҷикистон саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Трансформатор”-ро ба фурӯш гузошт, вале бо талоши роҳбарияти феълиаш корхона аз тендер гирифта шуд ва бо сармояи хусусӣ дигарбора ба кор дароварда шуд.

Назаралӣ Давлатшоев мегӯяд, тамоми сармояҳои худро барои наҷоти корхона ва зинда кардани истеҳсолот равона кард. Вай мегӯяд, барои дуруст чархондани кори корхона на танҳо сармояву шароити инфрасохторӣ, балки мудирияти дурусту замонавӣ лозим аст.

Коргарон ба "Трансформатор" бармегарданд

Файзиддин Раҷабов, як сокини 56-солаи ноҳияи Бохтар мегӯяд, ӯ 34 соли пеш барои кор ба корхонаи "Трансформатор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба кор омад. Бо сабаби аз кор мондани корхона ӯ низ чанд сол бекор буд, дар ин миён маҷбур шуд барои кор ба муҳоҷират равад, вале аз даромади собит маҳрум буд. Раҷабов буранда аст ва вақте дубора ба кор баргашт, эҳсос кард, ки кори дар гузашта маъмулии буридани тунука ва сохтани трансформатор як лаззати хосе доштааст.

"Ман як мудат ба як корхонаи трансформатрсозии Русия рафта будам, чанд мудати дигар бекор будам. Зиндагӣ мушкил шуд, чун бачаҳоро бояд мехонондам, барои сару либосашон мушкил доштем, ҳоло ба кори пешинаам баргаштам ва корро идома медиҳам. Ҳоло дар корхона ашёи хом оварда истодаанд, ки соҳиби ҷойи кор шудем."

Маоши ин коргари соҳибтаҷриба ҳудудан 2 ҳазор сомонӣ аст ва ӯ мегӯяд, розӣ аст, чунки ин маош барои чархондани зиндагиаш кифоят мекунад ва муҳим ин ки бекор нест.

"Трансформатор" замони Шӯравӣ ва пас аз он

Замони Шӯравӣ дар корхонаи "Трансформатор" зиёда аз 1200 нафар кор мекард, вале баъди ин,ки корхона тавлидаш кам шуд, аксари кормандонашро ҷавоб додаанд. Ҳоло масъулини корхона умедворанд, ки бо роҳандозӣ шудани нерӯгоҳи “Роғун”, бекор шудани маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон, кори онҳо ин корхона ҳам зинда мешавад ва саҳми худро дар истеҳсоли истгоҳҳои барқии хурду бузург хоҳад гузошт.

Баъди ҷанги дохилии Тоҷикистон бахши муҳими саноат ва истеҳсоли кишвар фалаҷ шуд ва ҳанӯз ҳам на ҳама корхонаҳо тавонистаанд мутобиқ ба шароит ва имкониятҳои доштаашон истеҳсолотро зинда гардонанд