Қатъи кори 7 ширкати мусофиркашонӣ дар Душанбе. ВИДЕО

Шаҳрдории Душанбе фаъолияти 7 ширкати мусофиркашонӣ дар пойтахтро қатъ кардааст. Мақомот гуфтанд, ки ин тасмим дар пайи шикояти зиёди сокинон дар бораи “ба талабот ҷавобгӯ набудани хадамоти ширкатҳо” гирифта шуд. Вале баъзе аз коршиносон дар ин маврид “рақобати носолим”-ро тахмин мезананд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қатъи фаъолияти 7 ширкати мусофиркашонӣ дар Душанбе

Ахиран ду автобуси нави воридшуда аз Туркия ба садама дучор шуда ва баъд аз таъмир дубора ба мусофиркашонӣ оғоз кардаанд.

Абдуҳалим Маҷидов, як масъули корхонаи давлатии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи шикояти сокинон фаъолияти ду ширкати мусофиркашонӣ комилан қатъ ва ба панҷ ширкати дигар барои ислоҳи камбудҳо мӯҳлат дода шудааст.

Ӯ гуфт, “бархе аз ин ширкатҳо шароити техникие надоштанд, ки дар хатсайрҳои худ миқдори зарурии мусофирбарҳоро таъмин намоянд. Ҳоло масирҳое, ки микроавтобуси ин ширкатҳо мусофиркашонӣ мекарданд, дар ихтиёри ширкатҳои дигар қарор дода шудааст.”

Хуршед Хизиров

Хуршед Хизиров, раҳбари ширкати мусофиркашонии “Роҳи абрешими Бадахшон”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомот, воқеан, иҷозатномаи онҳо барои мусофиркашонӣ дар хатсайри шумораи 1-ро боздоштаанд. Вай гуфт, «ширкати мо машғули мусофиркашонӣ дар хатсайрҳои 1, 8 ва 33 буд. Ахиран бо тасмими мақомот иҷозатномаи мо барои кор дар хатсайри шумораи 1 бекор карда шуд. Чунин тасмим дар пайи шикояти мусофирон гирифта шудааст. Воқеан, мо мушкилҳое доштем ва ҳатто хатсайрро то маҳаллаи километри нӯҳум дар шаҳри Душанбе тамдид карда будем. Дар ин замина огоҳнома ҳам доштем, аммо натавонистем сари вақт ин мушкилиҳоро бартараф кунем.»

Ин дар ҳолест, ки бо фарорасии фасли гармо ва моҳи Рамазон сокинони шаҳри Душанбе шикоят мекунанд, ки хадамоти воситаҳои мусофиркашонӣ онҳоро қонеъ намесозад.

Мақсуди Азимзод, як сокини пойтахти Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳолатҳои зиёд мешавад, ки ронандагони микроавтобусҳо ҳатто талаботи оддии тозагиро риоя намекунанд. Вай афзуд, «на ҳама аз микроавтобусҳо «кондитсионер» доранд. Мушоҳида мекунам, ки ронандаҳо аз меъёр бештар мусофир мегиранд, аммо ба умедем, ки ин камбудҳо тадриҷан бартараф мешаванд.»

Инга Владимировна, сокини дигари Душанбе, гуфт, “аз меъёр зиёд мусофир мегиранд. Дар ҳавои гарм нафас кашида намешавад. Ба фикрам, аз ин мусофирбарҳо дида, дар троллейбусҳо равӣ, беҳтар аст.”

Инга Владимировна

Сокинон пешниҳод доранд, ки хадамоти ҳамаи мусофирбарҳои пойтахт ҷиддӣ баррасӣ ва талаботи ягона барои мусофиркашонӣ ҷорӣ шавад. Онҳо мегӯянд, натанҳо хадамоти ҳафт ширкат, балки дар маҷмуъ, хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе ба ислоҳ ниёз дорад.

Фаррух Миралиев, муҳандиси бехатарии ҳаракат дар масири микроавтобусҳои шумораи 15 дар шаҳри Душанбе мегӯяд, "фикр мекунам, дар ин мушкил худи мусофирон низ гунаҳкоранд. Аз ҷумла, онҳо саросемагӣ карда, мунтазири микроавтобуси дигар намешаванд ва ба зӯрӣ вориди нақлиёт мегарданд. Ба ронандаҳо низ пайваста машварат медиҳем, ки аз савор кардани мусофирони бештар аз меъёр худдорӣ кунанд."

Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон бо дарназардошти мушкилоти фаровон дар заминаи мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе мегӯянд, қатъи фаъолияти 7 ширкати мусофиркашонӣ ба мавзӯи "рақобати носолим" дар як бахши муҳими иҷтимоиву иқтисодии шаҳр рабт мегирад. Ба эътиқоди онҳо, эҳтимол шаҳрдорӣ талош дорад, дар ин арса танҳо ширкатҳое фаъолият дошта бошанд, ки мавриди эътимоданд.

Феълан ҳамарӯза дар хатсайрҳои Душанбе 160 автобус, 73 троллейбус, 28 микроавтобуси бахши коммуналӣ ва 1990 микроавтобуси бахши хусусӣ фаъолият мекунанд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе дар чанд моҳи пеш аз Туркия 40 автобуси мусофирбар харид ва, қарор аст, 24 автобуси дигар аз хориҷи кишвар ворид карда шавад. Абдуҳалим Маҷидов мегӯяд, ахиран ду автобуси нави воридшуда аз Туркия ба садама дучор шуда ва баъд аз таъмир дубора ба мусофиркашонӣ оғоз кардаанд.