Шаҳрдории Душанбе иҷрои қарори боло бурдани нархи роҳкироро дар пойтахт то аввали моҳи марти имсол ба таъхир гузошт.
Бо ин нархе, ки муайян карданд, бояд ҳамеша танга гирифта гардӣ. Ҳоло пайдо кардани танга ҳам мушкил шудааст. Дирӯз ба бонк рафтем, мегӯянд, танга нест.
- Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 19-уми феврал бо судури як қарор нархномаи нави нақлиёти ҷамъиятиро эълон кард. Бар асоси қарори нав, роҳкирои троллейбусҳо 1 сомонӣ, автобусҳо 1 сомониву 20 дирам, автобусҳои экспресс 1 сомониву 50 дирам ва “маршрутка”-ҳо 1 сомониву 60 дирам муқаррар шудааст. Қаблан қимати роҳкирои тролейбусҳо 70, автобусҳо 80 ва микроавтобусҳо то нимароҳ 80 дирам ва то интиҳои роҳ 1 сомониву 60 дирам буд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ними маош бояд харҷи роҳ шавад"
Тағйири нархи роҳкиро дар Душанбе дар як они воҳид ба мавзӯи рақами яки сӯҳбати мардум дар дохили мусофирбару кӯчаҳо табдил шуд. Сокинон аз тартиби нави пардохти роҳкиро ва боло бурдани қимати он норозигӣ доранд. Зеро, ба қавли бархеи онҳо, нисфи маошашон харҷи роҳкиро хоҳад шуд.
Маҳмад, сокини пойтахт, низ рӯзи 22-юми феврал гуфт, ки "500 сомонӣ маош мегирӣ ва 300 сомониаш бояд харҷи роҳ хоҳад шавад".
Қурбон Холов, сардори шӯъбаи робита бо ҷомеа дар идораи "Душанбенақлиётхадамотрасон", рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, то замони бартараф шудани камбудҳо мусофирбарҳои пойтахт бояд бар асоси нархномаи кӯҳна фаъолият кунанд. Холов гуфт, барои ҳимояи ҳуқуқи мусофирон дар тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ нархнома ва телефонҳои боварии ниҳодҳои дахлдорро насб кардаанд.
Мақомот расман дар бораи камбудҳо суҳбат накарданд. Аммо ронандагону мусофирон мегӯянд, тамоми гап сари нархи роҳкиро мечархад.
Баҳси мусофирону ронандаҳо бар сари чист?
Шералӣ Бурҳонов, ронандаи троллейбуси рақами 10, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло мусофирон ба хотири аз 70 дирам ба 1 сомонӣ боло бурдани қимати роҳкиро ҳар лаҳза вориди баҳс мешаванд. “Медонед, вақте роҳкиро 70 дирам буд, як нафар 1 сомонӣ медоду ду кас менишаст, чизе намегуфтем. Ҳоло барои 1 сомонӣ ин қадар ҷанҷол мекунанд”, - мегӯяд ӯ.
Мушкили дигар пардохти бақия гуфта мешавад, ки дар аксар маврид боис ба баҳси миёни ронанадҳову мусофирон мешавад. Анвар Бегмуродов, ронандаи микроавтобуси хатсайри рақами 19 гуфт, "бо ин нархе, ки муайян карданд, бояд ҳамеша танга гирифта гардӣ. Ҳоло пайдо кардани танга ҳам мушкил шудааст. Дирӯз ба бонк рафтем, мегӯянд, танга нест. Хубтар буд ё 1 сомонӣ кунанд, 2 сомонӣ”.
Чаро нарх боло рафт?
Аммо Қурбон Холов, сардори шӯъбаи робита бо ҷомеа дар идораи “Душанбенақлиётхадамотрасон”, мегӯяд, ҳоло тамоми ширкатҳо, ронандаҳои мусофирбарро бо танга таъмин мекунанд, то дар баргардондани бақия мушкиле пеш наояд. Мақомоти муассисаи нақлиёти мусофиркашонии Душанбе далели боло бурдани роҳкироро танзим дар пардохти роҳкиро, шароити мусофирбарҳо ва сифати мусофиркашонӣ унвон мекунанд.
Бори охир қимати роҳкирои ҷамъиятӣ дар мусофирбарҳои Душанбе дар соли 2011 боло бурда шуда буд. Масъулини нақлиёти мусофиркашонӣ дар Душанбе мегӯянд, давоми ин ҳафт сол қимати сӯзишворӣ то 43 дарсад, қисмҳои эҳтиётӣ 25 дарсад ва равғанҳои молиданӣ 3,3 дарсад афзоиш ёфта, ба фаъолияти ронандаву мусофирбарҳо низ таъсир расонда буд.
"Дардҳои куҳна"-и нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе
Нақлиёти шаҳрӣ аз камтарин бахшҳои кори шаҳрдории Душанбе мебошад, ки ҳама вақт зери интиқод қарор дорад. Шаҳрдории собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доимо аз кори нақлиётҳои шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулини ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод мекард. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе ҳам ки моҳи январи соли гузашта ба ин мақом расид, корашро аз танзими нақлиёти ҷамъиятӣ оғоз кард.
Ҳоло мақомоти идораи “Душанбенақлиётхадамотрасон” талош доранд, пеш аз амалӣ шудани қарори нави шаҳрдори Душанбе аз ҳар ронанда барои риоя кардани талабот ва танзими нақлиёти мусофирбар баёнот гиранд.
Феълан дар пойтахт 13 ширкати хусусии нақлиётӣ ва чаҳор корхонаи коммуналии “Автобуси 1, 2, 3” ва Троллейбус ба мусофиркашонӣ машғул ҳастанд. Идораи “Душанбенақлиётхадамотрасон” мегӯяд, танҳо дар як соли гузашта 57 шикояти мусофирон аз рафтори нодурусти ронандаҳо ба ин идора расидааст.