Созмони Transparency International бо нашри гузориши тозае гуфт, ришвахориву фасод дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта бештар шудааст.
Созмони мазкур, ки ҳар сол кишварҳои ҷаҳонро аз ин нигоҳ раддабандӣ мекунад, Тоҷикистонро имсол аз миёни 176 кишвар дар мақоми 157 қарор додааст, ки 5 зина поёнтар аз соли 2011 аст. Тоҷикистон соли гузашта дар раддабандии созмони Шаффофияти Байналмилал дар мақоми 152 қарор дошт.
Нигоҳи умумӣ ба фасод дар Тоҷикистон рӯшан аст: Бисёриҳо онро як “саратон”-и ҷомеа медонанд ва бовар доранд, ки бештар ниҳодҳои давлатӣ дар он даст доранд. Вале оё хулосаи созмони Шаффофияти Байналмилал, ки коррупсия дар Тоҷикистон густариши бештар ёфтааст, то куҷо дуруст аст, назарҳо фарқ мекунанд.
Масъулони давлати Тоҷикистон аз изҳори назар дар мавриди арзёбии тозаи Созмони Шаффоияти байнулмилал, ки Тоҷикистонро дар муқоиса бо солҳи қаблӣ бештар ба фасодолудашуда баҳогузорӣ кардааст худдорӣ карданд. Аммо онҳо бар ин назаранд, ки муборизае, ки чанд сол ба ин сӯ зидди фасод дар кишвар идома дорад, аз густариши он пешгирӣ кардааст. Онҳо даҳҳо парвандаи пурсарусадои солҳои охир, аз ҷумла боздошти мансабдорони муҳими давлатиро намуна меоранд ва мегӯянд, ҳар яке аз чунин парвандаҳо мансабдорони дигарро аз ришвахорӣ бозмедоранд.
Фаттоҳ Сайидов, Раиси Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳафтае қабл дар ҳошияи як нишаст ба хабарнигорон гуфта буд, ки давлат бо тамомии неруҳои интизомии худ алайҳи ин падидаи номатлуб мубориза карда истодааст.
Бархе аз соҳибкорони саршиноси кишвар низ мегӯянд, ки вақте як тоҷир фаъолияти худро дар доираи қонун пеш мебарад, зарурат ба додани ришват ва даст задан ба фасод боқӣ намемонад. Соҳибимтиёзи калонтарин бозори Тоҷикистон «Корвон», Нуршед Машрабов, аз ҷумла гуфт, ки чун ӯ сари вақт молиёти давлатро пардохт мекунад, ҳеҷ мушкиле бо мақомот надорад ва ришват ҳам намедиҳад.
Нуршед Машрабов мегӯяд, агар дар ҳамин шабу рӯзҳо молиётро ба давлат бисупорӣ, корманди молия чӣ гуфта метавонад? Агар ҳамаи андозҳои муқарраркардаи давлатро бисупорӣ ягон кас аз ту кор ҳам талаб намекунад. Мо ҳамаро дар чаҳорчӯби қонун анҷом медиҳем, барои ҳамин дар назди касе муттаҳам нестем ва ришва ҳам намедиҳем.
Чанде пеш масъулони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфтанд, ришваю фасод беш аз ҳама дар идораву муассисаҳои давлатӣ реша давондааст. Аммо Манижа Ҳайитова, роҳбари маркази «Ҳаёт» дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар густариш ва авҷ гирифтани фасод ва ришват дар Тоҷикистон танҳо масъулони ниҳодҳои давлатӣ гунаҳкор нестанд.
Хонум Ҳайитова меафзояд худи соҳибкорон низ шароитеро ба миён меоранд, ки мансабдоронро ба гирифтани пора водор менамояд: «Дар рафти кори худ, ман ин ҳодисаҳоро мушоҳида накардам. Вале ба ҳар ҳол мешунавам аз дигар корхонаҳое, ки ба тиҷорат машғуланд чунин ҳодисаҳо рух медиҳад. Аммо
коррупсия дар давлат пинҳонӣ нест. Он вуҷуд дорад. Лекин қарсак аз як тараф намешавад. Баъзе вақт худи ҳамин тоҷирон, ки фаъолият доранд, ба коррупсия як «интерес» доранд. Яъне мехоҳанд, ки корашон тезтар ҳал шавад ва марҳалаҳои қонунии ҳалли корро тай кардан намехоҳанд. Ва чунин тарзи бархӯрд ба пайдо шудани фасод ва ришват сабаб мешавад»
Ин нуктаро созмони Шаффофияти байналмилал низ зикр намуда гуфтааст, дар Тоҷикистон, худи мақомоти расмӣ эътироф кардаанд, ки фасоду ришвахорӣ дар кишвар ба як одат табдил шудааст ва мардум чунин меандешанд, ки бояд барои иҷрои ҳар коре ришва дод.
Созмони Шаффофияти байналмилал вазъро дар аксари кишварҳои Шӯравии пешин ҳамоҳанг меномад ва мегӯяд, аз миёни онҳо фасодкорӣ дар Гурҷистон камтар ва аз ҳама бештар дар Туркманистону Узбакистон ба мушоҳида расидааст, ки ҳарду дар мақоми 170-ум қарор доранд.
Дар баёнияи расмии созмони Шаффофияти Байналмилал, ки дар Берлин қароргоҳ дорад, омадааст, хашми фазояндаи мардум аз ҳукуматҳои фосид дар соли гузашта раҳбарони чанде аз ин ҳукуматҳоро аз мақомҳояшон маҳрум кард, вале бо “фурӯ нишастани гарду ғубор” намоён шуд, ки мизони ришвахорӣ, сӯистифода аз мақом, муомилоти пинҳонӣ ҳамчунон дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон болост.
Ба гуфтаи намояндагони созмон, шохиси мавҷудияти фасод дар соли 2012 нишон медиҳад, ки “фасод ҳамчунон ҷомеаҳоро дар кишварҳои ҷаҳон ғорату вайрон” мекунад. Бар асоси ин шохис, се кишваре, ки аз ҳама камтар ба ин “беморӣ” олуда шудаанд, Дания, Финландия ва Зеландияи нав аст, ки дастрасии озод ба иттилоот, шеваҳои ҳукуматдорӣ ва рафтори мансабдорон, сабаби поктар мондани ин кишварҳо шудааст.
Нигоҳи умумӣ ба фасод дар Тоҷикистон рӯшан аст: Бисёриҳо онро як “саратон”-и ҷомеа медонанд ва бовар доранд, ки бештар ниҳодҳои давлатӣ дар он даст доранд. Вале оё хулосаи созмони Шаффофияти Байналмилал, ки коррупсия дар Тоҷикистон густариши бештар ёфтааст, то куҷо дуруст аст, назарҳо фарқ мекунанд.
Масъулони давлати Тоҷикистон аз изҳори назар дар мавриди арзёбии тозаи Созмони Шаффоияти байнулмилал, ки Тоҷикистонро дар муқоиса бо солҳи қаблӣ бештар ба фасодолудашуда баҳогузорӣ кардааст худдорӣ карданд. Аммо онҳо бар ин назаранд, ки муборизае, ки чанд сол ба ин сӯ зидди фасод дар кишвар идома дорад, аз густариши он пешгирӣ кардааст. Онҳо даҳҳо парвандаи пурсарусадои солҳои охир, аз ҷумла боздошти мансабдорони муҳими давлатиро намуна меоранд ва мегӯянд, ҳар яке аз чунин парвандаҳо мансабдорони дигарро аз ришвахорӣ бозмедоранд.
Бархе аз соҳибкорони саршиноси кишвар низ мегӯянд, ки вақте як тоҷир фаъолияти худро дар доираи қонун пеш мебарад, зарурат ба додани ришват ва даст задан ба фасод боқӣ намемонад. Соҳибимтиёзи калонтарин бозори Тоҷикистон «Корвон», Нуршед Машрабов, аз ҷумла гуфт, ки чун ӯ сари вақт молиёти давлатро пардохт мекунад, ҳеҷ мушкиле бо мақомот надорад ва ришват ҳам намедиҳад.
Нуршед Машрабов мегӯяд, агар дар ҳамин шабу рӯзҳо молиётро ба давлат бисупорӣ, корманди молия чӣ гуфта метавонад? Агар ҳамаи андозҳои муқарраркардаи давлатро бисупорӣ ягон кас аз ту кор ҳам талаб намекунад. Мо ҳамаро дар чаҳорчӯби қонун анҷом медиҳем, барои ҳамин дар назди касе муттаҳам нестем ва ришва ҳам намедиҳем.
Чанде пеш масъулони Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфтанд, ришваю фасод беш аз ҳама дар идораву муассисаҳои давлатӣ реша давондааст. Аммо Манижа Ҳайитова, роҳбари маркази «Ҳаёт» дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар густариш ва авҷ гирифтани фасод ва ришват дар Тоҷикистон танҳо масъулони ниҳодҳои давлатӣ гунаҳкор нестанд.
Хонум Ҳайитова меафзояд худи соҳибкорон низ шароитеро ба миён меоранд, ки мансабдоронро ба гирифтани пора водор менамояд: «Дар рафти кори худ, ман ин ҳодисаҳоро мушоҳида накардам. Вале ба ҳар ҳол мешунавам аз дигар корхонаҳое, ки ба тиҷорат машғуланд чунин ҳодисаҳо рух медиҳад. Аммо
Ин нуктаро созмони Шаффофияти байналмилал низ зикр намуда гуфтааст, дар Тоҷикистон, худи мақомоти расмӣ эътироф кардаанд, ки фасоду ришвахорӣ дар кишвар ба як одат табдил шудааст ва мардум чунин меандешанд, ки бояд барои иҷрои ҳар коре ришва дод.
Созмони Шаффофияти байналмилал вазъро дар аксари кишварҳои Шӯравии пешин ҳамоҳанг меномад ва мегӯяд, аз миёни онҳо фасодкорӣ дар Гурҷистон камтар ва аз ҳама бештар дар Туркманистону Узбакистон ба мушоҳида расидааст, ки ҳарду дар мақоми 170-ум қарор доранд.
Дар баёнияи расмии созмони Шаффофияти Байналмилал, ки дар Берлин қароргоҳ дорад, омадааст, хашми фазояндаи мардум аз ҳукуматҳои фосид дар соли гузашта раҳбарони чанде аз ин ҳукуматҳоро аз мақомҳояшон маҳрум кард, вале бо “фурӯ нишастани гарду ғубор” намоён шуд, ки мизони ришвахорӣ, сӯистифода аз мақом, муомилоти пинҳонӣ ҳамчунон дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон болост.
Ба гуфтаи намояндагони созмон, шохиси мавҷудияти фасод дар соли 2012 нишон медиҳад, ки “фасод ҳамчунон ҷомеаҳоро дар кишварҳои ҷаҳон ғорату вайрон” мекунад. Бар асоси ин шохис, се кишваре, ки аз ҳама камтар ба ин “беморӣ” олуда шудаанд, Дания, Финландия ва Зеландияи нав аст, ки дастрасии озод ба иттилоот, шеваҳои ҳукуматдорӣ ва рафтори мансабдорон, сабаби поктар мондани ин кишварҳо шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад