Маркази пулгузаронӣ. Ғамхорӣ ба мардум, орзуи даромад ё бозтақсими бозор?

Ҷамъ шудани одамон дар яке аз бонкҳои кишвар. Рӯзи аввали ба кор даромадани Маркази миллии пулгузаронии Тоҷикистон

Дар авҷи буҳроне, ки қатъи фаъолияти бархе аз низомҳои пардохтии Русия дар Тоҷикистон ба миён овардааст, ширкати “Юнистрим” эълом дошт, ки ҳаққи хидматрасониро барои додуситадҳои марбут ба Тоҷикистон коҳиш медиҳад.

Ин изҳорот дар дидори муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва президенти “Юнистрим” Кирилл Палчун рӯзи 5-уми декабр дар Душанбе садо дод. Гуфта мешавад, ҳаққи хидмати “Юнистрим” барои расондани пул аз Русия ба Тоҷикистон аз 1,5 ба 0,99 дарсад коҳиш хоҳад ёфт. Вале маълум нест, ин тағйир мушкили даҳҳо ҳазор аз муҳоҷирон ва аҳли хонаводаи онҳоро, ки бо фаъол шудани Маркази миллии пулгузаронии Тоҷикистон ба миён омад, ба зудиҳо ҳал хоҳад кард ё не. Зеро “Юнистрим” алҳол бозигари асосии ин бозор нест ва мушкил бештар ба қатъи кори шабакаи дигар -- “Золотая корона”, ё "Тоҷи тило" рабт мегирад.

"Тоҷи тило" дар муқобили Тоҷикистон

Канда шудани раванди интиқоли пул ба воситаи шабакаи “Золотая корона”, ки мегӯяд, гуфтушунидро барои пайвастан ба Маркази миллии пулгузаронии Тоҷикистон идома медиҳад, ҳазорон нафарро дар Русия ва Тоҷикистон норозӣ кардааст. Аммо шабакаҳои “Юнистрим” ва “Контакт” мегӯянд, бо муваффақият ба ин марказ пайвастаанд ва дар интиқоли сармоя мушкил надоранд. Лек ин ду шабака дар якҷоягӣ ҳамагӣ 10 дарсади додуситади байни ду кишварро иҷро мекунанд ва бахши асосии ин муомилот -- тақрибан 82 дарсад -- ба воситаи низоми пардохтии “Золотая корона” ҷараён мегирад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Таъсири шеваи нави интиқоли пул ба муҳоҷирон ва хонаводаи онҳо. ВИДЕО


Сабаби дар даст доштани чунин бахши бузурги бозор аз тарафи “Золотая корона” дар он аст, ки ин шабака дар қаламрави Русия наздик ба 20 000 марказ дорад, дар ҳоле ки “Юнистрим”, ба навиштаи манобеи "Коммерсант" чизе наздик ба 5 000 нуқта. Аз сӯйи дигар “Золотая корона” хеле пештар аз шабакаҳои дигар вориди бозор шудааст ва ҳамчунин роҳҳои осони гузарондани пул, аз ҷумла ба воситаи телефони ҳамроҳро ҷорӣ кардааст. Ҳаққи хидмати он низ камтарин -- 0,5 то наздик 1%, дар ҳоле ки баҳраи “Контакт”, барои намуна, 1,4 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҷараёни интиқоли маблағ ба воситаи “Золотая корона” аз рӯзи 3--юми декабр, бо фаъол шудани Маркази миллии пулгузаронии Тоҷикистон, қатъ гашта, даҳҳо ҳазор нафарро аз фиристодан ва гирифтани пул маҳрум намуд. Ҳарчанд ин ширкат мегӯяд, омодааст, низоми нави ҷорикардаи Тоҷикистонро бипазирад, вале захира кардани сармояи бузурги баробар бо додуситадҳо дар ҳисобаш дар Тоҷикистон хилофи низомномаи он буда, ҳалли ин мушкил замон мехоҳад.

Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар маблағ ворид мешавад ва зиндагии аксари сокинони Тоҷикистон ба ин сармоя бастагӣ дорад. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон ҳадафаш ба танзим овардани ин маҷро, пешгирӣ аз пулшӯйӣ ва сармоягузории терроризм ва беҳбуди вазъи муҳоҷирону хонаводаи онҳост. Бо таъсиси Маркази миллии пулгузаронии Тоҷикистон, Бонки миллӣ аз шабакаҳои пардохтӣ талаб намуд, дар ҳисобҳои худ дар Тоҷикистон захираи кофие гузоранд, ки дар ҳолати варшикаста шудани онҳо, муштариёни тоҷик зиён набинанд.

Вале аҳолие, ки мавриди чунин ғамхорӣ қарор гирифтааст, аз ин навоварӣ норозист ва онро як тарҳе барои ба даст овардани фоидаи "бедардимиён" аз тарафи саромадони бонуфузи низоми бонкии Тоҷикистон медонад.

Шарҳи “Золотая корона”

Намояндаи дафтари матбуоти “Золотая корона” дар посухи расмӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми декабр навишт: “Мо бо БМТ дар муколама ҳастем ва умедворем, созише ҳосил хоҳад шуд, ки ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон ва истифодабарандагони “Золотая корона” бошад”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аввалин вокунишҳо аз Русия ба иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон. САДО


Дафтари матбуоти низоми пулии “Золотая корона” дар шарҳи ихтилофҳои ҳуқуқӣ навишт, бархе муқаррароти Маркази таъсисдодаи БМТ бо қонуни федеролии Русия “Дар бораи низоми миллии пардохтҳо” дар ихтилоф аст. Аз ҷумла, бар асоси ин қонуни Русия, “низоми пардохтҳо ширкатдорони мушаххаси ин ҷараёнро дорад: оператор, ширкатдор, маркази ҳисобу китоб, маркази амалиёт, маркази пардохтҳои клирингӣ (ҳисобукитоби бенақд) ва ғайра. Аз ҷумла, маркази ҳисобукитоб – як созмони қарздиҳанда аст, ки бо парвонаи Бонки марказии Русия амал мекунад. Дар қонун афзоиши ҳайати субъектҳои ширкатдори ин ҷараён ба инобат гирифта нашудааст”, -- менависад “Золотая корона”.

Дафтари матбуоти ин низом мегӯяд, дар нақшаи БМТ ба ҷараёни ҳисобу китобҳо бонки дуюм илова мешавад, ки мақомаш дар қонуни Русия мушаххас нест: “Масалан, маркази ҳисобу китоб дар Русия маблағро аз ҳисоби як ширкатдор барои интиқоли он ба Тоҷикистон кам мекунад, вале наметавонад ин пулро мустақим ба ҳисоби қабулкунандаи ин маблағ гузаронад, чунки бояд ин пулро ба ҳисоби БМТ гузаронад. "Аз ин назар нақшаи БМТ бо қонуни федеролӣ оид ба пардохтҳо дар ихтилоф аст," -- гуфтанд дар ширкат.

Аммо, ба назар мерасад, ин қонунҳои Русия барои бозигарони дигари бозор монеа нашудааст, ҳарчанд раҳбари "Юнистрим” Кирилл Палчун маркази таъсисдодаи Бонки миллии Тоҷикистонро "дар ҷаҳон беҳамто" ва "навоварӣ дар самти бонкдорӣ" донист ва рӯшан нест, ин як киноя аст ё воқеан ӯ ба кашфиёти бонкдорони тоҷик арҷ мегузорад.

"Пешниҳоди беасос"

Шореҳи иқтисод Абдуманон Шералиев ташаббуси БМТ-ро комилан беасос меномад. "То ин вақт ба маблағҳои мефиристодаи муҳоҷирон ягон чиз таҳдид намекард. Як раванди муқаррарӣ идома дошт. Баҳонаи "пулшуйӣ" аслан қобили сухан нест, зеро сармояҳо аз кишвар ба берун не, балки ба кишвар сарозер мешуданд", -- мегӯяд Шералиев. Ба ақидаи ӯ, сирри ин навоварӣ дар он аст, ки фоидае, ки аз интиқоли пули муҳоҷирон ба даст меояд, ба куҷо меравад, оё ба буҷаи мамлакат ё ҷайби мансабдори алоҳида.

"Агар ҳаққи хидмат ё баҳраи маблағҳои интиқолӣ ҳамагӣ 1 дарсад зиёд карда шавад, ташаббускорони ин навоварӣ метавонанд, соле то 25 миллион доллар фоида гиранд. Аз эҳтимол дур нест, ки пас аз муддате мо шоҳиди боло рафтани ҳаққи хидмати маркази нав шавем," - пешгӯйӣ мекунад коршинос.

Вале дар изҳороти БМТ гуфта мешавад, "ширкаткунандгони Маркази миллии пулгузаронии Тоҷикистон барои додуситад дар доираи он ҳеч гуна пардохте намекунанд. Қатъи назар аз хароҷоти зиёд барои коркард, иҷро ва ҳимояти ин тарҳ Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати танзимгар дар оянда низ ҳама гуна хароҷоти марбут ба ин тарҳро хоҳад дод ва бо ин роҳ хатари боло рафтани ҳаққи хидматрасониро барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори интиқоли пул аз байн хоҳад бурд."

Таҳкими назорат ё бозтақсими бозор?

"Мақсад таҳкими назорат ба маҷрои пулест, ки вориди кишвар мешавад. Агар дар гузашта пул бевосита ва бо давр задани ниҳодҳои давлатӣ ба дасти одамон мерасид, андозе аз он дода намешуд, акнун баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд," -- мегӯяд таҳлилгар Вячеслав Абрамов. Ба ақидаи ӯ, ин навоварӣ бо дастурҳои бонкии Русия дар ихтилоф аст.

Пештар низ Конуни миллии амалиёти молиявии Русия изҳор дошта буд, ки ташкили низоми нави пардохтӣ дар Тоҷикистон ба меъёрҳои интиқоли байнулмилии пул мутобиқат намекунад. Вале намояндаи дафтари матбуоти ширкати "Юнистрим" дар посух ба Радиои Озодӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, онҳо “бо омодагии қаблӣ” тавонистанд, моҳи октябр ба Маркази миллии протсессингии БМТ пайваст шаванд.

“Мақоми бонк иҷоза дод, ки Юнистрим дар БМТ сурат-ҳисобҳо боз карда, мутобиқ бо қонунҳои Тоҷикистон фаъолияташро ба роҳ монад”. Ин ниҳод мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тавассути Юнистрим 98 миллион доллар маблағ интиқол ёфтааст, дар нимсолаи аввали соли гузашта 106 миллион доллар буд. Ин низом мегӯяд, соли гузашта ва имсол - сеяки ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути Юнистрим гузаштааст. Санҷиши дурустии ин иддао феълан имкон надорад.

Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон сарпечии “Золотая корона” аз ҳамкорӣ бо БМТ чизест, ки дар Тоҷикистон онро мехостанд. Аз ҷумла, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ, ки БМТ рӯзи 3 декабр нашр кард, гуфт, ҳадаф аз таъсиси ин низом он аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ҳифз шуда, дар сурати муфлис шудани низоми пардохтӣ, маблағҳои онҳо пардохт шавад. Вай таъкид кард, ки “як низоми интиқол 82 дарсади маблағҳоро интиқол додааст, ки ба иқтисоди кишвар хафв дорад”.

Бархе дастандаркорони соҳа гуфтанд, ки ишораи Нуралиев ба мавқеи “Золотая корона” мебошад.

Олимҷон Бобоев

Дар ҳамин ҳол, Олимҷон Бобоев, раиси ҳизби Ислоҳоти иқтисодӣ ва узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, давлат бояд мизони даромади маблағҳо аз хориҷро дақиқу дуруст бидонад, то ки омор ва ҳисобу китоби он ба танзим дарояд. Аммо вакили собиқ ва муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон Каримҷон Аҳмадов бар ин аст, ки ҳадаф аз таҳкими назорат бар гардиши байнулмилалии пул "бахше аз сиёсати давлати клептократӣ (қаллобсолор) аст, ки мехоҳад, ҳамаи риштаҳои ҳаётро зери тасарруф дошта бошад." Вай ин амалро идомаи сиёсатҳое нисбати бозигарони муваффақи байнулмилалӣ монанди DHL, UPS, Fedex меномад, ки бозорро дар ихтиёри бозигари баргузида қарор доданд.

Ба андешаи иқтисоддони мустақил Нур Сафаров низ, ҳолати бавуҷудомада “намунаи рӯшани тақсим ва таҳрири бозор мутобиқ ба манфиатҳои худ аст”. Айни замон, гуфт ӯ, ки ин ҳолат “бадие надорад, вале бояд имкониятҳо ҳам ба инобат гирифта шавад”.

“Бозигари калони бозори интиқолҳои пулӣ ширкати “Золотая корона” буд. Дар БМТ ба ин хулоса омаданд, ки ин чиз бояд тағйир ёбад ва бо низомҳои интиқоли пул музокираро барпо карданд. Мутаассифона, дар бораи шарту шурути онҳо иттилое нест. Бо назардошти ин ки бархе низомҳо кор мекунанду дигарҳо – на, пас суол дар заминаи тақсими маблағҳои воридшаванда аст,” -- гуфт ӯ.

Нур Сафаров афзуд, то замони мушаххас шудани дигар масъалаҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон методҳои алтернативии интиқоли пулро истифода хоҳанд кард.

Аксари ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ аз шарҳи дурнамои раванд худдорӣ карданд, аммо на ҳамаи онҳо ин ояндаро судманд ва бехатар номиданд.