Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як шаҳрванди Бангладешро, ки ба истисмори 17 ҳамватани худ дар Тоҷикистон муттаҳам мешуд, ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст.
Мунира Аҳмадова, як вакили дифоъи муҳоҷирони фиребхӯрда аз созмони ғайриҳукуматии “Фемида”, рӯзи 23-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муҳаммад Абуҷаъфарро тақрибан 10 рӯз пеш бар тибқи қисми чаҳоруми моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ ба қаллобӣ ва ба миқдори махсусан калон гунаҳкор донист ва ба зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи Мунира Аҳмадова, ки ҳамроҳ бо ду вакили дигари созмон аз ҳуқуқи шаҳрвандони бангладешӣ дар додгоҳ ҳимоят мекарданд, Муҳаммад Абуҷаъфар дар Тоҷикистон бо номи “Бео Венгал Интернешнл” як ширкати сохтмонӣ боз карда ва гурӯҳе аз ҳамватанонашро дар ивази пули зиёд бо ваъдаи маоши хуб дар Русия ба Тоҷикистон меорад ва сипас онҳоро фиреб медиҳад:
“Дар Бангладеш бо забони англисӣ контракт мебандад ва онҳоро гирифта ба Тоҷикистон меорад, сараввал мегӯяд, ки ман шуморо ба Русия мебарам. Бародари Абуҷаъфар дар Бангладеш ва як хеши дигараш аз дасти инҳо се, чаҳор то 5 ҳазор доллар мегирад бо ваъдаи онки, гӯё визаи яксола мекунад, ба Русия гусел мекунад, иҷозанома барои кор мегирад, вале ба Тоҷикистон меорад ва онҳо мепурсанд, ки Русия гуфтӣ, чаро ба Тоҷикистон мебарӣ, ӯ мегӯяд, ки Тоҷикистон як мамлакати Русия аст, фиреб карда меорад.“
Ба гуфтаи вакилонаш, Муҳаммад Абуҷаъфар ба ҳамватанони муҳоҷири худ ваъда медиҳад, ки дар аввал онҳо аз 250 то 300 ва сипас аз 600 то 700 долларӣ маош мегиранд, вале онҳоро дар сохтмонҳои гуногуни Душанбе кор фармуда пули ночиз медиҳад. Ба қавли вакили дигари ҷабрдидагон, муҳоҷирони бангладеширо аз соати 7 субҳ то соати 7 шом кор фармуда ба баъзеи онҳо ки аз 4 то 5 моҳ кор кардаанд, танҳо маоши думоҳа ва онро ҳам фақат 250-долларӣ медодааст.
Ба гуфтаи вакилони ҷабрдидаҳо, шаҳрванди Бангладеш, ҳамингуна ба фиреби ҳамватанони муҳоҷираш идома медиҳад ва дар ниҳоят, яке аз онҳо ба ҷон расида, аз ӯ мехоҳад, то пули кору дигар хароҷот ва шиносномаҳояшонро баргардонад. Аммо дар посух корфармои бангладешӣ ин муҳоҷирро ба ҳадде латукӯб мекунад, ки дастонаш мешиканад. Баъди ин муҳоҷирони бангладешӣ аз зулми ҳамватанашон ба созмони ғайриҳукуматии “Фемида”, муроҷиат мекунанд, то ба додашон бирасанд.
Вакилони “Фемида” бо мусоидати Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд ва ба думболи ин Муҳаммад Абуҷаъфар соли гузашта боздошт мешавад ва фаъолияти ширкати сохтмонии ӯ бо номи “Бео Венгал Интернешнл”-ро бозмедоранд. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Мунира Аҳмадова, 17 шаҳрванди Бангладеш соли гузашта фиреби Моҳаммад Абуҷаъфарро хӯрда ва ба додгоҳ шикоят кардаанд, вале мумкин аст, чанд қурбонии дигари ҷинояти ӯ дар Тоҷикистон сарсону саргардон гашта бошанд:
“Чанд бангладешии дигар ҳаст, ки бечораҳо на виза доранд, на маош мегиранд, бекоранд, хонаашон баргашта наметавонанд, чунки маблағ надоранд. Мо гуфтем, агар ҳар каси дигаре аз онҳо мондаанд, ба мо муроҷиат кунанд, мо ба қадри имкон ба онҳо кӯмак расонем.“
Ба гуфтаи ӯ муҳоҷирони корӣ шикоят кардаанд, ки барои омадан ба Тоҷикистон замину моликият ва ё хонаҳои худро фурӯхта, ба фарди миёнарав 5000-долларӣ додаанд. Зимни таҳқиқи парванда ва муҳокима, мақомоти интизомӣ 12 ҳазор доллар аз Муҳаммад Абуҷаъфар ситонидаанд ва ба қурбониёни ҷиноят баргардонидаанд. Чаҳордаҳ муҳоҷири бангладешӣ ба ватанашон баргаштаанд ва се нафари онҳо барои шаҳодат додан дар муҳокима дар додгоҳи болоӣ дар Тоҷикистон мондаанд. Вакили дифоъи шаҳрванди Бангладеш ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро ноодилона хонда ба додгоҳи болоӣ шикоят бурдааст.
Талошҳои Радиои Озодӣ барои пайдо кардани ин вакил натиҷа надод. Як манбаъ дар Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дар таркиби ҷинояти Муҳаммад Абуҷаъфар, «истисмор ва қочоқи инсон» дида мешавад, вале додгоҳи Шоҳмансур, муттаҳамро ба қаллобӣ гунаҳкор донист ва ба зиндон маҳкум кард, ҳарчанд ҳамин ҳам хуб аст, ки ҷинояткор сазои амалашро дид. Агарчӣ истисмори муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия як кори маъмулист, аммо чунин рафтор бо муҳоҷирони хориҷӣ дар Тоҷикистон то кунун сабт нашуда буд.