Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳодисаи пурқурбонии рӯзи 28-уми август дар шоҳроҳи Роштқалъа-Хоруғ, бар асари сангрезӣ рух додааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, мошини навъи "Старекс" бинобар резиши санг, ба дарёи Шохдара сарозер шудааст. Ба гуфтаи мақомот, дар пайи ин ҳодиса 10 нафар ҷон бохта ва 3 нафари дигар ба шумули ронанда, ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, як масъули Раёсати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 29-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи гузашта ҷасадҳои ҳамаи қурбониён аз об берун оварда шуд ва худи ҳамон рӯз онҳоро ба хок супурданд. Манбаъ афзуд, ки се нафар аз қурбониён сокинони водии Ғунд ва боқимонда аз Роштқалъа буданд.
Ба гуфтаи ин манбаъ дар ҳоли ҳозир мақомоти додситонӣ ва дигар ниҳодҳои зирабт ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ гуфт, ки тафсилоти ҳодисаро баъд аз анҷоми тафтиш дар ихтиёри расонаҳо хоҳанд гузошт.
Аз ин қабл, навбатдори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Бадахшон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Хоруғ гуфт, ки фоҷеа дар километри 20-уми шоҳроҳи Роштқалъа-Хоруғ рух дод.
Аз соли 2010 то имрӯз дар Тоҷикистон 10,5 ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дод, ки 3300 хонадонро мотамдор, кӯдаконро ятим ва оилаҳоро бадбахт кард.
Насим Ҷоналишоев гуфт, дар дохили микроавтобус 13 мусофир, аз ҷумла, 4 кӯдак қарор доштанд.
Дар натиҷа, 10 нафар ба ҳалокат расида, се нафар ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол ёфтанд. Ҳамаи кӯдакони мусофир ҳам ҷони худро аз даст доданд ва ронандаи ин мошин маъюб шудааст. Ба гуфтаи як манбаи дигари Радиои Озодӣ, дар ин ҳодиса як модар бо ду кӯдакаш ва як зан бо ду наберааш низ ба ҳалокат расидаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Давоми моҳи ҷорӣ барои бори дувум аст, ки дар Бадахшон ҳодисаи пурқурбонии нақлиётӣ рух медиҳад. Дар авоили моҳи ҷорӣ дар пайи сарозер шудани як мошини тамғаи “Жигули 06” ба дарёи Язғуломи ноҳияи Ванҷ чаҳор сокини минтақа ҷон бохтаанд. Рӯзи 7 август вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки фоҷеа дар натиҷаи аз баландии 100-метрии кӯҳ сарозер шудани санг ва бархӯрди он бо мошин рух дод. Гурӯҳи наҷотбахшон ҷустуҷӯи се ҷасади дигарро идома медиҳанд.
Охири моҳи июли имсол дар пайи чаппа шудани як мошин ба рӯди Ванҷоб ду нафар ҷон бохт. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон он вақт гуфтанд, ки ҳодиса бегоҳи 28-уми июл иттифоқ афтода, яке аз мусофирон сокини шаҳри Душанбе ва дигаре сокини деҳаи Даштаки ноҳияи Ванҷ буд. Дар ин ҳодиса ронанда ва як мусофири 28-сола ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Аз он пеш, рӯзи 16-уми июл бар асари чаппа шудани як заврақ ё қаиқи наҷотбахшон дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон капитани Вазорати дифоъ Наимҷон Саъдуллоев, корманди идораи умури дохилии ноҳияи Рӯшон Анвар Ёдалиев ва сокини 10-солаи ноҳияи Дарвоз ва Фирӯза Акобирова ғарқ шуданд. Ҷасади ин се нафар то ҳол пайдо нашудааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 июл дар мулоқоте бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфт, ки аз соли 2010 то имрӯз 10,5 ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дод, ки 3300 хонадонро мотамдор, кӯдаконро ятим ва оилаҳоро бадбахт кард.
Президент Раҳмон аз мақомот талаб кард дар наздиктарин фурсат лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи қоидаҳои ронандагиро пешниҳод кунанд. Ишораи раисҷумҳур ба сахттар кардани ҷавобгарӣ барои ронандагӣ дар ҳолати мастӣ, бидуни санад ва ронандагии донишҷӯён буд, ки мошинсавор то донишгоҳ меоянд.