Паринамо Шаҳбозова, як сокини 18-солаи ноҳияи Ишкошим 5 сол боз ҳунари худро дар дӯхтани тоқиҳои вахонӣ месанҷад. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз аз хурдӣ ба тоқидузӣ майл дошт.
Оромиши равонӣ аз гулдузӣ дар тоқиҳо ва ҳамзамон даромади молӣ аз фурӯши он, таваҷҷӯҳи Паринаморо аз чанд соли пеш ба ин ҳунари пурмашаққат бештар кард. "Мо метавонем барои беҳбудии рӯзгор аз ин ҳунарҳо истифода барем. Муштариҳои зиёди тоқиҳо хориҷиҳо мебошанд. Вобаста ба сифату ранг ва заҳмате, ки дар тоқӣ харҷ мешавад, нархи тоқӣ ҳам боло меравад”, - мегӯяд Паринамо.
Тоқиҳои вахонӣ, ки бо шаклу ранг ва тарзи дӯхт аз дигар кулоҳҳои тоҷикӣ фарқ мекунанд, дар бозорҳои кишвар аз 150 сомонӣ ва ё 20 доллар ба боло нарх дорад. Барои дӯхтани тоқӣ матои махсус ва риштаҳои борик истифода мешавад. Вобаста ба мураккабии гулҳо таҳияи тоқии вахонӣ аз ду то се моҳ тӯл мекашад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гулҳое, ки дар тоқиҳо нухсабардорӣ мешаванд, ба мисли себарга, чамангул, садбарг, лола бо намуд ва ранги худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва кам такрор мешаванд. Тоқии вахонӣ аслан бо ду намуд таҳия мешавад - чапдӯзӣ ва аз рӯи нусха. Чапдузӣ бинобар мушкил буданаш бештар дар замони Шуравӣ маъмул будааст.
Ҳоҷар Ниёзалиева, омӯзгор ва тоқидӯз гуфт, тоқии чапдӯзӣ, ки дар замонҳои пеш маъмул буд, гул надошт. “Аммо баъдан хостанд, ки гулҳои табиатро дар тоқӣ инъикос кунанд. Барои ин аввал гулро кашиданд, катакҳои онро ҳисоб кардаанд, ва ба як тартиби муяйн онро дар нусха мондаанд. Ин нусхаро мо дар матои муайян гузошта ба дӯхтан оғоз мекунем”, - шарҳ медиҳад хонум Ҳоҷар.
Тоқии вахонӣ аз ду қисмат иборат аст - аз раф ва тойсарӣ, ки дар алоҳидагӣ дӯхта ва сипас часпонида мешаванд. Рангҳое, ки дар тоқии вахонӣ истифода мешаванд, низ маънӣ ва фалсафаи худро дорад. Рангҳои сурхи баланд, гулобӣ, сабз ва зард, ки хоси ин тоқиҳост, рамзи гармиву рӯйсурхӣ ва табиати ҳамешабаҳоранд.
Тоқии вахонӣ, дар воҳиди пули миллии 20 сомонӣ ҳам таҷассум ёфтааст. Азизбегим Қатераеваи 56-сола мегӯяд, ӯ ҳанӯз аз 11-солагӣ ба дӯхтани тоқиҳои вахонӣ шурӯъ кардаву чашмонашро дар тоқидузӣ хира кардааст. Вай мегӯяд, “Ин ҳунарро аз янгаам ёд гирифтаам. Албатта, дар аввал хеле мушкил буд, аммо тоқат карда дар тӯли ин солҳо аллакай ҳисоби тоқиҳои дӯхтаамро гум кардам. Аммо арзиши матоъ ва ришта корро каме душвор мекунад. Баъзан ман маҷбур мешавам, ки аз риштаҳои либосҳои кӯҳна истифода кунам”.
Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, аз як метр матое, ки онҳо 20 сомонӣ мехаранд, даҳ тоқӣ медӯзанд. Бозори тоқиҳои вахонӣ бештар ба ҳангоми ҷашну сурҳо гарм мешавад. Хориҷиёне, ки аз мавзеъҳои таърихии ноҳияи Ишкошим ва водии Вахон дидан мекунанд, ҳатман тоқиҳои мардуми ин маҳалларо барои худ савғотӣ мебаранд.
Чанд даҳсола пеш тоқиҳои вахониро танҳо занҳои алоҳидаи ҳунарманд, ки зеҳни тез доштанд, таҳия мекарданд. Аммо солҳои охир бо таваҷҷӯҳ ба серхаридор шудани ин навъи тоқиҳо, ҷавонони зиёд ҳам ба омӯхтани ин ҳунар пардохтаанд.