Буҷулбозӣ -- яке аз бозиҳои қадима дар Тоҷикистон, ба тадриҷ дар бисёре аз гӯшаҳои кишвар аз байн меравад, чун ҷавонону кӯдакон рӯ ба телефону бозиҳои компютерӣ овардаанд. Радиои Озодӣ ба деҳае рафт, ки онҷо буҷулбозӣ мондааст. Калташӯр -- деҳаи дар доманАи кӯҳҳои Вахшу Данғара воқеъ аст ва мардумаш кишоварз ва чорводоранд.
Анварҷон халтаеро баҳори соли гузашта дар девори хонаашон овехта буд. Ӯ дар он буҷул, васоили як бозии қадимаро нигоҳ медорад. Барои Анварҷон ва Муслиҳиддин Наврӯз айёми хубест барои иштирок дар бозиҳои мардумӣ. Онҳо буҷулбозӣ -- як навъ сабқати маъмул дар деҳаашонро дӯст медоранд. Буҷул порае аз устухони бузу гӯсфанд аст, ки онро баъди забҳ мардум ҷамъ ва барои фарзандонашон, маъмулан ба писарон тақдим мекунанд. Чунки ин бозии бачагона аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Буҷулбозӣ қоидаи худро дорад. Се нафар ҳалқаеро тартиб медиҳанд, дохили ҳалқа тугма, гоҳҳо ширинӣ ва дигар чизҳоро мегузоранд. Чаҳор тарафи биҷил номи худро доранд: асп, хар, пук ва чик. Бо кадом тараф хобидан биҷил имтиёзоти онро дар бозӣ баён мекунад.
Ба таври мисол, агар аспу пик дар як масофа аз ҳалқа қарор бигиранд, соҳиби буҷули асп ғолиб дониста мешавад. Нафаре, ки буҷулаш ба ҳалқа наздик партофт, буҷул мезанад. Агар буҷул ба буҷул расида, онро як маротиба тоб диҳад, соҳиби буҷули тобхӯрдагӣ мағлуб мешавад.
Задани буҷул маҳорат мехоҳад. Агар буҷули шуморо дар чунин бозӣ ба паҳлу тоб додаанд, бозингар аз марра як тугмаро, чун ҷоиза мегирад ва дигарон боз тугма мегузоранд. Ҳар сол дар Тоҷикистон фестивали бозиҳои мардумӣ баргузор мешавад. Дар он буҷулбозон аз тамоми манотиқи ҷамъ мешаванд.