25 макони дидании Тоҷикистон: Ҷойҳое, ки ҳатман бояд дид

​Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то поёни моҳ рӯйхати 25 макони дидании Тоҷикистонро таҳия ва дар сомонаи "Тамошои Тоҷикистон" ("Visit Tajikistan") нашр хоҳанд кард.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризми ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар садади таҳияи рӯйхати 25 макони дидании ин кишвар барои сайёҳони хориҷист. Ризо Назарзода, муовини раиси ин кумита 13 июл дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, сомонаи нав бо рӯйхати ин 25 макон то поёни моҳи июл дар дастраси хоҳишмандони сафару саёҳат ба Тоҷикистон қарор мегирад.

Ин рӯйхати "сарватҳои туристӣ"-и Тоҷикистон, ба гуфтаи Ризо Назарзода, қалъаи Ҳулбуку маъбади Аҷинатеппа ва кӯҳҳои Ховалингу Сарихосору Мӯъминобод дар ҷануби кишвар, ёдгориҳои Саразму Панҷакенти кӯҳнаву Истаравшан ва зебоиҳои кӯҳистони Фону Искандаркӯл дар шимол, обҳои шифобахши Обигарму Гармчашма, кӯли Сарез, табиати Мурғобу Ишкошим қалъаи Каҳкаҳаву хароботи Карон дар шарқи Тоҷикистон, дараи Варзобу қалъаи Ҳисор дар канори Душанбе ва худи пойтахти Тоҷикистонро ба ҳайси нуқтаи оғози тамоми хатсайрҳои туристӣ фаро мегирад.

Намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, рӯйхати маконҳои дидании ин кишвар дар асл хеле фаротар аз он ба истилоҳ "Топ 25"-ест, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ омода мекунад.

Албатта, нигини ҳама рӯйхатҳои маконҳои дидании Тоҷикистон, ба бовари аксар, боз ҳам кӯҳистони Бадахшон ё Помир аст, ки "Боми ҷаҳон" номаш мебаранд. Аммо ҷаҳонгардон кадом гӯшаҳои мушаххаси “Боми ҷаҳон”-ро бештар меписанданд?

Фурӯғ Шакармамадова аз Анҷумани туризми эко-фарҳангии Помир (The Pamirs Eco-Cultural Tourism Association (PECTA) дар сӯҳбат бо Озодӣ маконҳои барои ҷаҳонгардон “топ”-и ин минтақаро чунин баршумурд: “Яке аз ин маконҳои ҷаззоб дараи Вахон аст, ки Роҳи бузурги абрешим аз он мегузашт. Дӯстдорони шикори морхӯру гӯсфанди Марко Поло ба Мурғоб мераванд. Дараи Бартанг ҳам бо пиряхи Грум – Гржимайло ва имконоти трекингаш дар Ҷизев муштоқони зиёд дорад."

Сайёҳони хориҷӣ, ҳамин тавр, ба Истаравшан барои дидани ҳунарҳои косибии мардумӣ, ба Хуҷанд ба зиёрати маконҳои таърихие, чун Қалъача ва масҷиди аз асри 16 ба ёдгор мондаи Шайх Муслиҳиддин меоянд. Аммо ба водии Зарафшон онҳо, ба гуфтаи Фаридун Ҳамроев,

Фаридун Ҳамроев

муовини раиси ширкати “Панҷакент Тур”, ки ба ҷалби сайёҳон барои тамошои кӯҳистони Фону Зарафшон ва ба Бадахшон машғул аст, барои кӯҳнавардӣ меоянд.

Таҳияи рӯйхати маконҳои барои сайёҳон дидании кишвар як василаи муҳими тарғибу ташвиқи сайёҳони хориҷӣ барои интихоби маҳз ҳамин кишвар барои саёҳати навбатӣ дониста мешавад. Саҳифаҳои Интернет пур аз матлабҳое бо номи "10 (20, 50...) макони дидании Туркия (Юнон, Фаронса, Узбакистон...) аст. Тоҷикистон, тавре аз шарҳи масъули умури ҷаҳонгардӣ дар Кумитаи ҷавонон бармеояд, акнун ба таҳияи чунин рӯйхат пардохтааст. Аммо дар бархе сомонаҳои ҷаҳонгардӣ кайҳо умдатарин маконҳои сайёҳии Тоҷикистонро гулчин кардаанд.

“Тонкости туризма”, яке аз сомонаҳои пурхонандаи сайёҳӣ менависад, Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойи гашти зиёди сайёҳӣ надорад ва тамошояш шояд бо дидани ҳайкали Сомониву Боғи Парчам дар маркази шаҳр, сайругашт дар майдони назди театри опера ва ошноӣ бо дастхатҳои бебаҳои Фирдавсиву Ибни Сино дар Китобхонаи миллӣ анҷом шавад. Аммо ин сомона қалъаву масҷиду мадрасаҳои қадима дар Ҳисору Хуҷанду Истаравшан ва Исфараву Панҷакент, зебоиҳои кӯҳҳои

Фону Зарафшон, чашмаҳои шифоии Обигарм ва, албатта,кӯҳистони Помирро аз ҷумлаи он “дороиҳои туристӣ”-и Тоҷикистон меномад, ки сазовори ҳадди ақал як бор дидан ҳастанд.

“Адвантур”, як маъхази дигари мӯътабари туристӣ матлабаш дар бораи Тоҷикистонро “10 коре ки бояд дар Тоҷикистон анҷом дод” ном карда, менависад, ҳар ҷаҳонгард зимни сафар ба Тоҷикистон бояд ҳатман:

Ба “Боми ҷаҳон” барояд,
Аз Хуҷанди бостонӣ боздид кунад,
Дар кӯчаҳои Истаравшан, ин шаҳри саросар осорхона сайр кунад,
Саре ба маъбади буддоӣ дар Аҷинатеппа бизанад,
Худро дар обҳои Искандаркӯл тар кунад,
Аз тамошои ҳайкали “Буддо дар ҳолати нирвана” дар Душанбе лаззат барад,
Дар шаҳри кӯҳнаи Панҷакент ба 1300 соли пеш сафар кунад,
Дар Бешаи палангон осори охирин бабри тӯрониро биҷӯяд,
Саразм – шаҳри бостонии кӯҳканҳову заргарҳоро бубинад,
Ва дар Панҷрӯд мазори Одамушшуаро – Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро зиёрат кунад.

Маъхазҳои туристӣ дар Интернет имкони табдили асъори хориҷӣ дар ҳар қадам, шӯру шари бозорҳои шарқиаш бо ҷон ҳама ҷомаву тоқиву чакану сӯзанӣ ва мағзу мавиз ва ҳамин тавр, осону арзон будани такси, бахусус хадамаи ба сари худ бесобиқаи таксиҳои рақами 3 ва 8 дар шаҳри Душанберо дар ҷумлаи чизҳое ном мегиранд, ки сафар ба Тоҷикистонро ҷаззобтар ва ба истилоҳи дигар, “маззадор” мекунад.

“Тонкости туризма” сафар ба Тоҷикистонро ба сурати умум амн арзёбӣ мекунад, вале “ба шарти риояи баъзе қоидаҳо.” Ин сомона сайёҳонро зимни сафар ба ин кишвари Осиёи Марказӣ аз чанд чиз ҳушдор додааст: “Бо расидани торикӣ танҳо ба кӯча набароед, бахусус берун аз Душанбе. Бо худи пули зиёд нагардонед ва ҷавоҳироти қиматбаҳо напӯшед. Фақат оби ҷӯшонда ва ё оби харидаро нӯшидан мумкин аст, чунки шабакаи обтозакунӣ нокомил буда, сатҳи сирояти бемории вабо дар кишвар баланд аст. Ба ҳамин далел, меваҷоту дандонҳоро низ бояд бо оби харида шуст ва дар бару ресторанҳо нӯшокиҳои бидуни яхро дархост кунед.”

Бино ба омори расмӣ, соли гузашта беш аз 213 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид карда, ба буҷаи кишвар 106 миллион доллар фоида овардаанд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 13 июл хабар дод, ки шумори сайёҳони хориҷӣ дар нимаи аввали соли равон аллакай беш аз 147 ҳазор сайёҳ шудааст ва ин шумори меҳмонон, ки аз 69 кишвари дунё ба тамошои Тоҷикистон омадаанд, нисбат ба 74 ҳазор сайёҳе, ки дар нимаи аввали соли 2014 аз Тоҷикистон боздид карданд, ду маротиба бештар аст.

Бо ин ҳол, сайёҳони хориҷӣ дар баробари изҳори ваҷд аз зебоиҳои табиати бахусус кӯҳистонаш ҳамеша аз набуди шароити муносиби хидматрасонӣ дар Тоҷикистон шикоят мекунанд. Ва ин шикоятҳо нафақат аз камбуди меҳмонхонаҳову хадамаҳои дигари зарур барои ҷаҳонгардон, балки аз тарзи бархӯрди, дар назари ғарбиҳо, хеле дағалонаи маъмурони марзбониву гумруку пулис, “кӯлоҳгузорӣ”-и ширкатҳо ва бо ҳар баҳонае аз ҷаҳонгардон пул кандани мақомоти мухталиф аст.

Соли гузашта як сайёҳ аз Латвия ба Озодӣ шикоят кард, ки дар кӯҳистони Фону Зарафшон ҷангалбонҳо ҳам сари ҳар қадам посгоҳ гузошта, аз сайёҳон "ҷангалпулӣ" талаб мекунанд ва сайёҳ маҷбур аст, дар ҳар дидбонгоҳ, вобаста ба инсофи “ҷангалбон, аз 5 то 20 доллар ва он ҳам бидуни ягон санад “доля” супорад. Баъди чанд километр онҳоро бо айни талаби пули ҷангал дидбонгоҳи навбатӣ “пешвоз” мегирад. Мақомот ситондани ҳаққи ҷангал аз сайёҳонро қонунӣ хонданд, вале гуфтанд, ки он бояд танҳо як маротиба ва он ҳам ҳар сайёҳ тақрибан 5 сомонӣ рӯёнда шавад.

Ин дар ҳолест ки тамошои Тоҷикистон барои як сокини Аврупо чандон арзон нест. Барои мисол, ширкати чехии “Zajezdy Online” ду ҳафтаи сафар аз Прага ба кӯҳистони Фони Тоҷикистонро 39 990 крон, муодили 1600 доллар нарх мондааст, вале бидуни таъмини хӯроки сайёҳ. Ҳамин тавр, ширкати сайёҳии “C.E.N.” 16 рӯз “Гранд тур” ё “Сайёҳати бузург”-аш аз Прага ба Осиёи Марказиро, ки дар моҳҳои сентябру октябри соли равон бояд анҷом шавад, 88 110 крон, муодили 3700 доллар нарх кардааст. Ин дар ҳолест ки ду ҳафтаи истироҳати як аврупоӣ дар соҳили баҳр дар Туркия, Юнон, Миср ё дар ҷазираҳои Канар 5 маротиба аз ин арзонтар аст.

Фаридун Ҳамроев аз ширкати “Панҷакент Тур” мегӯяд, бунёди зербинои муосири туризм дар Тоҷикистон дар солҳои охир бо сохтани меҳмонхонаҳои 3 ва 4 –ситорадор дар пойтахт шурӯъ шудааст, вале барои он ки чунин шароит ва муҳимтар аз он, фарҳанги муносиби хидматрасонӣ ба сайёҳ дар саросари Тоҷикистон ҷо биуфтад, фурсати зиёде ҳанӯз дар пеш аст. Ҳамроев бозтар шудани марзҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рӯи сайёҳонро як омили дигари рушди ҷаҳонгардӣ дар минтақа медонад ва мегӯяд, барои мисол, боз кардани марзи чанд сол боз масдуди Панҷакент бо вилояти Самарқанд метавонист ҷӯи сайёҳон ба водии Зарафшонро ба сели азими муштоқони сафар ба ин минтақа табдил диҳад.

Тоҷикистон чандин сол боз талош дорад, то туризмро ба яке аз манбаъҳои муҳими даромадҳои иқтисодиаш табдил диҳад, вале камбуди шадиди зербинои ҷаҳонгардӣ, бахусус роҳҳову меҳмонхонаҳои муносиб дар масирҳои дӯстдоштаи сайёҳон, ки ба ин кишвар бештар барои тамошои зебоиҳои кӯҳистонаш сафар мекунанд, монеи иҷрои ин барномаи пуриддаои давлат шудааст.Омилҳои дигаре, ки монеи рушди ин соҳа мешаванд, набуди фарҳанги дурусти хидматрасонӣ ба сайёҳон ва ҳам хадамаҳои дигари лозиме, ба мисли ҳамон ҳоҷатхонаҳост.

Дар чунин шароит ду таассуроти мусбате, ки аксари мардуми сайёҳ аз Тоҷикистон мебаранд, яке меҳмоннавозии мардуми оддист ва дигаре – зебоиҳои кӯҳистони ин кишвар, ки бо вуҷуди ҳама камбуди шароиту “пулканӣ”-ҳо боз ҳам ҳазорон нафари шефтаи ин меҳмоннавозӣ ва ин табиати зеборо ба сӯи Тоҷикистон мекашад.