Чаро саёҳон аз омадан ба Тоҷикистон метарсанд?

Бархе аз масъулони ширкатҳои туристии Тоҷикистон мегӯянд, сайёҳони хориҷӣ ба ҳангоми сафар ба ин кишвар ва убур ба Афғонистон қабл аз ҳама кафолати амнияти худро мехоҳанд.
Асадшо Зоолшоев, раҳбари Ассосиатсияи сайёҳиву фарҳангии «Помир» мегӯяд, соли ҷорӣ ба ин ниҳод наздики 1000 нафар аз сайёҳони хориҷӣ барои гирифтани маълумот оид ба ҷойҳои таърихӣ ва рафъи мушкилот ба ҳангоми сафар ба ин минтақаи сайёҳӣ муроҷиат кардаанд.

Асадшо Зоолшоев гуфт, «бештари ин сайёҳон аз мо кафолтаи сафарро мепурсанд. Зеро онҳо дар баробари минтақаҳои диданӣ хоҳиши дидани бозорҳои байнисарҳадиро доранд. Дар ин росто баъзан вақт бо дидбонгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд меояд. Онҳоро барои гузаштан иҷозат намедиҳанд ва ё ягон монеаи дигар пеш меояд ва мо дар ҳамҷоягӣ бо ҳукумати вилоят кӯшиш мекунем сафари онҳоро осонтар ва бехатар намоем.»

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Зоолшоев, бо вуҷуди он, ки кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаи муҳими туристии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, вале монеаҳои бюрократӣ, ба хусус раводид ва талаби иҷозатномаҳои иловагӣ барои сафар, аз ҷумла барои дидани кӯли Сарез, сайёҳонро озурда ва барои ҷалби бештари онҳо мушкил эҷод мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Мирзоназар Мирзоев, раҳбари ширкати сайёҳии «Дидори Шарқ» мегӯяд, аксари ҷаҳонгардонро маҳз табиати нотакарор ва мавзеъҳои таърихии Помир ба худ мекашад.

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, ҳарчанд Тоҷикистон беҳтарин кишвар барои сайёҳӣ муаррифӣ мешавад, вале дар нисбати Қирғизистон омаду рафти саёҳон 5 маротиба камтар будааст. Ин мусоҳиби мо, ки 3 сол ба ин сӯ дар бозори туристии кишвар фаъолият мекунад, сабаби ба кундӣ пеш рафтани ин соҳаро ба мушкилот дар хадамот рабт медиҳад. Вай гуфт, «имсол ширкати мо 50 туристро қабул кард. Бештари онҳо майли тамошои Помирро доранд, алабатта онҳое низ ҳастанд, ки мехоҳанд аз водии Зарафшон дидан намоянд. Бо вуҷуди он, ки мардуми мо меҳмоннавоз аст, вале ба маҳзи рушд наёфтани хадамот дар ин замина соҳаи туризм дар сатҳи паст аст.»

Раҳбари ширкати «Дидори шарқ» афзуд бад будани роҳҳо дар Тоҷикистон баъзан ба нафъи кор низ будааст. Зеро ба нақли ин мусоҳиби мо бархе аз ҷаҳонгардон нақби Истиқлолро ҳамчун нақби «марг» лақаб гузоштаанд ва махсус барои дидани он меоянд. Вале дар умум ба таъкиди ҷаноби Мирзоев, барои ҷалби сайёҳоне, ки интихоби васеъ доранд, дар қадами аввал бояд ниёзашон бароварда шавад ва дар ин замина ҷойҳои ҷолибу меҳмонхонаҳои муосир барои онҳо муаррифӣ гардад.

Зимнан, масоили рушди ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистонро беш аз 80 ширкати хусусии туристӣ ва масъулони созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои муқими Душанбе дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе доир намуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Душанбе ҷалби ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон баҳс шуд




Фаттоҳ Файзуллоев, раҳбари Ассотсиатсияи созмонҳои туристии Тоҷикистон ва аз мубтакирони ин ҳамоиш бо ишора ба имконоти бузурги ин кишвар дар соҳаи туризм гуфт, феълан дар Тоҷикистон асосан ширкатҳои хусусии туристӣ фаъолият мебаранд. Ба гуфтаи вай, созмони онҳо барои муаррифии кори ширкатҳои мазкур ва ҷалби ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон, пайваста дар хориҷи кишвар намоишгоҳҳо доир мекардааст. Аз нигоҳи ҷаноби Файзуллоев, нархи баланди чиптаҳо ва меҳмонхонаҳо дар кишвар низ то андозае барои гурезондани саёҳон аз кишвар ва пайдо кардани заъф дар фаъолияти ин ширкатҳо боис шудааст.

Вай афзуд, «ҳоли ҳозир 22 ширкат дар ассосиатсияи мо шомиланд ва барои беҳтар кардани кори ин ширкатҳо мо бо масъулини меҳмонхонаҳо мулоқот доир кардем. Аз ҷумла раҳбарияти меҳмонхонаи Серена омода шуда, ки барои мизоҷони ин ширкатҳои туристӣ нархро то 37 дарсад поин барад. Ҳамингуна мо ният дорем барои бо шикартҳои "Сомон эйр" ва "Тоҷик эйр" низ дар ин замина гуфтушунид дошта бошем.»

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки тибқи омори расмӣ солона ҳудуди 200 000 сайёҳи хориҷӣ барои тамошо ба Тоҷикистон меоянд. Ҳамчунин Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, зери унвони “Рақобат дар соҳаи сайёҳату ҷаҳонгардӣ-2013” Тоҷикистонро дар раддабандии худ дар мақоми 114-ум қарор додааст. Дар раддабандии соли пеш Тоҷикистон дар зинаи 118-ум қарор дошт.

Ҳамзамон, 93 дар сади манотиқи Тоҷикистон куҳистонӣ аст ва беҳтарин кишвар барои сайёҳӣ муаррифӣ мешавад, аммо ба далели мушкилот дар хадамот ва имконоти инфрасохторӣ, то ҳанӯз ин ришта рушди чандоне накардааст.